Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани III-юмин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон

515

10-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон мебошад ва аз соли 1950 бо пешниҳоди СММ (резолютсияи № 423 (V)) ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Маҳз ҳамин рӯз дар соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул карда буд. Ҳоло матни Декларатсия бо беш аз 500 забону лаҳҷаи дунё тарҷума шудааст.
Ба ин муносибат ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ки дар он барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Бинобар ин, санаи 10-уми декабри соли 2020 чун анъана дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон III-юмин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони соҳаи ҳуқуқшиносии ватанӣ, ҳамчунин олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, муассисаҳои системаи ВКД Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон (бо шакли ғойибона), олимон ва профессорону омӯзгорони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковнии милитсия З.А. Саидзода қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки эълон доштани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр дар моддаи якуми Конститутчияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зандагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ҳамчунин, дар шакли он-лайн сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б.Бейсенови дар ш.Караганда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Дарменов Акынкали Даутбаевич баромад намуда, иброз карди, ки ҳуқуқи инсон – ин муҳимтарин сифатҳои шахсият аст, ки барои инкишофи озодии вай ҳамчун инсон шароит муҳайё мекунад». Барои ин, давлатҳои муосир ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро боя пос доранд.

516517

Дар охир ҳарду роҳбар ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, умед иброз намудаанд, ки дар рафти он масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, ҷиҳати рушди ҳуқуқи инсон таклиф ва пешниҳодҳои судманд манзур карда мешаванд.
Дар конференсия муҳокимаи нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон; муҳимияти таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон; стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон; ҳолати муосири сиёсати давлативу ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқи инсон; масъалаҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кӯдакон, маъюбон, гурезагон, муҳоҷирони меҳнатӣ дар илм ва амалияи ҳуқуқи инсон; механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон: проблема ва дурнамои он; нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон ва ғайра баррасӣ шуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...