Оид ба баъзе сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо
Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу ривияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодҳои динӣ амалкунанда, ки имрӯз аз ҷониби аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад, ин сепаратизм, радикализм, фундаментализм, экстремизм ва терроризм бо ном «Давлати исломӣ» мебошад, ки дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳамчун равияҳои тундрав шинохта шудаанд.
Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ, истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.
Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд.
Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамуд месозад ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристад.
Одатан бархе аз ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» (таъбири файласуфи англис Ҷон Локк) тозаю покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва аз баски ҷавонон сахт ҳассосанд (чун хунашон дар ҷӯш аст) бегумон шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷӯёни Худо» дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда ба «биҳишт»-ӣ вадагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли зудбовари ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушахассоти кории хадамоти махсус маҳсуб меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба пайравони гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо ба ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан-Модар» ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардааст. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. яъне ӯ бевосита дар муқобили давлати худ бар зидди Ватани худ ва дар душман бар миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ ба тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!
Сабабу омилҳои гароиши бо суръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён зиёд аст таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини ислом коҳиши асосҳои ахлоқӣ, бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ, аз ҷумла омилҳои рушди ин раванд будааст.
Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки нақши муҳимро дар ин ҷо назарияи ҷаҳонишавӣ пешниҳоде аз ҷониби намояндагони тамаддуни Fарб ба оламиён аст, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ акнун хеле ошкору васеъ барои аз байн бурдани марзҳои сиёсӣ, идорӣ ва тағйири ҷуғрофии кишварҳо истифода мешавад.
Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия боиси афзоиши шумораи фарзандони дур аз назорат шудааст, ки дар оянда эҳтимоли зиёд шудани ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунанд. Аз тарафи дигар он ҷавононе, ки дар тули зиндагии худ шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, метавонанд, озодона ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Ироқу Сурия раванд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки доми террористҳо бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаи интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои ҷалби ҷавонони минтақаҳои Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад.
Ҳамзамон омили дигаре, ки гурӯҳҳои тундгарои исломӣ аз он ба таври васеъ истифода мебаранд, ин муҳоҷирати танзимнашудаи ҷавонони тоҷик ба Россия мебошад, зеро дар ин кишвар ҷавонони тоҷик, ки синни аксарияташон аз 18 то 30 аст, бо роҳҳои гуногун фирефтаи макру ҳиллаи эмиссарҳо мегарданд, равона созанд.
То ҷое мусаллам аст, дар Россия баъзе аз гурӯҳҳои тундгарои исломӣ ва ифротӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо асосан аз ҳисоби намояндагони мардумони қафқозӣ созмон дода шудаанд ва ин гурӯҳҳо ҷавононеро фирефтаи худ мегардонанд, ки онҳо аз лиҳози ахлоқӣ, ақидавӣ заиф буда, зудбоваранд, аз маърифати исломӣ садҳо фарсах дуранд ва иродаи қавӣ надоранд. Ин ҷавонони гумроҳ минбаъд ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ кашида мешаванд.
Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин зуҳуроти манфӣ Хадамоти муҳоҷирати кишвар ва Шӯрои уламоро лозим аст, ки фаъолияти худро тақият бахшида, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчи бештар вохӯрию сӯҳбатҳо бо ҷавонон анҷом диҳанд. Ҳамчунин ташаккул ва тақвият додани идеологияи миллӣ, ки асоси онро сулҳ ва ваҳдати миллӣ ташкил менамояд, яке аз омилҳои муҳими ҷилавгирии ҷавонон ва гаравидан ба гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ шуда метавонад.
Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротию тунгарои исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию, иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва коррупсия вобаста мебошад.
Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро туъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати дунявӣ ва исломӣ ё бесаводии динӣ, яъне надонистани асолатӣ дини мубини ислом тавассути хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии исломии мардум нигаронида шуда, дар онҳо ғараз ниҳон аст.
Ҳамзамон ба андешаи таҳлигарони Маркази тадқиқоти стратегии кишвар мавҷудияти омилҳои марзӣ ҳам яке аз зарфиятҳои пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои тундгаро маҳсуб меёбад, Тоҷикистон бо давлати исломии Афғонистон 1400 км марзи давлатӣ дошта баъзе аз зуҳуроти хатарафзо маҳз аз убур намудани марзи давлатӣ сурат мегирад.
Марзбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ содиқона хизмат намуда, ҳушёриро аз даст намедиҳанд, ки дигар аъзои гурӯҳҳои ифротӣ марзро убур карда, вориди кишвари мо гарданд.
Тамоюл ва гароиши баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳо боиси ихтилоф, тафриқа ва нооромии ҷомеа мегардад. Дар ин ҷо тарбияи дурусти динии фарзандон дар айёми наврасӣ ва ҷавонӣ бисёр муҳим аст. Агар дар ҳамин давра маълумоти лозим ва дурусти динӣ ба онҳо дода нашавад, эътиқоди онҳо имкон дорад ноқис монад. Натиҷа чунин мешавад, ки ҳар як инсон ё гурӯҳи ғаразнок ба гуфтани чанд ҷумлаи зебо дар зоҳир онҳоро фиреб диҳанд.
Мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳҳою созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.
Аммо таҳлилгарона мегӯем, ки омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ин: надоштани саводи кофӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва моил шудан ба фиреби ифротиёни дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд. Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳанатӣ қарор доранд бештар ба доми фиреби ин ҳизбу ҳаракатҳои нопок афтода ба давлатҳои Ироқу Шом интиқол мешаванд, ки боиси ҳалок шудани онҳо ва ранҷурии пайвандон мегарданд.
Омили дигар бевосита ин паҳнои интернетист. Маҳз аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Фейсбук» ва амсоли ин метавон ба осонӣ оид ба Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва марому мақсади он ошно шуд. Муболиғони иттиҳодияҳои террористӣ паҳнои интернетиро ба беҳтарин усули таблиғи ҷавонон табдил додаанд.
Омили сеюм ин, анъана ва суннати бегонапарастии мардуми мо мебошад, ки имрӯз ба ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид гаштааст, ин ҳам бошад фаромӯшӣ аз фарҳангу ниёгони мо дарак медиҳад. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонон тақлид аз расму русуми бегона мекунанд, ки боиси таассуф аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид ба амал меоранд, ки фарҳанги бегонаро паҳн накунед, фарҳанги миллии тоҷикиро баланд бардошта истифода намоед, чунки мо тоҷикон аз азал миллати бофарҳангем.
Хонандаи азизу гиромиқадр, имрӯз ҷавонони кишвар ба талқини дурусти ақоиди таҳаммулпазири мазҳаби оламшумули «Ҳанафӣ» ва дуруст фаҳмонидани дастуру супоришҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ниёз доранд. Аз дастаҷамъона ва саривақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ояндаи имрӯзу фардои кишвари азизамон вобаста аст, зеро бархе аз ҷавонони кӯтоҳандешу камсаводи мо фирефтаи ақоиди ифротии эмисарони хориҷӣ гардида, бо дасти худ ба решаи хеш теша мезананд. Онҳо рӯз то рӯз аз фарҳанги оламшумули миллати хеш ва таъриху суннатҳои аҷдодӣ рӯ гардонида, бегонапараст шудаанд. Аз Ватану миллат, ки хуни нофашон дар он ҷо рехта, ширу нони гарми модари тоҷикро хӯрдаанд, дар як лаҳзаи кӯтоҳ домангир шуда, ба сари онҳо мушт ранҷа кардаанд .
Дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ Ватан аз ҳар як фарзанди сарсупурдаи худ тақозо менамояд, ки ба хотири имрӯзу фардои миллат, ояндаи фарзандону наберагон ва зиндаву ҷовид нигоҳ доштани рӯҳу арвоҳи ниёгони худ Ватан-Модарро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя намоем, дӯст дорем ва агар лозим шавад ҷони худро баҳри амнияташ нисор созем.
Ҳамин тариқ, барои муқовимат кардан ба идеологияи экстремистӣ ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба андешаи мо мебояд чунин чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд:
1. Сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои телевизионии фаромиллие, ки экстремизмро тарғибу ташвиқ менамоянд, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ саривақт муайян карда шуда, механизми маҳдуд кардани пахши онҳо коркард карда шавад;
2. Ягона роҳи наҷоти ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ ин рӯ овардан ба адабиёт ва фарҳанги оламшумули миллати тоҷик, содиқ будан ба Ватан, сиёсати пешгирифтаи давлат ва мазҳаби оламшумули Имоми Аъзам Абуҳанифа аст. Ашхосе,ки таърихи гузаштагон ва мазҳаби мову шуморо мунтазам мавриди танқиду мазаммат қарор медиҳад, аз ӯ канораҷӯӣ карда, дар мавриди мусоид ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ муроҷиат намудан иқдоми самарабахш мебошад;
3. Дар асоси талаботи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 вобаста ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон коркард ва мавриди амал қарор додани «Нақшаи муштараки солонаи фаъолияти тамоми мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм» мувофиқи мақсад мебошад;
4. Аз тарафи комиссияи салоҳиятдор муайян намудани механизми дуруст ва самараноки дар байни аҳолӣ паҳн намудани иттилооти зарурӣ дар бораи хавфи экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, иқдоми манфиатпазир аст;
5. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва макотиби олӣ ҷорӣ намудани фанни махсуси таълимӣ оид ба муқовимат намудан ба идеологияи экстремистӣ манфиатбахш мебошад;
6. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷалбшавии шаҳрвандони Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, дар ҳудуди Федератсия Россия бо мақомоти салоҳиятдори ин кишвар ва диаспораҳои тоҷикон вусъат бахшидани ҳамкории тамоми мақомоти салоҳиятдори давлатӣ аз аҳамият холӣ нест;
7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тавсия дода мешавад, ки бо таври мунтазам шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонони осебпазирро дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян намуда, дар байни онҳо механизми дурусти корҳои фаҳмондаиҳиро роҳандозӣ намоянд.
Тоҷиддинзода Н.Т.,
сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия