Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳамияти НБО «Роғун» барои инкишофи некӯаҳволии мардуми тоҷик

464

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст».
Шиносоии бевоситаи Сарвари давлат ба рафти корҳои сохтмонӣ ва мулоқоти судманадашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. НБО «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест фарди тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошад.
Камбудии барқ аз мушкилиҳои аслӣ барои Тоҷикистон дар даврони солҳои аввали Истиқлолият ба шумор мерафт. Мардуми Тоҷикистон солҳо аз ин мушкилӣ азият мекашанд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст. Нуқтаи авҷи ин мушкил ба соли 2008 бар мегардад, ки аксари мардум дар Тоҷикистон дар сардтарин рӯзҳои зимистон бидуни барқ монданд. Дар он солҳо ҳатто беморхонаҳои Тоҷикистон нерӯи барқ надоштанд. Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшида аст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Халқ зарурияти «Роғун»-ро хело хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишод дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард. Баъди ба истифода додани нирӯгоҳ корхонаҳоеро, ки бо сабаби набудани барқ имконияти фаъолият карданро надоштанд, ба истифода хоҳанд дод.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар сохтмони НБО «Роғун» зиёда аз 20 ҳазор нафар сокинони кишвар фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо бонувон мебошанд. Онҳо ифтихорманд ҳастанд, ки дар бунёди чунин иншооти таърихии гидроэнергетикӣ иштирок менамоянд. Дар нерӯгоҳи «Роғун» беш аз 50 ширкати маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои итолиявӣ, русӣ ва чинӣ кор мекунанд. Иқтисоди Тоҷикистон бахусус соҳаи истихроҷи маъданҳои куҳӣ ба нерӯи барқи зиёд ниёз дорад ва бунёди “Роғун” барои кишвар хеле муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштанд, ки: «Неругоҳи Роғун бояд ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа ҳизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад»
Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти бузурги энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки ояндаи наздик дар кишварамон истиқлолияти комили энергетикиро таъмин менамояд ва он дар ҷаҳон яке аз пуриқтидортарин иншоот ба ҳисоб меравад. Ин манбаи нурро мо аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи Истиқлолият дар зарфи чандин солҳо ва мушкилиҳо ба анҷом расонида, яке аз объектҳои стратегӣ ва асосии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон дар ин иншооти бузург назир надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон иброз дошотанд ривоҷ додани корҳо ҷиҳати таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат ҳангоми савгандёдкуниашон изҳор доштанд, ки: «Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем».
Дар ин замина Роҳбари давлат хосатан қайд намуданд, ки «Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад. Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди «иқтисоди сабз» заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад».
Мусаллам аст, ки кишвари маҳбуби мо солҳои охир дар самти зикршуда бо дастгирии бевосита ва сиёсати дурандешонаи сардори давлат натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки муҳтарам Пешвои муаззами миллат борҳо аз рафти корҳо дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун шиносои намуда, мунтазам бо бунёдкорони ин иншооти азими аср мулоқот намудаанд. Аз ҷумла 14 октябри соли равон Пешвои муаззами миллат ҳангоми суханронӣ бо бунёдкорони ин иншооти бузург бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аз таърихи ба кор андохтани агерагатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳ, ки он қадар вақти тӯлонӣ нагузаштааст, то имрӯз, аллакай 1,7 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Инак эътимоди комил пайдо шуд, ки мо тавонистем монеаи бузурги рушди мамлакат – норасоии барқро бартараф намоем ва андешаву назари муғризонаи душманони миллату ватанамонро, ки ҳалли ин мушкилотро ғайриимкон мешумориданд, ботил созем.
Тӯли зиёда аз бисту нӯҳ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Туфайли бунёди ду агрегати «Роғун» мамлакати мо аз бӯҳрони энергетикӣ раҳоӣ ёфт. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ ва бунёди чунин як неругоҳи тақдирсоз мебошад.
Фахридинзода Ҳ.С., омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...