Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - ягона механизми устувори таъмини амнияти ҷомеа ва давлат

463(Андешаҳо бахшида ба соли омӯзиши ФОҶ)

Вақте, ки мо дар бораи фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суханро оғоз менамоем, бояд як чизи муҳимро ба инобат гирем, ки ин предмети дарсӣ бо таври фишурда аз тарафи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ то ба имрӯз ба 4-қисм тақсим шуда ва пешкаши истифодабарандагон дар истифода қарор дорад. Аммо вақто, ки гап дар бораи фанни ФОҶ меравад мо на бояд ба ҳамон 4 қисм, ки дар истифода қарор дорад, таваҷҷуҳ кунему халос, гар чанде, ки ҳама он мавзӯъҳо ва масъалаҳои лозимӣ барои пешбурд ва амалӣ сохтани ФОҶ ва гузаронидани ЧОҶ омадааст, балки болотар аз он ба таърихи ФОҶ назар афкандан зарур аст. Чунки имрӯзҳо олимони ҷавон ва мутахассисони соҳа ба чунин ақидае ҳастанд, ки фанни ФОҶ-ро ба соҳаи илм ворид кардан басо ба маврид аст. Ҳол он, ки омӯзиши ин фан ва истифодаи васеи ин предмети дарсӣ кайҳо ба соҳаи илм ворид гаштааст. Дар ин бора тадқиқотҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дарак медиҳад.
Агар мо дар ин ҷо гӯем, ки ҳатман барои ворид кардани фанни дарсии ФОҶ дар соҳаи илм вобаста ба меҳнату заҳматҳои олимон ва мутахассисон соҳа мебошад, ин албатта дуруст ҳаст, ки қисми умумии он дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва ДСТР дарс дода мешавад. Лекин ба ғайр аз ин ҳам, он ҳама хусусиятҳои таърихи қадимаи ин фан метавонад, ки дар бораи дигар фанҳои ҳуқуқӣ ба соҳаи илм ворид гардад. Баъди шунидани чунин духӯрагиҳо муаллиф тасмим гирифтааст, ки исботи таърихи илми ФОҶ-ро бо далелҳо рӯи қоғаз биёрад ва аз он болотар қадимӣ будан ва ҳамчун илм фаъолият кардани ФОҶ-ро пеш аз таърихи пайдоиши дигар соҳаҳои илмҳои гуногун исбот созад.
Агар мо ба таърихи дилхоҳ илмҳои ҳуқуқӣ ва соҳавӣ назар афканем дар натиҷаи пайдоиши давлату давлатдорӣ ва ба ячейкаҳои алоҳида гузаштан ва ҳато аз зери истисмору мустамликаҳо озод шудан оҳиста-оҳиста шуури одамон тараққӣ ёфта, аз сифр то ба дараҷаи ғайриқаноатбахш ва то ба қаноатбахш ва ба сатҳи аъло расиданд, ки ин хулосаҳо натиҷаи кушодани мактабу институтҳоро оид ҳар як фаъолияти иҷтимоӣ ва тайёр кардани мутахассисону олимони соҳа водор сохт. Мисол ҷамъоварии андоз ё боҷ дар дунёи қадим ва аз он ҳам пештар, ки то ба замони мо дар ин раванди иҷтимоие, ки байни мардум ва сиёсати давлатдорӣ дар тамоми дунё буд ҳаст ва мемонад. Аз зинаҳои аввали сохторҳои давлатдории дунё, ки аз сохти ғулому ғуломдорӣ ба феодалӣ, буржуазӣ ва то ба имрӯз ки дар асри 21 сохтори давлатдориҳои гуногун дар дунё амал мекунад ин соҳаро ба низом дароварда барои кору фаъолияти инсоният дар як меъёри муайяне қарор доранд, ки қобили қабули ҳама субъектон бошад, ки ин албатта вобаста ба қонунгузорӣ аст.
Дар баҳсҳои илмиву Шӯрои олимон аксаран барои эътироф кардани дилхоҳ предмети дарсӣ ё ин, ки фанни дарсиро ба соҳаи алоҳидаи илм ворид сохтан аввал чизе, ки ба назар мегиранд, ин қадимӣ будан ва воқеаҳои таърихӣ доштани ҳамон фанни дарсӣ мебошад.
Албатта тамоми илмҳо соҳаҳои гуногуни дунё аз илми фалсафа (ҳикмат) сарчашма гирифта баъд бо мурури замон оҳиста-оҳиста ба соҳаҳои алоҳида мустақил мешаванд, ки алоқаи марҳилаи мустақилият ва ба соҳаи илм ворид шуданро мефаҳмонад.
Аз ҳамин сабаб вақте, ки ба таърихи ду се ҳазор сола ва бештар аз он ҳам, ки таваҷҷуҳ намоем нақши асосӣ ва мавқеи хоси ин фан ва фаъолияти ин фанро ба пурагӣ мушоҳида менамоем аз қаҳрамониҳои Шерак, Спитамен ва дигарон шаҳодат медиҳад. Гарчанде ки дар он замонҳо истифода ва таҷрибаи одамон ва давлатдорон на он қадар тараққӣ карда буд, аммо вобаста ба шароити он вақта дилхоҳ давлатҳои дунё ин фаъолиятро истифода мекарданд, ки ин яке аз далелҳои ба соҳаи илм ворид гаштани фанни ФОҶ-ро нишон медиҳад.
Бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдан ва ё пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо дар ҳама асру замон гузариш ва сохти ҳокимияти дилхоҳ давлат метавонад каму беш фарқкунанда бошад ва ба ҳар ҳол аз масъалаҳои ислоҳшуда ва ба танзимдароварда шудаи дилхоҳ давлат ба ҳисоб мераванд, ки албатта яку якбора онҳо ба осонӣ ба даст намеояд. Ин заҳмати амалӣ ва назариявиро дар самти ФОҶ тақозо менамояд.
Вализода Сафархон Амирхон, муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД ҶТ, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...