Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми корманди оперативӣ дар таъмини амну суботи ҷомеа

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, хушбахтона муддати 29-сол аст, ки арзи ҳастӣ дорад. Академияи Вазорати корҳои дохилиро бидуни шубҳа метавон боргоҳи низому маърифат ва ягона маркази омода намудани кадрҳои миллӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

Қайд намудан лозим аст, ки сохта ва ба истифода додани бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, далели эҳтироми баланди Ҳукумати кишвар ва пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва таъсиси факултети №6, барои омода намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дигар дастовардҳои назаррас мебошад.
Фаъолияти кормандони оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, алалхусус муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки нигоҳи созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳа доранд, барои мо курсантон мояи ифтихор буда, далели таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои имрӯзу ояндаи кишвар дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Мавриди қайд аст, ки дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад. Имсол дар Рӯзи дониш Вазири корҳои дохилӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои хуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД «Соли омӯзиши ФОҶ» эълон намуд, ки дар омӯзиши ин фанни муҳим такони нав бахшид.
Эҳтимол ягон чунин касб вуҷуд надошта бошад, ки дар бораи кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ он қадар афсона ва овозаҳо ба вуҷуд орад. Меҳнати ҳаррӯзаи онҳо пур аз хавфу хатар аст. Калиди иҷрои бомуваффақияти вазифаҳое, ки дар назди шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ қарор доранд, анъанаҳои муносибати софдилона, содиқона ва касбии онҳо мебошанд, ки дар тӯли солҳо ташаккул ёфтаанд.
Решаҳои таърихии худи хидмат ба ибтидои асри гузашта бармегардад. Асоси ҳуқуқии таъсиси шуъбаи кофтукови ҷиноятии Россия каме пас аз Инқилоби Октябр ташаккул ёфт. 5 октябри соли 1918 Коллегияи Комиссариати Халқии корҳои дохилии РСФСР дар бораи таъсиси Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ дар ҳайати Сарраёсати милитсия бо ҷузъу томҳои тобеи он қарор қабул кард. Дар тӯли ин ҳама солҳо шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ пеш аз ҳама, манфиатҳои одамонро ҳимоя карда, дар кори пешгирӣ ва ифшои ҷиноятҳо ҷойгоҳи мувофиқи худро ишғол мекунад.
Собиқадорони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ сазовори миннатдории самимӣ мебошанд. Таҷрибаи андӯхтаи онҳо асоси хизмат гардид. Одамоне, ки дар ибтидои тафтишоти ҷиноятӣ қарор доранд, сазовори эҳтиром ва миннатдории пайравонашон мебошанд.
Маҳорати олии касбӣ, фарҳанги кор бо шаҳрвандон, истеъдоди таҳлилӣ - ҳамаи ин ба онҳо имкон медиҳад, ки аз дуэли ҷинояткорӣ ғолиб бароянд. Корманди оперативӣ ин шахсест, ки ба кори оперативӣ салоҳият дорад, аз ҳамаи ҳолату вазъияте, ки дар минтақаи кории ӯ ба вуқӯъ меояд, бохабар аст ҳушёр, зирак, чолоку доно мебошад ва метавонад ҳангоми дарёфт намудани иттилоти аҳамияти оперативидошта фавран қарори дуруст қабул намояд. Дар айни замон, дар шуъбаи кофтукови ҷиноятии шаҳри Душанбе мутахассисоне кор мекунанд, ки қобилияти кушодани ҷиноятҳои мураккабро доранд.
Тавре, ки устод Ниҳонӣ фармудааст:
Замоне кори фаврӣ дар амал ҷиддӣ намоён гашт,
Гурӯҳи муттаҳидшакли ҷиноятгар парешон гашт.
Агар ноошкору ноаён ҷурме шавад содир,
Фузун тарзу усули кори пинҳонӣ дучандон гашт.

Ниҳонкорӣ усулу чораҳои ноаён дорад,
Чу «чашм»-у «гӯш» пинҳон қувваҳо андар миён дорад.
Гирифта пеши роҳи сӯиқасди фошу пӯшида,
Аёну ногаҳон, бин, ҳиллаҳои бегумон дорад.
Далел овардан ин ҳатмист ҳангоми ниҳонкорӣ,
Ба садҳо ҳилабандӣ, бо ривоятҳои даркорӣ.
Ба кори ҷустуҷӯӣ бо усулу роҳу восита
Ҷинояткор маҳбас мешавад, исбот агар дорӣ.

Аз он вақте, ки шуд фаъол кори ғайбу пинҳонӣ,
Нуҳуфта кай бувад кирдори номатлуби инсонӣ.
Ниҳонӣ нисфи осор ошкорову аён бинвишт
Ва дуввум қисм махфӣ монд чун асрори навгонӣ.

462Исозода С.И.,

курсанти курси 3-и факултети

№ 2, Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...