Пешвоёни фидокор
Роҳбаре, ки умри хешро вақфи озодии инсонҳо кардааст, дар рӯзҳое ки фасоду ситам бар рӯйи курраи хокӣ ҳукумат мекунад, мояи дилгармӣ ва умеде барои ранҷбарони адолат аст. Сиёсат бешак аз муҳимтарин рӯзгори инсонҳо буда, интихоби роҳбари ҷомеа муҳимтарин муаммои ин сиёсат аст. Перомуни чигунагии роҳбар аз замонҳои хеле дур донишмандон назарияи худро баён дошта, Зардушту Ҳамураппӣ, Конфутсиву Афлотун, Арастуву Диоген пешдомони назарияпардозӣ дар ин заминаанд. Ҷонфидоӣ аз баҳри раият муҳимтарин шарти накуномиву мондагории як роҳбар дар хотири инсонҳост. Конфутсий дувуним ҳазор сол пеш гуфта буд: «ҳатто инсони ҷоҳталаб ҳам агар худро назди мардум масъул донад ва ҳангоми хатар қодир ба қурбонӣ буда, ба савганди додааш содиқ монад, чунин шахсро метавон комил номид». Ин ҳакими чинӣ дар мавриди дигар донишмандиву пойбанд будан ба суннатҳои мардумӣ ва яксон дӯст доштани тамоми гӯшаву канори кишвар ва ба як чашм нигаристани мардумони онро аз вежагиҳои як сарвари ҷонфидо меҳисобад.
Дар нахустин рӯзҳои ҷанги Олмону Шӯравӣ писари роҳбари шӯравӣ майор Яков Чугашвилӣ ихтиёран ба ҷабҳа рафт, вале чун ҳазорон афсару сарбози шӯравӣ қурбонии нодониву бесалоҳиятии генералҳои замони ҷанг шуд ва ба асорати олмониҳо даромад. Сталин бар хилофи қонунҳои
инсодӯстиву меъёрҳои байналмилалӣ нисбат ба миллионҳо асири Шӯравӣ иброз медошт, ки «мо асири ҳарбӣ надорем, онҳо хиёнаткоронанд». Аз ин рӯ, ҳангоме ки аз штаби низомии Олмон пешниҳод доир ба иваз кардани Яков бо генерали ба асорат афтодани немис Паулиус садо дод, роҳбари Шӯравӣ бо ҳама ҷиддияти ба ӯ хос баён дошт, ки «мо майорро бо генерал мубодила намекунем» ва фарзанди худро қурбонӣ кард, қурбоние, ки ба кишвар пирӯзӣ ва ба ин роҳбар маҳбубият овард.
Маҳатма Гандӣ (1869-1948) симои беназири таърихи башарист. Ӯ ҳамонест, ки аз пахта нах ва аз нах матоъ сохта, аз он пироҳане ба тан мекард. Вай ба хотири озодии мардуми Ҳиндустон аз чанголи истисмори англис ранҷу ғурбатро таҳаммул намуд ва бо идеяи сатиграҳа, яъне муқовимати осоишта мардуми тамоми нимҷазираи Ҳиндустонро ба по хезонд. Гандӣ мухолифи зуроварӣ, нобаробарии табақавӣ (каставӣ) ва ихтилофи мазҳабӣ буд. Фидокориву покии ӯро дида, Робиндранат Тагор ба ӯ унвони ифтихории «Маҳатма – рӯҳи бузург»-ро нисбат дод, вале Гандии фурӯтан худро сазовори ин лақаб намедонист. Муборизаи Гандӣ саранҷом муваффақона ҷамъбаст гардида, ба озодии Ҳиндустон мунҷар шуд. Агар нахуст вазири машҳури Британия Черчилл, ки аз рақибони Гандӣ буд, ӯро дар давраи худ «фақире нимбараҳна» гӯяд, мардуми Британия соли 2000-ум дар як пурсишномае Гандиро «инсони ҳазорсола» номидаанд.
Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайан намудаанд. Масалан, давлатдории Амрикои демократӣ ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд.
Шукрона аз он мекунем, ки мо ҳам фарзандони халқи тамаддунофари тоҷик соҳиби як Пешвои арзандаи миллат ҳастем. Дар ҳақиқат фарзанди фарзонаи миллат, Эмомалӣ Раҳмон арзандаи чунин ҷойгоҳро сазовор аст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги амонӣ ва сипосу арҷгузорӣ ба заҳматҳои фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист миллати парешону ҷангзадаро сарҷамъ созад, мамлакатро аз вартаи ҷанг ва ҳалокат алайҳи ниятҳои бадхоҳон раҳонад. Аз нахустин рӯзҳои интихоб гардиданашон ба мақоми Сарвари давлат гуфтаанд, ки ҷонашонро барои ин миллат дареғ намедоранд, фирориёнро бар Ватан бар мегардонанд. Забону дилашон як будаанд. Барои сулҳу ваҳдату якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ ҷонашонро дареғ надоштаанд.
Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешво ё Лидерӣ ягонаи миллӣ гашт. Пас ҳифзи корномаи беназири Пешвои миллат ва эҳтиром гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Раҳматзода Султонбӣ, муаллимаи калони кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии ДМТ.