Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ
(Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ )
Бояд ёдовар шуд, ки ифтихори ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму фарҳанг, метавон марҳилаи дурахшону пурифтихореро арзёбӣ намуд. Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати абармардони ватандӯсти тоҷик мартабаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло рафта, ҳамеша парчамаш парафшон аст.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, муҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат, ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.
Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.
Дар таърихи тоҷикон «Дирафши Ковиён» мақоми махсус дорад. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ бо номҳои «Дирафши Ковиён» ва «Ахтари Ковиён» баён гардидааст. Дирафши Ковиён дар рафти шӯриши адолатхоҳон, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шӯришро Коваи Оҳангар сардорӣ намуда, тахти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Зери ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Бо ин мақсад Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»-ро муқаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунҷи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Ковиён» номгузорӣ шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъдаи шоҳони ин миллати бо фарҳанг интиқол ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ, давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад. 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ - сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ тасдиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Ранги сурх дар Парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам, инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.
Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам, чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол дида мешуд, ки сипаҳсолорон лашкарро ба майдони ҳарб мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ, парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст. Ҳангоми амалиёти ҳарбӣ парчам чун рамз ва нишони озодӣ, далерӣ, нангу номус ва шараф ҳифз ва эҳтиёт карда мешуд. Агар лашкар дар муҳориба шикаст хӯрад, парчами худро аз даст диҳад – чун нишони нанговару шармовар, он қисми ҳарбӣ пароканда ва сарбозонаш ба қисмҳои дигар интиқол дода мешуд.
Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон эътироф гардидааст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони Парчам» номгузорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносанд. Рамзҳо, мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ, аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.
Гадозода М.Д., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.