Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбия намудани ҷавонон бар асоси панду ҳикмати бузургон

6Мо устодон, ки ҳама ба таълими дониш машғул ҳастем ва дар раванди он пайваста ба тарбияи донишомӯзон (курсантон) машғул мешавем, бояд кӯшиш намоем то ба донишҷуён (курсантон) масъалаҳои муҳими зиндагии инсонро бифаҳмонем ва бо кадом мақсад зиндагӣ менамоем. Агар мо сарфаҳми моҳияти зиндагиро наравем ва танҳо барои “худ” зиндагӣ намоем пас фарқ байни мову олами вуҳуш намемонад. Дар зиндагӣ ҳамеша бикӯшем ба дигарон хидмат намоем то аз зиндагии инсоният бохабар шавем. Дарки моҳияти зиндагиро метавон танҳо дар натиҷаи омӯзиш ва аз бар кардани арзишҳо аз таҷрибаи чандинҳазорсолаи инсоният, ки дар ибтидо дар ривоятҳои асотирӣ ва баъдан дар китобҳои муқаддаси динӣ гирд оварда шудаанд, яъне дар каломи худовандӣ низ инъикос ёфтаанд ва ҳамчунин файласуфон, донишманду хирадмандони гузаштаву ҳозира, ки дар асоси онҳо панду ҳикмати зиндагӣ меофаранд, ташакул меёбад. Сабаби костагии тарбияти ҷавонон ба шахсияти онҳо алоқамандие надорад. Воқеият ин аст, ки дар тарбияти онҳо худи мо устодон ва падару модарон саҳланкори менамоем ва аз ин фурсат онҳо хуб истифода намуда тарбияти дуруст намегиранд, нодуруст тарбият гирифтани онҳо ин аз оила сарчашма мегирад ва беҳуда нагуфтаанд:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Меъмори асоси дар тарбияти ҷавонон ин падару модари онҳо, баъдан мо омӯзгорон ҳастем. Мо омӯзгоронро мебояд дар раванди дарс аз ҳад зиёд зиндагии сипари шудаамонро дар муқоиса ба зиндагии имрузаи ҷавонон афзалият набахшем, воқеъбин бошем то сухани мегуфтаамон ба шогирдон таъсир расонида тавонад. Яъне худро ҳамду сано ва шогирдонро пастзаниву маломат накунем, воқеият чизе ҳаст ҳамонро мебояд таҳлил карда ба шогирдон расонид, зеро таҳлил кардани воқеияти гузаштаву ҳозира ба шогирдон таъсири бештар расониданаш мумкин аст, ки он маҳсули бештар ба бор оварад.
Тарбият ва ба донишомузӣ ҷалб намудани донишомӯзон роҳҳои бисёре ба худ хосро дорад ва яке аз онҳо ин ба воситаи панду андарзи бузургон ва меъёрҳои динию дунявӣ мебошад.
Вазифаи асосии донишҷуён (курсантон) ин аз бар кардани илм аст. Дар ин бора аз бузургонамон панду ҳикматҳои бисёре ба мо боқӣ монда аст, ки дар раванди тарбия ба онҳо метавон такя намуд. Чунончи гуфтани чанд мисра шеър ва ё ягон гуфторҳои маънавӣ аз мутафаккирон таваҷҷуҳи шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Масалан, гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсиро мегирем:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Ин гуфтаҳо метавонад донишомӯзон (курсантон) –ро ба омухтани илм ҷалб намояд. Дар роҳи дуруст ва ҳарчи бештар ба омузиши илмҳои гуногуни соҳавӣ ҳавасманд гардонад. Устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар бораи бузургии илму дониш чунин нуктаро дарҷ намудааст, ки шунавандаро метавонад барои аз бар намудани илму дониш ҳавасманд гардонад:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!
Дар ин мисраи шеърӣ ишора бар он меравад, ки тавоноии инсон ба дониши ӯ будааст ва ҳар роҳи торике дар пеши чашми шахси донишманд вуҷуд дошта бошад чун чароғ равшан мебошад ва ҳамчун ҷавшан аз ҳама бархурдҳои бадбинон бо он, муҳофизат мекунад. Хирад бе дониш низ ташаккул намеёбад ва ҳар, ки бар асоси дониш хирадманд гардад дар зиндагии ӯ тамоми дарҳо кушода, дили он орому осуда аст.
Назаре меандозем ба ашъори устод Саъдии Шерозӣ, ки басо пурмазмун ва пурҳикмат аст баҳри тарбияи ҷавонон, донишомӯзон (курсантон), ки дар бораи таълиму тарбия ва омӯхтани илм эҷод шудааст, бисёр ҳам пурарзиш аст :
Подшоҳе писар ба мактаб дод.
Лавҳи симин-ш ба канор ниҳод.
Ба сари лавҳи ӯ набишта ба зар:
“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!”

Метавон чунин андеша намуд, ки дар ҳақиқат ҳам ҳамин сахтгирии устодон буд, ки имрӯз мо дар зиндагӣ қадру манзалати худро пайдо намудаем. Ҳоло бошад инро ба ҷавонон ёдрас менамоем, ки онҳо аз устодон таълиму тарбия ва аз калонсолон таҷрибаи зиндагиро гиранд.

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Дар ин байти зерин илми падарро ба мерос гирифтан ташвиқ мекунад на молу мулки онро. Агар мо илм аз худ кунем бе шубҳа метавон аз сарвати андӯхтаи падар ҳам зиёдтар ба дастамон ояд.

Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.

Ҳамеша мебояд баҳри дар амал татбиқ сохтани коре саъю кӯшиш намуд. Баҳри ба мақсад расидани талош намудан зарур аст, хусусан ҳамон коре, ки илму донишро афзун мекунад ва шахсро да ҷомеа маъруфу машҳур месозад на он коре, ки боиси бадрафторию наълати дигарон бошад .
Оини ҳунар ба даст овар
Моҳии ҳунар ба шаст овар.
Дар ин ду мисра шеъри Шоҳин баръало маълум аст, ки касро ба хирадмандию ҳунармандӣ даъват мекунад ва ҳамин хирадмандию соҳибҳунарист, ки дар ин ҷаҳони пур аз фитнаву шарр мо роҳи дурусти зиндагиро пайдо менамоем.
Илму дониш дар ашъори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нақш ва мавқеи хосаи худро дорост. Метавон аз он дар бораи тарбияти дурусти ҷавонон ва ба донишомӯзи ҷалб намудани онон истифода кард.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо ки равӣ, азизу марҳам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз
То тоҷи наберагони одам бошӣ.
Воқеан ҳам шодмонию хуррамӣ, азизу марҳам будани мо ба роҳи дуруст рафтану илм омӯхтан вобастагии калон дошта, ҳамеша болонишин ва соҳиби иззату эҳтиром дар ҷомеа аст.
Ҳар он таълиме, ки мо устодон ба донишомӯзон (курсантон) медиҳем бояд фаҳмонда тавонем, ки чи гуна илмро истифода бурда тавонем. Унсурулмаолии Кайковус ба донистани қобилияти истифодаи илмҳои азбаршуда дар макону замони мушаххас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, “зеро ҳар илме, ки бидонӣ ва истеъмоли он надонӣ кардан, донистан ва надонистани он ба наздики мардумон яке бошад”.
Дар рӯзгори Анушервони Одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва одамони он аср парҳезгор будаанд.
Як рӯз Анушервон Абузарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: “Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафзи андак, маъонии бисёр ҷамъ созӣ, чунонки дар дунё ва охират судманд бошад”.
Абузарҷмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин чанд каламотро ҷамъ кард ва “Зафарнома” ном ниҳод ва ба назди Анушервон бурд ва ӯро хуш омад ва фармуд, ки ин каломот ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва аксаран вақт ба мутолиаи ин китоб машғул мешуд.
Абузарҷмеҳр забон бикшод ва гуфт: “-Аз устоди худ истифода менамудам ва ӯ ҷавоб мегуфт”. ... Гуфтам ”Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?”. Гуфт “Илм омӯхтан ва дар ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан”. Гуфтам: “Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд?” Гуфт: “Ҳунари худ гуфтан”. Гуфтам: “Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?” Гуфт: “Ростӣ”...
Ин чанд панде, ки дар боло аз “Зафарнома” ё “Пирӯзнома” зикр намудем, воқеан ҳам касро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад. Водор ба он месозад, ки инсоният ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз дорад, гарчанде дар кадом мақоме набошад. Бингаред ҳатто Анушервони Одил ҳам, ки подшоҳ буд ва дар сиёсати давлатдории хеш ҳамчун шоҳи боадлу инсоф ном бароварда ва дар таърихи башарӣ бо ин ном машҳур аст боз ҳам дар ҷустуҷӯи илму дониш ва роҳи ҳақ машғул буд.
Хулоса, дар таълиму тарбияи ҷавонон содиқона саъю кӯшиш мебояд кард, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост. Ҳар яки мо агар аз истифодаи панду андарзҳо, ҳикоятҳои бузургон истифода барем шояд қадре ҳам бошад дар таълиму тарбияти ҷавонони Ватан саҳми арзандаи худро гузошта бошем. Ба ҳамин хотир он чизе, ки мо дар боло кам ҳам бошад нишон додаем метавон дар раванди дарс ба донишомӯзон (курсантон) ёдрас намуда, боз ҳарчи бештар ҷустуҷӯ карда ба саҳми онон расонем. Метавон бо заҳмату талоши ҳамаҷониба баҳри пешбурди Ватан якдилона хизмат намоем. Ободии ин марзу бум аз мо ҷавонони бо нангу ори меҳан вобастагӣ дорад, пас якдилона ин Ватанро машҳури дунё мебояд кард.

Эй миллати озод, бихонед, бихонед,
Таърихи Ватан, халқ бидонед, бидонед.
Фарҳанги ҷаҳон ҷумла гувоҳ аст, ҳамонед.
Пайдо зи куҷоеду куҷо боз равонед.
Тоҷик чи машҳур шуда бар ҳама дунё,
Бар қавми бад ин ҳикмату андарз расонед.
Аз дур задан санг ҳунар нест ба мардон,
Он аҳли ҷаҳолат ба раҳи амн шинонед.
Донед ба ирфону ба оину забонед,
Бас насли асилед, зи Ориё нишонед.
Бе донишу ирфон гаравӣ зуд ба ифрот,
Гар илму хирад нест, бидонед хазонед.
Бо Рӯдакӣ, Фирдавсию Хайёму ба Сино
Сомонию Куруш, ки сазовори ҷаҳонед.
Чун Борбад оҳанг куҷо кас бинавозад,
Дар олами мусиқӣ аёнед, аёнед.
Луқмони Ҳаким омада устоди табибон,
Касро ба давояш зи аҷал боз раҳонед.
Даъват зи ҷавонон бишавад бо ҳама масъул,
Ояндаи ин миллату фардои замонед.
Имрӯз Душанбе шуда як ҷаннати дунё,
Ҳар гаҳ ки ба ин шаҳр дароед, ҷавонед.
Ин рӯзи накӯ дода Худо ҳар яки моро,
Бо заҳмати Сарвар ҳама дар амну амонед.
Аз илми ниёгон чи бинозем, Ниҳонӣ,
Фарҳанг бидонед, к-аз он ганҷи гаронед.

Ҳалимзода Далер Обид, муаллими кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...