Парчами давлатӣ ва худшиносии миллӣ
Боиси ифтихор аст, ки 24-уми ноябр дар ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдоми наҷиб, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, дорои аҳамияти сиёсиву таърихӣ мебошад. Ин ташаббус аз ҳар яки мову Шумо ҳисси баланди масъулият ва ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллию ватандӯстиро талаб намуда, эҳтиромро ба арзишҳои олии давлату давлатдорӣ дар сиришти ҳар яки мову Шумо тарбия менамояд.
Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад.
Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам мардуми ориёитабор на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Муаррихи маъруфи асримиёнагии тоҷику форс Муҳаммад Ҷарири Табарӣ доир ба пайдоиш ва ташаккулёбии «Дирафши Ковиён» андешаронӣ кардааст. Дар хулосаи он омадааст, ки Коваи Оҳангар бо ёрии шӯришгарон алайҳи Заҳҳок ба мубориза бархоста, ба Табаристон рафта, Фариддуни раиятпарварро овард ва кишварро аз шарри Заҳҳок наҷот дод.
Муаррих Саолибӣ бошанд, зикр менамоянд, ки Фаридун пас аз ғалаба аз болои Заҳҳок Дирафши Ковиёнро бо лаълу гуҳар оро дод ва пасон лашкар ҳар куҷое, ки майдондорӣ кард, Дирафш дар қалб чун ситора медурахшид.
Муаррих Ғиёсиддин менависад, ки «Ковиёни дирафш алами Фариддун мансуб ба Коваи оҳангар аст ва он ҷарм аст аз пусти паланг, ки Кова дар вақти кор кардан дар миён мебаст. Фариддун дар вақти ҷанги Заҳҳок онро ҳамчун алам истифода бурд».
Пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқи он боис шуд, ки ҳар давлати мустақили миллӣ парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Ногуфта намонад, ки дар атрофи аксҳои Нишон, рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори иҷлосия баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсиро дороанд.
Ранги сурх дар Парчам - ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Зеро дар тасаввуроти аҷдодони мо ранги сурхро ҳамчун рамзи шуои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ парастиш меёфт, ки Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт.
Ранги сафед дар Парчам - ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро ифода мекард.
Ранги сабз дар Парчам - ҳамчун нишонаи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузургӣ давлатдории куҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукуҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафтрӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ зинатбахшии Парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хӯшӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул кардем.
Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Зеро Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлату давлатдорӣ буда, ифодагари соҳибихтиёрӣ, рамзи эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби дигар миллату давлатҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур мебошад, ки ба моҳияту мазмуни сиёсӣ ва аҳамияти таърихиву муқаддас будани рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ намоянд.
Дар ин ҷода Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маврид қайд намудаанд, ки «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, нисбати Парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар як давру замон Парчамро ҳамчун ливои озодӣ дар мубориза ба муқобили беадолатӣ, баҳри таъмини ҳаёти осоишта баланд мебардошт.
Дигар хусусияти Парчам дар он зоҳир мегардад, ки дар зери ливо тамоми афсарону кормандони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона барои ҳимояи Ватан ва мубориза ба муқобили олами ҷинояткорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, содиқ будан ба Ватан дар назди миллату давлат Савганд ёд мекунанд, ки ин амал муқаддас будани Парчамро собит месозад.
Вобаста ба ин ҳар фарди равшанзамир ва бо нангу номуси ин миллату давлатро имрузҳо зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ҳамзамон нисбати арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо оварда, барои таҳқир ва беҳурмати зоҳир намудани ин суннатҳои олӣ роҳ надиҳанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳоло кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, хуб дарк менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисоб меёбад.
Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги миллат дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беғубори кишварамон то абад парафшон бошад.
Самиъзода Бахтиёр Салим,
дотсенти кафедраи фанҳои
ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.