Таърихи пайдоиш, ташаккул ва моҳияти сиёсии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.
Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар асри XX дар баробари Парчами давлати Шуравӣ Парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз мавҷудияти давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати шӯравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан зери муқаддастарин парчами давлатӣ нисор кардаанд.
Пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқи он боис шуд, ки ҳар давлати мустақили миллӣ парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Бояд қайд намуд, ки ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда аз ҳар як сокини кишвар, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ рамзҳои асосии давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки Парчам ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, кишвари мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. Ҳатто то соли 1929 дар ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлатӣ, дар муҳрҳо ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси нишон ва парчами ҶШС Ӯзбекистон нақш баста буд. Соли 1929 баробари таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи 20 Парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунад. Ранги сурх-рамзи шуои офтоб, равшанӣ, сурхрӯйӣ, дониш, таърих, фарҳанг, ҳаёти ҷовидон, ифтихор матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст. То имрӯз дар Бадахшон ранги сурх рамзи хушбахтӣ, осоиштагӣ ва хурсандӣ, ранги сафед - тозагӣ ва мусаффоӣ, ранги сабз – ҷавонӣ ва шукуфоиро ифода мекунанд.
Ранги сурх дар Парчам - ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Зеро дар тасаввуроти аҷдодони мо ранги сурхро ҳамчун рамзи шуои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ парастиш меёфт, ки Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт.
Ранги сафед дар Парчам - ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро ифода мекард.
Ранги сабз дар Парчам - ҳамчун нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузургӣ давлатдории куҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукуҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафтрӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ зинатбахшии Парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хӯшӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур мебошад, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо орем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат қарор доранд.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду, расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо гардад.
Сатторзода А.С., сардори кафедари ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, полковники милитсия,
Хушбахтзода Б., дотсенти кафедари ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, полковники милитсия.