Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз таърихи парчамдории Тоҷикистон

441Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Маънии рангҳои парчами Тоҷикистонро шарҳҳои мухталиф кардаанд, аммо ба ақидаи мо аз нигоҳи таърихӣ шарҳи илмии рангҳои парчам бояд чунин бошад:

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.

Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта дар байни мардум бо номҳои алам ва байрақ низ машҳур будааст. Калимаи байрақ туркӣ буда, маънояш –  роят, парчам, ливо, дирафш мебошад ва дар байни халқ солҳои дароз маъмулу мақбул гаштааст.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pistra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст. 

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳанӯз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа ҷомаҳое мепӯшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар муаррифгари шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳанӯз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳари осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (Авесто: vаstrya-fsuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳанӯз ривоҷ ёфта буд.

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdа-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: оwаsa; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифгари минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:

“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги  сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

«Парчам» вожаи суғдӣ («parсam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.

Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «Парчам» ба ду маъно чунин тафсир ёфтааст:

ПАРЧАМ پرچم кит. 1. байрақ, ливо. 2. пӯпаки абрешимин, ки ба байрақ баста мешавад.

«Дирафш» дар порсии миёна «drafs» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «drafsa-» аст ва баробари он дар ҳинди бостон вожаи «drafsa-» буд. Аз ин вожаи эронии бостонӣ «drafsa-» дар забонҳои авестоӣ «drafsa -», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf/ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд.

Вожаи «Дирафш» зери се моддаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:

ДИРАФШ I درفش олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.

ДИРАФШ II درفش кит. парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёнӣ, дирафши сурх.

ДИРАФШ III درفش кит. дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш мебошад.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ариёҳо дар Авесто омадааст. Чунончӣ дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп – пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин ақидаанд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки дертар падид омадааст. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ мегуфтанд.

Парчами хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд.

Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами Иттиҳоди Шуравӣ гирифта шуда буданд, ки чунин шакл доштанд:

Парчам дар солҳои 1929 – 1931. Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23-юми феврали 1929 пазируфта шудааст.

Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва қабули Қонуни асосии нав парчами он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25-уми феврали соли 1931 сохтаанд.

4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Парчам дар солҳои 1940 – 1946. Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ дида шуд. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу путк”-ро менигоштанд.

Парчам дар солҳои 1946 – 1953. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991.Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991 – 1992. То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Бинобар ин Парчами давлатӣ на танҳо рамз, балки ҳастии тоҷикистониёнро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз  ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он нишонаи хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад. Мо дар назди Ватан бо парчам қасам ёд кардааем, ки садоқатмандона муҳофизи қонун бошем ва барафрохтани Парчами давлатӣ заминаи пойдории давлату оромии ҷомеа мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлатии соҳибистиқлол баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому  посдории Сардори давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси он шахси бузург Рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукӯҳ эълон гардид. Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Самадзода Исломидин Абдуқаҳор, муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...