Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Завқи баланди эҷод дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ

439Лоиқ Шералӣ баробари он, ки ба майдони адабиёти кунунии тоҷикӣ қадам ниҳод, худро ба сифати «Шоири ҷавони хеле бо¬истеъдод» шиносонид. (Сотим Улуғзода)
Нахустин намунаҳои ашъори ӯ мавриди писанд ва гуфтугӯи ҷиддии шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзода гардид. Онҳо машқи шеър буданд, вале бо доштани маъниву мазмунҳои тоза, тасвирҳои гӯё, завқи баланди эҷодӣ, мушоҳидаҳои зеҳннишин ва бардоштҳои шоирона аз он мушоҳидаҳо фарқ мекарданд. Ҳар он чӣ рӯи коғаз ифшо мекард бо як нигоҳи шоирона асрори нуҳуфтаро ба риштаи назм оварда, тасвири хешро моҳирона сабт менамуд.
Шеъри номии шоир «Ба модарам», ки маҷмӯаи аввалини ӯ «Сари сабз» (соли 1966)-ро ҳусни хотима бахшида, сабабгори ба таври ғайричашмдошт ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтани ӯ шуда буд, аз он гувоҳӣ медод, ки Лоиқ Шералӣ дар камтарин фурсат, дар зарфи ҳамагӣ чор-панҷ соли фаъолият дар гуфтани шеър аз машқ ба сарҳади камолот расидааст. Бо ин шеър дар фаъолияти гӯяндаи шоир марҳилаи сифатан наве, давраи ҷустуҷӯҳои адабӣ ва навовариҳои ӯ дар самти шеъру сухан оғоз гардид. Дар он ҳама чиз нав буд: шеваи баён, тарзи тасвир, маъниҳо, тасвирҳо, вазн, қофия, забон, вусъати тасвир, лафзи ширини модарӣ ва бардоштҳои шоирона.
Лоиқ Шералӣ шоири фавқулодда ҳимматбаланд, покбоз ва ҳақгӯ буд. Ҳар ҷо, ки аз касе ё чизе илҳом гирифтааст, пайравӣ намудааст, баҳра бардоштааст ва ё тақлид кардааст, ошкоро ба онҳо ишора намудааст, аз ҷумла ба Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайём, Лоҳутӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Соиб, Камоли Исфаҳонӣ, Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Нодирпур, Иқбол, Мирзо Ғолиб, Толиби Қандаҳорӣ, Ҳейне, Сергей Есенин, Мирзо Турсунзода, Расул Ҳамзатов, бо тамоми лаҳни гуфтугӯи мардумӣ, ба мақолу зарбулмасалҳо ва ғайра.
Бартарии Лоиқ нисбат ба дигар ҳамқаламони ҳамдавронаш дар он буд, ки вай дар заминаи шеъри гузашта ва имрӯзаи тоҷикӣ, адабиёти форсизабонон, адабиёти рус, адабиёти дунё, адабиёти мардумӣ, забон, фарҳанг ва таърих таҳқиқ дошт. Ҳамаро месанҷид, меомӯхт, таҳлилу таҳқиқ менамуд ва дар бораи ҳар яке аз онҳо назари хоси худро дошт.
Ҳамин аст, ки шеъри устод Лоиқ Шералӣ то кунун дар қалби хонанда маскан гирифтаву ҳаводорони хешро гум накардааст. Чун ба ашъори шоири зиндаёд назар меакфанӣ дар он лаҳни шевои тоҷикӣ, мазмуни баланд, эҳсоси ширин, дарки амиқи инсондӯстӣ, тасвири манзараҳои дилфиреб ва нотакрори Тоҷикистони азиз бо як самимият оварда шуда, дар замири хонанда шавқу рағбат, ҳиссиёти шоирӣ ва завқи гуфтани шеърро бедор месозад.
Рӯ овардан ба таърих, фарҳанг, адабиёт, санъат, илм яке аз фазилатҳои муҳимтарини инсонӣ буда, чунин мафҳумҳо метавонад шахсияти инсониро дар ҷамъият муайян созад. Аз ин рӯ эҳтиром ва пос доштани чунин нобиғаҳои илму адаб, ки дар пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва оромии кишвар нақши арзандаи хешро тавассути қалами бурро ва шеърҳои ҷаззобу шуниданӣ гузоштаанд, вазифаи асосӣ ва муқаддаси миллати тоҷик буда, насли ҷавонро мебояд пайвандгар ва давомдиҳандаи пайкори чунин шахсиятҳои нодири таърихӣ бошанд
Мо, ҷавонон пайваста кӯшиш менамоем, ки хизмати шоён ва ашъори беназири чунин шахсиятҳои илмиву адабӣ, ки дар рушду инкишофи ҷомеаи навин саҳми бориз гузоштаанд, ҳифзу омӯзиш намуда, ба наслҳои имрӯзу ояндаи миллати оқил ва фарзонаи тоҷик тақдим намоем, зеро фарзандони ин халқу миллат монанди устод Лоиқ Шералӣ сазовори таҳсин ва офаринанд.
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Марҷонаи Амон, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти калони милитсия.
Шарифзода Муҳаммад, Ҷаҳонгирзода Ҷамшед, курсантони курси 4-уми МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...