Эҳёкунандаи давлат ва тамаддуни миллати тоҷик
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки мо тоҷикон аз қадим дорои фарҳанги ғанӣ ва соҳиби тамаддуни қадима ҳастем. Дар тули ин қарнҳои таърих миллати тоҷик тавонист, ки худро аз тамоми бархурдҳои марговарӣ берунӣ ва дохилӣ муҳофизат намояд. Аз даврони ҳукумронии империяи Ҳахоманиш сар карда то ба имрӯз тоҷикон бо маҳорати баланди тарзи дурусти идоракунии ҳокимият пешсаф ва пешгом буданд. Агар чанде дар саҳифаҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки баъзан давлатҳое, ки сарварони онҳо аз дигар халқияту миллат буданд онҳоро ба ном ҳамчун малик, амир, хон, мир, бек ва ғайра мешинохтанд, вале дар идораи давлатдории онҳо тоҷикон саҳми арзандае доштанд. Маълум аст, ки ҳатто забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифта дар сиёсати хориҷииашон ҳамчун забони байналмилалӣ истифода мешуд.
Агар чанде таърих ба мо миллати куҳан ноҷавонмардиҳои зиёде карда бошад, оқибат мо тавонистем, ки бо диди нав ин миллати парокандаро сарҷамъ намуда, дар бунёди давлати навин бо кушишу заҳмати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёб шавем. Баъди сарнагун шудани ИҶШС, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши зиёд барои ин миллат сулҳро фароҳам намуд. Аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадани ин шахсияти тақдирсозу таърихсоз дар интихоби таърихи сулҳофарии миллат хато накард ва тақдири миллатро, ки аз ҷангу хунрезии шаҳрвандӣ иборат буд ба сулҳу амонӣ ва давлатдории навин роҳнамо шуд. Ҳамаи он ҷангу хунрезие, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рух дод, маҳз бо кушишу заҳмати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта, алангаи оташи ин ҷанги хонумонсӯзро хомӯш намуда, сулҳи деринтизори миллатро бо пойдевори мустаҳками ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии тарафҳои даргир сохт ва нагузошт, ки аз ҷониби хоине ва ё душмане ин пойдевор ва девори сулҳу суботу амнияти кишвар хароб карда шавад.
Ба ҳамин хотир ҳамасола 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Тамоми хизматҳои ин абармарди сулҳофари давронро ба назар гирифта маҳз ҳамин рӯзро, ки рӯзи тақдирсози миллати тоҷик буд, ба шарафи ҳама он хизматҳояш, ки дар ҳаққи миллат кардааст “Рӯзи Президент” гузоштанд ва ин рӯз ҳамасола аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бо варақ гардонидани саҳифаҳои таърих ба мо маълум мешавад, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Мақсади асосии рӯзи идро муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Баробари ба даст даровардани истиқлолият Яздони пок ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид намуда, ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сӯи сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, бидуни талафот Созишномаи сулҳро ба имзо расонида, дар роҳи овардани сулҳ ба Тоҷикистон нақши муҳимро бозид. Боиси шарафмандӣ ва ифтихори мо тоҷикон аст, ки таҷрибаи пойдории сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта, истифода мебаранд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон ҳама он ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гирифтаи онро, ки боиси эҳёи тамаддуни қадима ва созандаи тамаддуни навини миллатӣ тоҷик аст ба инобат гирифт.
Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ ва маъво гирифтан ба дили ӯст, ки хушбахтона, ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тозаистиқлоли тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳу субот, сарҷамъ кардани миллати парешони тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абармарди майдони сулҳ, шермарди куҳпайкарӣ қавииродаи замон, аз нав зиндакунандаи номи тоҷик ва пайдо намудану бар сар гузоштани тоҷи гумгаштаи Кайонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Дар санаи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо як ҷаҳон эътиқоду боварии бузург сарнавишти миллат ва тақдири мамлакатро маротибаи панҷум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд.
Тамоми ҳамин заҳматҳои ин марди фарзонаи миллат, ки дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати кишвар кашидааст, мардуми шарифи Тоҷикистон ба инобат гирифта хоҳони онанд, ки ин шахсияти таърихӣ ҳамчун роҳбари миллату давлат ҳамеша бимонад.
Ҳалимзода Далер Обид, муалими кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, Академияи ВКД.