Сухани созанда
Сухан ганҷинаи бузургеро мемонад, ки баробари ба забон овардани он бо қувваи ниҳонии худ ҳушу диққати шунавандаро ба худ ҷалб мекунад. Сухан нӯшдоруест, ки бемореро дармон, солимеро неруманд ва роҳгумзадаеро растагор месозад. Сухани бузург дар ягон давру замон дар «нимароҳ» дар намемонад. Сухани накӯ раҳнамои ҳаёти орому осоишта мегардад. Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқи бузургро барпо созаду меъмори ваҳдату ягонагӣ бошад. Як сухани нағз таҷассумгари сад роз ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб мебошад. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу закӣ шавад. На ҳар сухангӯ метавонад мурдадилеро зинда ва хастаҳолеро ҳушёр созад. Ҳарфу сухане бояд гуфт, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошад ва чунин суханро на ҳар шахс ба тавре ки бояд бошад, иброз карда метавонад.
Каломи инсоният беҳтарин ва гаронтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он бо тароват, дилнишин, таъсирбахш ва бамаврид садо диҳад, гӯяндаашро бузургманишу шуҳратманд мегардонад. Албатта, ин ҷо гап дар бораи сухан ва суханварии шахсе меравад, ки тавонистааст дар тӯли фаъолияти ҳаёти хеш бо суханони гарму руҳнавозаш дили ҳазорҳо тоҷику тоҷикистониро тасхир созад. Ин шахсият чӣ шахсияте буда метавонад, ба ҷуз Пешвои муаззами миллати тоҷик - Эмомалӣ Раҳмон. Баъд аз бузургтарин дастоварди миллати тоҷик - Истиқлолияти Ватани азизу маҳбуби мо бо дахолати бархе аз душманони дохилию хориҷӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ манфиати давлату миллатро як тараф гузошта, аз пайи ғаразҳои шахсиву маҳаллӣ ва хоҷагони хориҷии худ гашта, кишварро ба вартаи парокандагиву нестӣ бурданӣ буданд. Мардум ба таҳалука афтода буд ва ба даргоҳи Худованд дуои онро мекарданд, ки шасиятеро фиристад, то сабаби наҷоти онҳо аз ин бадбахтии азим гардад…
Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 1992-юм фаро расид. Бо сабаби вазъияти мавҷуда Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати двоздаҳум) аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия аз 230 депутат 197 нафар иштирок доштанд. Ҳамчунин қумондонҳои гурӯҳҳои даргир низ, ки то ин замон якдигарро чашми дидан надоштанд, ширкат варзиданд. Аз ҳама кори қимматтарини Иҷлосия: рӯзи 19-уми ноябр баъд аз муҳокимаи бардавом намояндаи халқ – Эмомалӣ Раҳмонро бо назардошти қобилияти кордонӣ ва ҳақталошию бомаърифатиаш бо амри дилу виҷдон Раиси Шӯрои Олӣ ва Роҳбари давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон интихоб карданд. Ба тарафдории ин сиёсатмадори пурэнержӣ аз 197 депутат 186 нафарашон раъйи худро доданд. Вай аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимияти сиёсӣ омадан бо каломи самимонаи хеш дар дили миллионҳо мардуми кишвар шуълаи умедро ба фардои дурахшон фурӯзон кард. Роҳбари тозаинтихоб бо баёни изҳороти мушаххасу возеҳ ва воқеъбинонаву дурандешона, ки мақсад ва қавлу қасами ӯро ифода мекард, сарсуханашро чунин шурӯъ намуд: “Ман, пеш аз ҳама, барои муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо меҷӯям, ният дорам, ки ба вилоятҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи марказ равам... Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ҳангоми интихоби кадрҳо кӯшиш менамоям, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам… Мо ҳамеша бояд ёру бародар бошем, то вазъиятро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард” (“Садои мардум”.-1992., 20 ноябр). Ин суханони умедбахш ва рӯҳафзои роҳбари тозаинтихоб ба дили мардуми ғамзада, ки ба фардои ободи кишвар ва зиндагии орому осоишта ноумед гашта буданд, эътимод бахшид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» дилпурона гуфта буд: “Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти осоиштаи халқи азияткашидаам бовар дорам” (Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ.-Душанбе: Ирфон, 2001.-Ҷ.1.-С.7).
Воқеан, ҷараёни зиндагии баъдӣ нишон дод, ки сарсухан ва суханони Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ дар симати роҳбарии давлат мисли пешгузаштагон ба хотири намоишу хокпошӣ ва шукӯҳи лаҳзаинаи минбар набуда, балки баёнгари марди матин, қавиирода, якрӯву якмаром будани гӯяндаи он аст, ки дар сухани хеш пойдор монда, ба мақсади аслиаш, ки сулҳу салоҳ ва ободиву оромии Ватан буд, расид.
Дар заминаи гуфтаҳои боло, мо, насли ҷавонро мебояд, корнамоиҳои чунин абармардони Ватанро набояд фаромӯш созем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии Ватани азизамон то қадре имкон дорем, кӯшиш намоем.
КАРИМӢ Сироҷиддин Сайфиддинзод,
корманди раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон