Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат дар рушди бонизом, ободониву созандагӣ ва таҳкими амнияти кишвар

(Бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон)

Аз нуқтаи назари сеймасиологӣ (аслшиносӣ) вожаҳои «ободӣ» ва «ободонӣ» аз вожаи «обод» бо роҳи ба он илова кардани пасвандҳо (суффиксҳои калимасоз) сохта шудаанд. Яъне, решаи ҳардуи ин вожаҳо якест – обод. Дар осори илмиву адабии гузаштагонамон ин вожаҳо хеле фаровон истифода шудаанд. Барои дарки маънои ин вожаҳову тафсири дурусти онҳо аз осори гузаштагонамон чанд намуна меорем:
1.Обод - соз, дуруст, муқобили хароб ва нодуруст:
Агарчи масти ишқам хароб кард, вале,
Асоси ҳастии манн з-он хароб обод аст. (Ҳофизи Шерозӣ)
То ғам нахӯрад кас, нашавад манзиле обод,
Ғам хӯрдаму обод надидам дили худро. (Абдураҳмони Мушфиқӣ)
2.Обод - хуб, хуш, хуррам; бегазанд, солим:
Суви ҳафтхон рӯ ба Тӯрон ниҳод,
Ҳамерафт бо лашкар ободу шод. (Абулқосим Фирдавсӣ).
3. Обод кардан - маъмур сохтан, ба тартиб овардан, ба сомон кардан, оростан, таҷҳизонидан:
Он ҷо сипоҳе ҷамъ кард аз замини Довар ва ба сипоҳ обод кардашон ва бифиристод. («Таърихи Сиистон»).
Амир Насруллоҳ лабҳои Сирро обод мекард ва қурғон дуруст карда, асбобу аслиҳа ҷамъ менамуд. (Аҳмади Дониш)
Сипоҳро дирам доду обод кард,
Сари дудаи хеш нуробод кард. (Абулқосим Фирдавсӣ).
4. Обод - офарин, аҳсан, шодбод:
Дар ҷилваи он арӯси дилшод,
Обод бар он, ки гӯяд обод! (Низомӣ).
Чун ту хушӣ, эй дӯст, ба вайронии дилҳо,
Обод ҳар он сина, ки обод набошад! (Хусрави Деҳлавӣ).
5. Ободбум- сарзамини ободон, мулки маъмур:
Гаҳ дар ободбуму гаҳ ба хароб,
Шаҳр ба шаҳр мешуданд шитоб. (Хусрави Деҳлавӣ).
6. Ободонӣ – ободшавӣ, маъмурӣ:
Дар асри ӯ доим фарохӣ ва арзонӣ буд, вуфури неъмат ва ободонӣ. (Аҳмади Дониш).
Мисолҳои дар боло овардашуда чӣ маъно ва мафҳум доштани вожаҳои «обод», «ободӣ» ва «ободонӣ»-ро ба таври хеле возеҳу равшан ифода менамоянд.
Мафҳуми ободӣ – яке аз ормонҳо ва арзишҳои бунёдии ҳаётии инсон ва ҷомеаи башарӣ мебошад. Ба фикри мо, беҳтарин фарҳанг, беҳтарин андеша, беҳтарин пиндор, гуфтор ва амалу рафтор ҳамон аст, ки тамоил ба сӯи рушду ободӣ дошта бошад ва тавонад хушбахтиву саодат ва ободиву осоиштагии ҳаёти афроду ҷомеаро мусоиду фароҳам сохта, тарғибу таъмин намояд. Аз ин нуқтаи назар насли муосири миллати шарифи тоҷик ворис ва пешбарандаи яке аз беҳтарин фарҳангҳои миллӣ мебошад, ки аслу решаи он дар аъмоқи таърихи бостонӣ маъво гирифтааст. Мавзӯи ободиву ободкорӣ дар таърихи афкори диниву фалсафӣ ва сиёсиву иҷтимоии миллати тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон то имрӯз яке аз мавзӯҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки хушбахтиву саодати инсон ва ободии ҷомеа – мағзу ҷавҳари андешаҳо ва ормонҳои Зардушт – поягузори фалсафаи миллии мардумони ориёитабор мебошад, фалсафае, ки онро Гёте – бузургтарин шоири олмонӣ ҳамчун «дини танзиму ободонии ҳаёт» васф ва тараннум намудааст. Ин таърифи Гёте дар нисбати моҳияти аслии таълимоти диниву фалсафии Зардушт – қадимтарин ва намоёнтарин чеҳраи таърихии ниёкони тоисломии мо дар ҳақиқат хеле ҳаққонӣ ва аз рӯйи адлу инсоф мебошад.
Дар оини зардуштӣ ба корҳои дигар шуғл намудани подшоҳ сарзаниш карда мешуд. Тамоми фаъолияти подшоҳ бояд баҳри таҳким ва бақоишу пойдории давлат равона шуда бошад. Пешвоёни динӣ бояд дар тарбияи диниву ахлоқӣ ва покизагии имону эътиқодоти динии мардум аз хурофоту тамоюлоти тахрибовар кӯшиш ба харҷ диҳанд ва бо ин роҳ дар таъмини ободиву сулҳу салоҳи ҳаёти ҷомеа ба сарвари давлат кӯмак расонанд.
Дар давраи исломӣ низ ғояи ободиву ободкорӣ аз мавзӯъҳои марказии андешаи мутафаккирони Шарқи мусулмонӣ, алалхусус мутафаккирони форсу тоҷик маҳсуб мешуд.
Сарварони хирадманду боадолат аз қаҳрамони асосии достонҳои «Шоҳнома» - асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошанд. Маънию мазмуни тамоми достонҳои Фирдавсиро ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, муҳофизати марзу бум, таъмини ободии ҷомеа ва даъват ба меҳанпарастиву башардӯстӣ ташкил медиҳанд. Ӯ тарафдори ҳокимиятест ки қудрати рафъи ҳама гуна мушкилот ва таҳдидҳои дохиливу беруниро дорад. Фирдавсӣ дар хусуси ойини давлатдорӣ андешаҳои бикру ноб ва пурқимату серҷавҳаре ба мерос гузоштааст. Бештар давлатдорӣ ва роҳбарӣ ба даврони салтанат ва фаъолияти шоҳигарии Нӯшервони одил назар мекунад. Нӯшервонро чун шоҳи одил ва мардумнавоз муаррифӣ мекунад.
Таъсири ғояи ободиву ободкорӣ дар осори Абуалӣ ибни Сино низ хеле равшану возеҳ ба назар мерасад ва вусъати тоза касб кардааст. Мутафаккир ҷомеаро ба се қисмат - сарварону ходимони давлат, заҳматкашон, ҷанговарон тақсим кардааст. Ҷомеа дорои тартиботи қатъӣ буда, ба қонунгузориҳои махсус асос меёбад. Ибни Сино вазифаи асосии давлатро дар таъмини тартибот, ҳалли масъалаҳо ва равандҳои зиддиятноки ҷомеа медид. Ба андешаи ӯ, дар ҷомеа бояд хазинаи махсус вуҷуд дошта бошад, то ки ба беморон ва корношоямҳо ёрӣ расонида шавад. Ҳарбиён ва нозирони тартибот низ аз ҳисоби ин хазина нигоҳ дошта мешаванд.
Унсурмаолии Кайковус дар «Насиҳатнома»-аш сиёсатмадору давлатдорро ба офтоб монанд мекунад: «Подшоҳ чун офтоб аст. Нашояд ба яке тобаду бар яке натобад». Адлу адолатро чун пояи давлатдорӣ медонад. Ӯ ба хоста гирифтани одамон ба корҳои давлатдорӣ, ба ибораи имрӯза – ба масъалаи интихоби кадрҳои роҳбарикунанда диққати махсус медиҳад. Шоҳ бояд аз фаъолияти вазирону вакилон воқиф бошад. Муҳимтарин хислати шоҳ авф карда тавонистан аст.
Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и худ ба масъалаи давлат диққат дода аз мавқеи динӣ бунёди давлатро маънидод намуда, сарвари давлатро намояндаи Худованд дар рӯйи замин медонад. Инчунин, Низомулмулк халқро асосу бақои давлат ҳисобида, пойдориву устувории мулкро аз зиндагии хубу шоистаи раъият иборат медонад: «Чун дуои халқ ба некуӣ пайваста гардад, он мулк пойдор бувад». Ба андешаи ин мутафаккир, яке аз вазифаҳои муҳими сарвари давлат - шунидани арзу шикояти мардум ва аз рӯйи адолат ҳукм баровардану қазоват кардан мебошад. Дигар аз масъулиятҳои сарвар – мубориза зидди ришвахурӣ ва фасод дар ҷомеа мебошад.
Абдуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дар «Насихат-ул-мулук» сиёсат ва сарвариро яке аз қисматҳои илми фалсафаи амалӣ медонад. Ба андешаи ӯ, сарвари давлат сояи ҳайбати Худо дар рӯйи замин аст. Ӯ бузургтарин хислати подшоҳонро дар одилӣ медид. Адл пояи устувори давлат буда, меъёри он танҳо ғамхорӣ нисбати раъият аст. Ғояҳои инсондӯстии Ғазолӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд ва баҳри таъмини амният ва осудаҳолии раъият хизмати босазо расонида метавонанд. Ӯ масъалаҳои давлатдориро тобиши ахлоқӣ медиҳад, сиёсатро воситаи такомули давлатдорӣ, адлу инсоф ва ҳимояти раъият меҳисобад.
Дар замони Истиқлолият барои амалӣ гаштани ормонҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Миллати мутамаддини тоҷик тавонист ҳам давлати миллиро таъсис диҳад, ҳам сарвареро, ки мазмуни аслии фаъолияти роҳбарии ӯро татбиқи фалсафаи ободиву ободкорӣ ва таъмини саодату хушбахтии аҳли ҷомеа ташкил медиҳад, баргузинад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии нахустини хеш чунин иброз намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Баҳри имрӯзу фардои неки Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди давлатдорӣ ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ кушиш бар он доранд, ки системаи нави идоракуни ҷомеаро тақвият бахшанд, то он ба назардошти хусусиятҳои ҷомеаамон ҷавобгуй тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардад. Ҳалли ин вазифаи стратегии муҳим танҳо онгоҳ имконпазир мегардад, ки ҳар яки мо ҳамчун узви ҷомеа ба он аз ҷиҳати мафкура, шуур ва муносибатҳои маънавию истеҳсолии замони нав омода шавем ва пайвастп кушиш намоем,к ибо характери умумии ҳуқуқи инсон асос ёфта, имконияти беҳтарини татбиқи ҳамаҷонибаи на танҳо ба сифати намояндаи миллат, балки ба ҳар як узви оила, мазҳаб, наслу насаб, ҳизби сиёсӣ, мамлакат ва фавқулмиллӣ шароити мусоид фароҳам созад. Ҳаминтавр муҳите ба вуҷуд орем, ки ҷомеа ба мо ҳамчун ба насли башар рӯ орад, ки гузаштаи бои бофарҳанг ва мутамаддин дорад. Ба ҳамин хотир ҳар яки мо ҳамчун узви ҷомеа баҳри таҳкими давлат ва давлатдорӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, густариши қонун ва қонуният, демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ босамар кор ва хидмат намуда, ояндаи неки хешро барпо намоем.
Худованде, ки дар ваҳдат қадим аст аз ҳама ашё,
На андар ваҳдаташ касрат, на муҳдас з-ин ҳама танҳо
(Носири Хусрав)
«Инсони бузург маънои таърих аст. Таърих бо зуҳури чунин шахсиятҳои бузург оғоз мегардад». (Карл Ясперс)
Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулоса набаровардан ва дар фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар оғози соҳибистиқлолии давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилотҳои зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.
Аз ҳамин нуқтаи назар, имрӯз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.
Аз ҳамин лиҳоз, назари шахсии хешро дар мавриди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем.
Саргузашти пешвоёни одил, сиёсатмадорони маъруф, сулолаи амирон ва хонҳои бузург шаҳодат медиҳад, ки на ҳамаи зимомдорони замон дар тули таърих дар баробари хидмат ба халқу миллат, забону фарҳанг ба мақому ҷойгоҳи Пешвои давлат, Пешвои миллат ё Пешвои дин мушарраф шудаанд. Пешво будан танҳо ифтихор, вазифа ва мансаб нест, балки инсони комил, раҳбари хирадманд, дурандеш, сиёсатмадори ҳушманд, ҳомии халқу Ватан, пуштибони дину фарҳанг будан аст! Пешвои миллат аз худ гузаштан ва дар худ боқӣ мондан, душманшиносу худогоҳ шудан, худсозию худсухтан барои миллат, давлат, кишвар ва саодамандию хушбахтии ҷамъият аст.
Магӯ бепарда чун Мансур ҳарфи ҳақ ба ҳар ҷоҳил
Ки ишқ аз баҳри безарфон муҳайё дорҳо дорад.
Ҳар касе дар миёни мардум бо меҳнати ҳалол, тақво, ростгӯӣ, қаҳрамонӣ, ихтирооти илмӣ, хушхонӣ ва покдоманӣ мақому фазилат пайдо намояд, мардум ӯро бо зеботарин сухан ва арзишмандтарин ном ёд намуда, дӯст медоранд.
Аз нигоҳи фалсафаи Қуръон ҳаркиро Худованд иззат, эҳтиром, мақом, фазилат ва ҷойгоҳи арзишманд ато намояд, дигар ягон васвасаи иғвоангез, дасисаи аҳли низоъ ва хушунат наметавонад эҳтиром ва мақоми ӯро осебпазир созад. Ва баръакс ҳар киро Худои бузург хору гумроҳ намояд, ҷумла ҷаҳон вайро аз гумроҳӣ ва хоршавӣ наҷот намедиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Ҷанги таҳмилӣ ва ирсолӣ тару хушкро месӯзонд. Ғубори тарс, қатлу куштор, ваҳшат, нафрат ва кинаву адоват ҷомеаро дар оғуши худ гирифта, дар раҳраву тангкӯчаҳо ҷасади шахсони фавтида пушти ҳам хобида буданд.
Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид!
Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Муҳосираҳои иқтисодӣ, бераҳмӣ ва номардӣ ханда ба инсофу имон, муҳаббату инсонгарӣ мезад. Мағзҳои бедор фирор ва бархе аз ҷавонмардони меҳандӯст дар муқовимат бо ҷанг устувор ва пойдор монданд. Қавмситезӣ ва тоҷиккушӣ авҷ гирифта, аз тарси силоҳшурони бемурувват донишмандон ва олимон хомӯш гаштанд. Бархе аз биноҳои маъмурӣ, корхона ва хонаҳои истиқоматӣ дар мамлакат хароб гашта буданд. Пуштаҳо чун лолазор рангин аз хуни шаҳидон буданд. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Амният ва осудагӣ барои ҳамагон арзиш пайдо намуд, аммо касе кафолат ва масъулияти амнияти дигар касро дода наметавонист. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин ва халабон боқӣ монда буд.
Афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, уламои исломӣ сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зиммаи хеш бигирад. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбародори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид! Худованд ӯро шоиста ва сазовори ин масъулияти сангин намуд.
Соли 1992 фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Нахустин дастоварди бузурги миллат дар вазъи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар раҳбари давлат таъин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Интихоботи дуруст сароғози хушбахтӣ барои миллат ва давлатдории тоҷикон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат дар ин ҷодаи масъулиятнок нахуст ба парчам - нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузошта, дар назди ҳозирин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо фазли Худо ба ҷанги таҳмилӣ хотима мегузорад. Миллат ва давлатро аз нестшавӣ ҳифз намуда, тамоми гурезагони иҷборӣ, яъне ҳамватонони азизро аз Афғонистон ва соири кишварҳои дунё ба Тоҷикистон меоварад. Ӯ изҳор дошт, ки то замоне як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман осуда ва ором буда наметавонам. Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикон аст.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ пуржинаҳои низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, тахрибу валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Душманони миллат ва халқи тоҷик, ки оромӣ ва суботи ҷомеаи Тоҷикистонро дидан намехостанд ва намехоҳанд, аз рӯзи аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасиса ва талбисот зада, гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи раҳбарии давлат ва қудрати сиёсии кишвар баромада наметавонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи корӣ натанҳо дар фикри хомӯш ва саркӯб намудани оташи ҷанг, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва хунсо намудани гурӯҳҳои силоҳшӯр ва разманда буд, балки ӯ ҳамчун як сиёсатмадори варзида барои ояндаи дурахшон ва саодатманди миллату кишвар аз самими қалб талош менамуд. Зикри Худо ва ёди рӯҳи азизон ҳамеша ҳамнафас ва муниси азизи ӯ буда, ҳеҷ лаҳзаи умри худро бе ёди Худо зоеъ намекард.
Фирқаҳое, ки оромиро дар Тоҷикистон намехостанд, мегуфтанд: шаҳри Душанбе муҳит ва рамзи пойтахт будани давлати Тоҷикистонро надорад, таъмини амният ва оромиш дар Душанбе ғайриимкон аст, пойтахти давлат аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё ба ҷои дигар интиқол дода шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва афкори ин тоифаро напазируфт ва дарёфт, ки мақсади ғаразноки онон ба манфиати миллат ва давлат нест, балки иддаои эшон як барномаи тарҳрезишудаи мукаммал буда, ҳадафи асосияшон аз байн бурдани Истиқлолият ва давлати Тоҷикистон аст.
Пешвои миллат дар чунин марҳилаи тақдирсоз зидди муғризин бо аъзои ҳукумат ба Душанбе омад. Таҳдидофаринӣ, террор, гаравгонгирӣ, сӯйиқасд ба ҷони ходимони давлатӣ, чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва динӣ, ки онҳо омили бақои миллат ва давлат буданд, хотима наёфта буд.
Дар чунин вазъияти муташанниҷ барои давлатдорӣ ва наҷоти ҳамагон аз шарри ҷанг шиорбофӣ, чоплусӣ, хушомадгӯӣ, тумтароқбаёнӣ ва тамаъкорӣ арзиш надошт, балки лозим буд, ки ҳар шахси ватандӯст ва мусалмон дар ивази ҷону такдири худ аз миллат, давлат ва Истиқлолият ҳифз ва пуштибонӣ намояд.
Душахсиятҳо ва мунофиқон аз паси деворҳои шикаста ба вазъияти сиёсӣ ва геосиёсии минтақа нигариста, кӯшишу талош барои расидан ба сулҳу ваҳдат накарда, балки пайваста барои барангехтани кинаву адовати қавмӣ фитнаҳо ангехта, сипас ба ҷойгоҳи амни худ бармегаштанд.
Тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ бо тамоми қувва ва зӯр талош намуданд, ки дар самти идораи низоми давлатдорӣ бар зидди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ эҷод намоянд. Аммо ҳама талош ва саъю кӯшишҳои онҳо ҷомаи амал напӯшид, зеро душманони миллат натавонистанд дар Тоҷикистон ҷанги қавмӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хиради фитрӣ тавонист, ки ҳадафи душманро бишносад ва монеъи идомаи ҷанг дар кишвар бигардад.
Шинохти душманони миллату давлати тоҷикон ва шикасти барномаву нақшаҳои тарҳрезишудаи тарроҳони ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон нахустин дастоварди бузурги Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҷашни бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ орифи машҳур ва сӯфии номии Машриқзамин дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ин кунгураи ҷаҳонии бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қариб намояндагони 30-40 давлати дунё ва донишмандони ватанӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии кунгураи мазкур ҳифзи мероси таърихӣ, бедории миллӣ ва шикастани овозаҳои бардурӯғ ва ғаразноки доираҳои ҷудоихоҳ нисбат ба мардуми шарифи Кӯлоб буд. Доираҳои муайян дар он шабу рӯз мардуми Кӯлобро ба бераҳмӣ, номусалмонӣ ва исломситезӣ бадном менамуданд.
Ҳадафи душман дар ин самт мақсади дигари ҳамоиши бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамоиши бузургдошти орифи бузург ва алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб заминаи ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар Тоҷикистон фароҳам сохт. Меҳмонони дуру наздик шоҳиди он гаштанд, ки мардуми шарифи Кӯлоб онҳоро бо нону намак ва чеҳраи кушода пешвоз гирифта, ба худию бегона ҷудо насохтанд. Баҳри онҳо дастархони дӯстона кушоданд. Хабарҳои бардурӯғе, ки нисбат ба ин мардуми минтақа паҳну парешон гашта буд, исботи худро наёфтанд. Нақшаи душмани миллат ва давлат дар ин самт шикаст хурд, зеро моҷароҷӯён мехостанд, ки барои идомаи ҷанги шаҳрвандӣ низоъи кӯлобию бадахшӣ, раштию суғдӣ авҷ бигирад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсилаи ҳамоиш ва бузургдошти бузургони миллат ба монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва Носири Хусрави Қубодиёниро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуд.
Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат мероси миллӣ ва шахсиятҳои маъруфи илмию ирфонӣ омили муҳими ба ваҳдат расидани миллати ҷангзадаи тоҷик гардид. Шоирон, адибон, нависандагон, аҳли зиё ва уламои исломиро ба муқовимат бар зидди ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ даъват намуд. Онҳоро аз доираи тарсу ноумедӣ наҷот дод.
Бо шарофати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илму дониш, хираду фазл дар ҷомеа садрнишин гашт. Умед ба зиндагӣ ва баргашти гурезагон ба ватан оғоз гардид.
Тарс ва ноумедӣ бузургтарин гуноҳ ва монеи расидан ба ҷомеаи саодатманд ва рӯзгори хуш аст. Иллати ноумедӣ ва омили тарсро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шакл гирифта буд, маҳз Эмомалӣ Раҳмон решакан намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи хаёлӣ ва сохташуда нест, балки Пешвои миллат будани ӯ омили ҳаётӣ ва ҷанбаи воқеӣ дошта, бениёз аз сохтакорӣ ва тамаллуқ аст.
Эътироф ва эҳтиром гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат пеш аз ҳама садоқат ва эҳтиром доштан ба миллат ва давлатдории миллӣ аст, ин омили калидӣ ва таҳдобӣ аз муҳимтарин масъалаи ҳуввияти давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Миллат ва давлати Тоҷикистон аз нахустин рӯзи Истиқололият ниёз ба чунин пешвои хирадманд ва лидери қудрати сиёсӣ дошт. Мақоми ҳуқуқӣ пайдо намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон неъмати арзишманди илоҳӣ ва дастоварди бузурги миллӣ буда, барои ҳар тоҷик ва сокини Тоҷикистон ифтихори бузург аст. То мақоми ҳуқуқӣ пайдо намудани Пешвои миллат ҳам, Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти миллӣ дар байни аҳолӣ касб намуда, ҳамчун лидери сиёсӣ шинохта мешуд.
Таърихи мулку мулкдорӣ гувоҳ аст, ки аз қадим то имрӯз бисёре аз миллат ва давлатҳои ҷаҳон дорои Пешвои сиёсӣ буда, онҳо миллату давлати худро ба як ҷомеаи саодатманд расонида, аз нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот додаанд. Таҷассуми пешвои хирадманд дар нақши Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Искандари Мақдунӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ маълуму машҳур аст.
Паёмбарони Худо ва имомони мазоҳиб дар ҷодаи дин ба ҳайси Пешво эътироф гашта, дар самти наҷоти башарият дар мубориза бо хурофот, ҷаҳлу таассуб ва оини бутпарстию ширкгароӣ хизматҳои шоиста ва мондагор барои инсоният анҷом додаанд. Номи накӯ ва амалҳои солеҳи онон дар авроқи таърих бо оби тилло навишта шуда, имрӯз боиси ифтихор ва эҳтироми ҷомеаи башарӣ мебошанд.
Искандари Мақдунӣ дар Юнони қадим, иператор Куруши Кабир дар хиттаи Ориё, Амир Исмоили Сомонӣ дар Бухорову Балх, Пётри 1 дар Русия ҳамчун пешвоёни сиёсӣ ва ҳомии асосии миллату давлати хеш шинохта шудаанд.
Пешвои сиёсии халқи Чин Мао Зе Дун дар эҳёи миллат, давлатдории миллӣ ва иқтисодиёти кишвари Чин саҳми арзишманд гузошта, бо сипарӣ шудани вақт ва бо баракати сиёсати хирадмандонаи Мао Зе Дун давлати Чин яке аз бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ гаштааст. Ҷорҷ Вашингитон то имрӯз пешвои сиёсӣ ва ифтихории амрикоиҳо буда, ба ному сурати вай асъори миллӣ сикка зада шудааст.
Набудани лидери қавии сиёсӣ ба ҳайси Пешвои миллат, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Набояд он рӯзҳои сиёҳ ва хунрезиҳои бемаъниро фаромуш сохт. Зиракӣ ва бедории миллӣ ва диниро набояд аз даст дод. Душманони миллат, созмонҳои экстремистӣ ва хоҷагони онҳо қарор нестанд, балки барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ ба шахсияти Пешвои миллат ва давлати миллӣ ҳастанд.
Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон бо 128 давлати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлолияти Тоҷикистонро 150 давлати дунё эътироф намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати алоҳида мешиносанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи идеология ва фарҳанги асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ буда, сипари амнияти фарҳангиро барои таъмини сулҳу субот ва бақои халқи тоҷик фароҳам сохт. Дар ин замина як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ ва бузургдошти шахсиятҳои маъруфи миллиро ба роҳ монда, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ аз дини мубини ислом пуштибонӣ намуда, эълон намуд, ки терроризм ва экстремизм ба ислом ягон иртибот надоранд. Ислом зидди ҳама гуна хушунат, террор ва тундгароию ифрот аст. Шахси террорист миллат, дин, Ватан ва фарҳанг надорад.
Сиёсати фарҳангдӯстӣ, меросмеҳварӣ ва шинохти таъриху тамаддуншиносии Пешвои миллат барои тақвиятёбӣ, мустаҳкам гардидани ҳуввияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронида шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва душманшиносии ҷавонони кишварро бедор намудааст. Чунин ҳолати кор эътибор ва эҳтироми Пешвои миллатро дар байни аҳолӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ бисёр маъруфу машҳур гардонид.
Даҳҳо низоми сиёсии давлат, салтанат, империя ва хону амирони бузурги ҷаҳонӣ дар тӯли таърих бинобар ба эътибор нагирифтани шаклгирии душмангароӣ, меросситезӣ, таърихсӯзӣ, тафриқаю низои ақидавӣ ва динӣ омили фурупошии онҳо гаштааст.
Дар шароити бисёр мураккаби геоиқтисодӣ, геодемографӣ ва геосиёсии ҷаҳон, бархурди манфиати қудратҳои бузурги низомию сиёсӣ, доман паҳн кардани терроризми байналмилалӣ дар мисоли созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар хатарҳои замони муосир бори дигар дуруст ва саривақтӣ будани қонунан Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро исбот сохтааст. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, фарзанди фарзонаву сарсупурдаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба шоистагӣ давлати миллӣ ва ҷомеаи мардумии моро бо фазли Илоҳӣ аз хатарҳо нигаҳ дорад ва ба сӯи ояндаи дурахшону саодатманд пеш барад.

413Комилов Д.Р.,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири

кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


414Самиъзода Б.С.,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии

Академияи Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...