Милитсия – ҳомии боэътимоди халқу Ватан
Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро қатъи назар шаҳрвандӣ ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, этиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад.
Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.
Яке аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин пешгирии ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин кормандони мақомоти корҳои дохилиро лозим аст, ки дар самти пешгирӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон саҳмгузор бошанд, зеро нисфи ҷиноятҳо аз нодуруст тарбия гирифтани шахс ё аз беэҳтиётӣ ва дар муҳити носолим ба воя расидан сар мезананд.
Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи башардӯстию ватанпарастӣ, поквиҷдонию накӯкорӣ, ҷавонмардию далерӣ, ахлоқу одобӣ ҳамида ва маърифатнокӣ аз расму оини дерин ва суннатҳои миллию арзишманди мардумони шарқ, аз ҷумла мо мардумони тоҷик ба ҳисоб мерафт, ки таконбахши рушду такомули ҷомеа ва ҳаёти хурраму саодатбор ва истиқлолияту озодист. Чунин хислатҳои наҷиб бахусус садоқат ба халқу ватан, ки бояд дар замиру ниҳоди инсонӣ парвариш ёбад, баёнгари арзишҳои тамаддуни башарӣ аз чумла мардуми ориёнажод мебошад, ки таи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаву аз ҷониби суханварон - адибон ва муаррихони давру замонҳои гуногун дар намунаи ҳаводису ҳаёти мардумони мо ситоиш ёфта ба муқобили ҷабру ситам ва зулму таҳдит, разолату хиёнат, нотавонию маҳкум гаштааст.
Ҳанӯз ҳазор соле қабл ҳамосарои машҳури ховарзамин Абулқосими Фирдавсӣ дар достонаш «Шоҳнома», ки ба қавли худи ӯ чун кохи бегазанд то ба имрӯз маҳфузу устувор аст, бо сутудани шуҷоату далерӣ ва ҷасорату мардонагӣ ба дасти душман додани сарзамини хешро баробар бо марг дониста чунин нигоштааст:
Нигаҳ кун ба-дин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор,
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ҳамзамон бо он чунин як устодони назми классикӣ бо ташвиқу тарғиби чавонмардӣ кашидани бори миннати ситамгаронро мазаммат карда, ҳар гуна азияту шиканҷаро дар баробари эҳсони чунин ашхос авлотар медонанд. Ба ин маъни Ҳоҷа Абдураҳмони Ҷомӣ чунин фармудааст:
Ба дандон раҳна бар фулод кардан,
Ба нохун раҳ ба хоро буридан.
Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан.
Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор,
Зи машриқ ҷониба мағриб давидан.
Басе бар Ҷоми осонтар намояд,
Зи бори миннати дунё кашидан.
Бузургтарин саодати инсон озодӣ ва истиқлолияти он аст, ки бояд онро ба мушкилоту фишори зиндагӣ нигоҳ накарда ҳифз намуд ва муқаддас донист.
Ба андешаи мо дар ин мавзӯъ волотарин сухани манзум ва мавзун аз ҷониби устод Абдуқосими Лоҳутӣ суруда шудааст, ки дар ҳеҷ давру замоне арзишу қиммати худро аз даст нахоҳад дод ва имрӯз низ бояд шиору ормонӣ чавононӣ мо бошад, ки дар хизмату ҳифзи Ватани хеш қарор доранд:
Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Ба ин маънӣ ҳар як корманди милитсия дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардааш уҳдадор аст, ки ба шахсони дар натиҷаи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, ҳамзамон ба онҳое, ки дар ҳолати нотавонӣ ё дар ҳолатҳои барои ҳаёташон хатарнок мебошанд, далерона хизмат намояд.
Ҷавонмардии милитсия дар пешгирии ҷинояткорӣ, дастгир намудани шахсони ҷиноякор асос меёбад.
Айдархонзода Шукрихудо,
Абдураҳмонзода Н.Т.