Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то Истиқлолият. Очерки мухтасари таърихӣ
(Бахшида ба 10-уми ноябр ҳамчун Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик)
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Комиссариати халқии корҳои дохилӣ - КХКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи расмии фаъолияти худро 6-уми феврали соли 1925 дар бинои имрӯзаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шурӯъ намуд. Аммо мақомоти милитсия (политсия) - и Тоҷикистон дар ибтидои таъсисёбӣ ба се давраи таърихӣ ҷудо мешавад: давараи якум-солҳои 1917-1924 дар қисмати шимоли Тоҷикистон ва Бадахшони Куҳӣ дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон; давраи дуюм 1920-1924 дар Бухорои шарқӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро; давраи сеюм 1924-1929 баъд аз тақсимоти маъмурӣ-марзии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Маълумот дар бораи фаъолияти политсия дар аморати Бухоро ба ҳайси «миршаб» маълум буданд, ки дар ин бора маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) дар асарҳояш маълумот додааст. Миршаб ҳамчун «полисмейстер» бар зидди дуздӣ, авбошӣ, тангаҳои қабакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза мебурд. Сохтори таъини тариботи ҷамъиятӣ дар нимаи дуюми асри 19 ва асри 20 дар асарҳои олимони рус аз қабили Семенов А.А., Арандаренко Г.А., Липский В.И., Логофет В.И., Маев М.А., Снесарев А.Е., Стремаухов Н., Хаников Б. ва дигарон инъикоси худро ёфтааст. Дар бораи фаъолияти политсияи тоҷик то инқилоб дар Хуҷанд Стеско И.А., Турсунов Х.Т., Каримов Т.Р., Б.Ғафуров, Искандаров Б.И., Раҷабов З.Ш., Мулукаев Р.С. низ иттилои васеъ додаанд.
Соли 1924 моҳи сентябр дар назди Коммисариати Халқии Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Мухтори Туркистон бо роҳбарии Петров Г. «Комисияи Марказии мураттабсозии милитсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалисти Мухтори Туркистон» таъсис дода мешавад, ки бинобар сабаби тақсимоти маъмурӣ - марзии Осиёи миёна он мутаассифона пурра амалӣ намегардад.
Ба омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик солҳои 60-уми асри 20 Мотилёв Я.С., Лисенко Е.А. машғул шуда, якчанд очеркҳои публисистӣ ба нашр расид, ки паҳлуҳои гуногуни номаълуми таърихи милитсияи Тоҷикистон ошкор гардид.
Аз соли 1867 то соли 1929 политсия дар қисматҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ, Бадахшони Куҳӣ, вилоятҳои Самарқанд, Фарғона фаъолият дошт. Дар ин бора якчанд ҳуҷҷатҳои бойгонӣ «Комиссияи диктатории фавқулоддаи КМИБ оид ба парвандаҳои Бухорои Шарқӣ (Ф.Р-1), «КМИ Бухорои Шарқӣ (Ф.Р-2), «Раёсати Марказии муҳофизаи Бухорои Шарқӣ», «Кумитаи иҷроияи шӯрои коргарон, деҳқонон ва аскарони сурхи вилояти Душанбеи Бухорои Шарқӣ (Ф.Р-6) нигоҳдорӣ шуда, дар бораи тартиби фаъолияти милитсия (политсия) дар ин солҳо иттилоъ медиҳанд.
Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илми ҳуқуқ Раҳимзода Р.Ҳ. «Таърихи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон», доктори илми таърих Розиқзода А.Ш. «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», номзади илми таърих, полковники мустаъфӣ Абдулов А.М. «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Инқилоби федералии буржуазӣ-демократии соли 1917 дар кишвари Россия сохти мутлақиятро барҳам зада бошад ҳам, ҳанӯз гурӯҳҳои манфиатдоре мавҷуд буданд ва мехостанд, ки сулолаи Романовҳоро дастгирӣ намоянд, алалхусус дар ин шароити мураккаб политсияи Ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар роҳ мехост, ки мутлақиятро нигоҳ дорад, аммо таърих дигар ба сохти кӯҳна созгор набуд ва дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби февралии буржуазӣ - демократӣ мутлақият аз байн рафт. Дар ин шароити таърихӣ нерӯҳои англис, франсавӣ бо русҳои тарафдори Шоҳ Николаи 2 забон як карда мехостанд, ки сохти дастгоҳи давлатии кӯҳна аз қабили политсия, артиш ва амалдоронро нигоҳ доранд. Ҳукумати муваққатӣ, ки аз тазоҳуроти инқилобӣ тарс дошт 6-уми марти соли 1917 қарор дар бораи барҳам додани корпуси жандармҳо, 10-уми марти соли 1917 бошад қарори барҳам додани департаменти политсияро қабул намуд. Политсия ба милитсияи халқӣ табдил дода шуд, ки роҳбаронаш интихобӣ буда, ба мақомоти идоракунии маҳаллӣ тобеъ буданд. Дар ҷобаҷогузории кадрҳо аз сабаби нарасидани кадрҳои босавод ва ботаҷриба, 15 марти соли 1917 Ҳукумати муваққатӣ дар бораи ба кор қабул намудани кадрҳои сазовор аз ҳисоби политсия ва корпуси жандармерӣ қарор қабул намуд.
Асосҳои ҳуқуқии ташкили милитсияи Ҳукумати муваққатӣ бо қарор «Дар бораи таъсиси милитсия» ва Низомномаи муваққатии милитсия 17-уми апрели соли 1917 тасдиқ карда шуд. Сентябри соли 1917 ба милитсияи шаҳри Петроград фармон дода шуда буд, ки В.И.Ленинро кофтуков намуда, ба ҳабс гиранд.
Болшевикон аз ин норозигӣ баён намуда, мехостанд, ки дар милитсияи Ҳукумати муваққатӣ мавқеи бештар дошта бошанд ва шаклҳои гуногуни милитсияи пролетариро созмон диҳанд. 1-уми майи соли 1917 дар губернияи Нижегород қарори махсус қабул гардид, ки Шӯрои депутатҳо дар деҳот милитсияро таъсис дода, барои ба кор қабул намудани кормандони пештараи политсия имконият надиҳанд.
Ба қатори милитсияи Ҳукумати муваққатӣ ворид шудани тарафдорони Инқилоб бисёр буданд, яке аз онҳо сардори милитсияи Гелсингфорс сотсиал-демократи финнӣ Густов Семенович Ровно буд, ки дар хонаи истиқоматиаш В.И.Ленинро баъд аз Разлив пинҳон карда буд. Ӯ алоқаи Ленинро ба Петроград ва Кумитаи марказии ҳизб доимо нигоҳ медошт.
Дар шаҳри Уфа охири апрели соли 1917 муовини сардори милитсияи шаҳрӣ П.И.Звенсов таъин шуд, ки аз соли 1908 аъзои ҳизби болшевикӣ буд. Дар шаҳри Минск М.В.Фрунзе бо насаби Михайлов 4-уми марти соли 1917 бо фармони коменданти Минск сардори «Милитсияи Умумироссиягии Иттифоқи Земский оид ба тартиботи ҷамъиятии шаҳр» таъин гашт. Бо роҳбарии вай политсияи пештара беяроқ гардонида шуда, раёсати жандермерия борҳам дода шуда, раёсат ва участкаҳои милитсия таъсис дода шуданд. Милитсияи шаҳрии Минск ба ҳимояи меҳнаткашон гузашт ва зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза оғоз кард.
Аввалин консепсияи ташкили милитсия моҳи марти соли 1917 дар асари Ленин «Мактубҳо аз дур» чунин дарҷ гардид: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Масъалаи ташкили милитсия ба уҳдаи худи коргарон вогузор карда шуд, ки ба Шӯрои депутатҳои коргарон ва аскарон тобеъ карда шуд. Минбаъд милитсия набояд хусусияти назариявӣ, балки амалӣ дошта бошад. 100 корманди милитсия барои 1000 коргар созмон дода шуд, ки онро милитсияи коргарӣ номиданд. Милитсия ҳам корхонаҳои саноатӣ ва ҳам тартиботи ҷамъиятиро назорат мебурд. Дар шаҳр асосан ба намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ, махсусан бо ғоратгарону дуздҳо мубориза мебурд. Кормандони милитсия саводи касбӣ надоштанд, аз ин лиҳоз дар кушодани ҷиноятҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Дар деҳот бошад дастаҳҳои мусаллаҳи милитсия таъсис дода шуданд.
Милитсияи Ҳукумати муваққатӣ баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр 25-уми октябри (7 ноябр) соли 1917 барҳам дода шуд. Барҳам хурдани дастгоҳҳои милитсияи Ҳукумати муваққатӣ хусусиятҳои ба худ хосро дошт. Дастгоҳи марказии он баъди Инқилоби октябр ба дасти Шӯроҳо (Советҳо) гузашт. Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати корҳои милитсия 2-юми декабри соли 1917 барҳам дода шуда, Комитетҳои ҳарбӣ - Инқилобӣ таъсис дода шуданд. Дар Петроград вазифаи комиссари милитсия барҳам дода шуда, Шӯроҳо комиссияи ҳифзи тартиботи Инқилобиро таъсис доданд. Бо ширкати Ф.Э.Дзержинский комиссияи махсуси аз навташкилкунии ҳифзи шаҳр созмон дода шуда, милитсияи кӯҳна барҳам дода шуд ва ба ҷои он милитсияи нав бунёд гашт. 14-уми январи соли 1918 Шӯрои депутатҳои Невижа қарор қабул кард, ки Гвардияи сурх метавонад, милитсияро ҳифз намояд.
Ба ҳайати Совети комиссарони халқӣ, Комиссариати корҳои дохилӣ (ККД-НКВД) ворид буд, ки вазифаҳои сохтмони Шӯроҳоро дар ҷойҳо ва ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дошт. Аввалин Комиссари корҳои дохилӣ Г.И.Петровский таъин карда шуд, ба шӯрои мушовара (коллегия) Ф.Э.Дзержинский, М.С.Уритский ва дигарон дохил буданд. 28-уми октябри (10-уми ноябр) соли 1917 Комиссариати корҳои дохилӣ қарор «Дар бораи таъсиси милитсияи коргарӣ»-ро қабул намуд. Дар қарори мазкур гуфта мешуд:
1.Ҳамаи Шӯроҳои депутатҳои коргарон ва аскарон, милитсияи коргариро тасдиқ менамоянд.
2.Милитсияи коргарӣ мутлақо ба Шӯрои депутатҳои коргарӣ ва аскарон тобеъ мебошад.
3.Ҳокимияти ҳарбӣ ва гражданӣ уҳдадоранд, ки ба милитсияи яроқноки коргарӣ мусоидат намоянд ва бо таҷҳизоти техникӣ ва яроқ онро таъмин намоянд.
4.Қонуни мазкур ба воситаи телеграф равон карда шуда, ба ҳукми амал медарояд.
Дар давраи оғози фаъолияти Комиссариати корҳои дохилӣ Г.И.Петровский корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Раиси КФУ (Комиссияи фавқулоддаи умумироссиягӣ - ВЧК) Ф.Э.Дзержинский ва Г.И.Петровский, ки аъзои ҳайати Мушовараи (коллегия) ККД (Комиссариати корҳои дохилӣ - НКВД) буданд, мунтазам фаъолияти худро ҳамоҳанг месохтанд.
Баъди танҳо 5 моҳи фаъолияти ККД ( НКВД) моҳи марти соли 1918 бо пешниҳоди комиссари корҳои дохилӣ Г.И.Петровский масъалаи ташкили воҳидҳои хизматии милитсия гузошта шуд. 21-уми марти соли 1918 дар маҷлиси Шӯрои комиссарони халқ масъалаи пешниҳоди Низомномаи милитсияи оммавӣ, ҳамчун мақомоти коргару деҳқон, ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба манфиатҳои меҳнаткашон мебошад гузошта шуд. 10-уми майи соли 1918 ҷаласаи Мушовараи ККД (НКВД) чунин қарор қабул намуд: «Милитсия ҳамчун воҳиди доимии шахсоне мебошад, ки функсияҳои махсусро иҷро менамояд, ташкили милитсия бояд новобаста аз ташкили Артиши Сурх гузаронида шуда, вазифаҳои онҳо ба таврӣ қатъӣ ҷудо карда шаванд». 5-уми июни соли 1918 дар Ахбори ККД (НКВД) Низомномаи муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) чоп шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Барои ҳифзи тартиботи инқилобӣ муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) дар асоси бахшҳои доимоамалкунанда тасдиқ карда шавад».
Ташкили милитсия аз кори ҳарбӣ комилан фарқ карда, ҷудо карда шуда, ба Низомнома мувофиқ гардонида шуд. 12-уми октябри соли 1918 ККД (Комиссариати корҳои дохилӣ - НКВД) ва Комиссариати халқии мудофиа Дастурамали ташкили милитсияи коргару деҳқонро тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ мақомоти милитсия таъсис ёфт.
Баъд аз Ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро (2-юми сентябри соли 1920), ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. 10-уми октябри соли 1920 ба Нозироти корҳои дохилӣ уҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои тӯлонӣ ва заҳматталаби собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода А.Ш., чашмандозӣ ба бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Москва собит намуданд, ки калимаи милитсия дар ҳуҷчатҳои бойгонӣ аз соли 1916 ин ҷониб дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз моҳҳои ноябр - декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар Уротеппа, Хуҷанд алакай таъсис ёфта, амал мекарданд. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати Рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6-уми феврал ба 10-уми ноябр гузаронида шуда, ба қавли профессор Розиқзода А.Ш. «иштибоҳ бартараф шуд».
Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбияш дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла, тибқи тадқиқотҳои илмии олимон, академик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Намоз Ҳотамов, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Солиев Карим Ҳоҷиевич, Розиқзода Абдулҳаким, Носир Назарзода, Файзалӣ Шарифзода, Зикрулло Саидзода қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти Шӯравӣ ва солҳои Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург мебошад.
Дар ин ҷода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони ин соҳа таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тадқиқотҳои беназир гузаронида мешаванд. Фанни таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла таърихи милисияи тоҷик ба курсантону шунавандагон омӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз чандин монографияҳо, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ доир ба таърихи милитсияи тоҷик ва фаъолияти он ба нашр расидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони Академияи ВКД ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ устуворӣ ва қатъиян нишон медиҳанд.
Тибқи адабиёти мавҷуда ҷинояткорӣ – яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа башумор рафта, на танҳо ба ҷомеа ва ба давлат хавфнок аст, балки шахсиятро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва маънавӣ коста намуда, боиси азияти рӯҳию ҷисмонӣ гардида, оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Аммо чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд, пушаймонӣ суд надорад. Бар зидди ҷинояткорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеа, ҳар як фарди ватанпарвар муборизаи беамон мебарад. Махсусан дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ солҳои тӯлонӣ мубориза бурда, таҷрибаи хеле бой ва рангин дорад.
Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ба ақидаи муҳаққиқи барҷастаи таърихи милитсияи тоҷик Розиқзодаи А.Ш. тамоми фаъолияти худро бар зидди ҷинояткорӣ, муҳофизат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди усулҳои мубориза ба унсурҳои ҷиноятӣ равона намуда буд.
Ин саҳифаҳои таърихи муборизаи милитсияи Тоҷикистон ба замони Шӯравӣ рост меомад, ки қувваҳои аксулинқилобӣ бар зидди ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд. Ҳарчанде, ки андешаҳо атрофи ин масъала тобишҳои навро ба худ гирифта бошанд, ҳам ҳеҷ гоҳ, саҳифаҳои дурахшони милитсияи Тоҷикистон аз мадди назари таърих дур нахоҳад монд ва ин як давраи томи таърихӣ аст, ки мақомоти милитсияи тоҷик - ҳамчун милитсияи Шӯравӣ фаъолият менамуд. Дар ин солҳо мақомоти милитсия дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст. Гурӯҳи муаллифони рус бо роҳбарии Коситсин А.П. давраҳои муборизаи мақомоти милитсияи Шӯравиро чунин тақсим намуданд:
Давраи якум, солҳои – 1917-1936;
Давраи дуюм, солҳои – 1936-1977;
Давраи сеюм, солҳои - 1977- 1987.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ милитсияи Шӯравии Тоҷикистон бар зидди чунин намуди ҷиноятҳо мубориза бурдааст:
- мубориза бар зидди қувваҳои аксулинқилобӣ;
- ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- мубориза бар зидди маводи нашъадор;
- дуздӣ ва ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- ҷиноятҳои аз рӯи мансаб;
- ҷиноятҳои маишӣ;
- қочоқ дар сарҳадот;
- фаъолияти зиддидавлатӣ ва таъсиси гурӯҳҳои яроқнок.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мадди назари мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ меистод. 5-уми феврали соли 1925 сохтори дастгоҳи кофтукови ҷиноятии мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон коркард шуда, нақшаи муборизаи зидди ҷинояткорӣ кашида шуд. Натиҷаҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле ҳам назаррас буданд, ки зарари иқтисодӣ ба маблағи 8 ҳазор рубли ҳамонвақта ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Ҷинояткорон бошанд ҷазои сазовор гирифтанд. Гарчанде, ки таъминоти молиявӣ ва хоҷагии мақомоти кофтукови ҷиноятӣ душвориҳо дошт, ба ин нигоҳ накарда, милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд. Танҳо аз октябри соли 1925 то феврали 1926 дар шаҳри Душанбе 133- ҷиноят содир шуда буд, ки аз онҳо 48 дуздӣ, 5-то ғоратгарӣ, 12-то куштор ва дигар боқимонда ҷиноятҳо буданд, ки аз онҳо ҳамагӣ 67-то ҷиноят кушода шуда буданд.
Душвориҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он буд, ки мутахассисони тоҷик дар мақомоти милитсия намерасиданд, дар мақомоти кофтукови ҷиноятӣ низ воҳидҳои корӣ ва кадрҳои миллӣ кам буданд. Бисёриҳо бошад ба кори мақомоти кофтукови ҷиноятӣ сарфаҳм намерафтанд. Муассисаҳои таълимии тайёр кардани кадрҳо мавҷуд набуд. Ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбии худ тамоми чораҳоро бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати Тоҷикистон саҳми бузург гузошт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз мудҳиштарин саҳифаҳои таърихӣ буда, дар он тамоми халқҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳам дар фронт ҳам дар ақибгоҳ барои таъмини он ҷонсупорӣ намуданд. Махсусан милитсияи Тоҷикистон дар ин солҳо хеле фаъолона амал карда, кулли кормандони он ихтиёрӣ ба сафҳои Артиш ба фронт раҳсипор шуданд. Қисмати боқимонда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, душманони дохилӣ ва хориҷӣ муборизаи беамон бурданд. Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонид, ки фаъолияти миллитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. 7-уми июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занон аз шаҳри Маскав оғоз гардида, 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20%-ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Дар ин давра сардори Раёсати шиносномадиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон Е.Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода, шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД ) С.И.Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қӯшунҳои Артиш маълумоти нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумоти оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад солҳои 40-50-ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
4 нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошвин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Косимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Константин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷинояти КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйироти куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омад.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сараёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1953 бошад ВКД мустақил гардида, қарорҳои ҳизбӣ ва давлатиро иҷро намуда, соли 1956 сохтори онро ба Шӯроҳои депутатҳо ва Вазири корҳои дохилӣ тобеъ намуд. Моҳи январи соли 1960 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС, ВКД ИҶШС-ро барҳам дода, вазифаҳои онро ба ВКД ҷумҳуриҳои иттифоқӣ супорид, ки минбаъд ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуданд.
Чи тавре, ки амалия нишон дод, чунин таҷдиди назари дастгоҳи марказии ВКД ИҶШС ба душвориҳои зиёди сохторӣ ва хизматӣ оварда расонид. Ҳамин тавр дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд 26-уми июни соли 1966 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС фармонро дар бораи таъсиси «Вазорати иттифоқӣ- ҷумҳуриявии ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИҶШС» интишор намуд. Дар ҳайати он Сарраёсат ва раёсатҳои зерин таъсис ёфтанд:
- Сарраёсати милитсия
- Сарраёсати ҷойҳои маҳбусон
- Раёсати тафтишот
- Сарраёсати қӯшунҳои дохилӣ
- Сарраёсати ҳифзи сухтор.
Моҳи ноябри соли 1968 бо укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС табдил дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои корҳои дохилии кишвар (край) ва вилоятҳо сохторҳои шӯъбаҳои корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти куллии сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар моҳи феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фӯруши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ - ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хос буд.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси талаботи манофеи миллӣ бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашт, ки мавзӯи алоҳидаи тадқиқоти илмиро тақозо менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигароникунанда набуд, вале минбаъд бо ҷойи доштани омилҳои субъективӣ ва объективӣ, баъди шикасти давлати абарқудрати Шӯравӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, ба даст овардани Тоҷикистон, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сар зад, ки дар натиҷа сабабгори фалаҷ гардидани кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гардид. Гурӯҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ бошанд, аз вазъияти муташанниҷи сиёсӣ ва суст гардидани пеш аз ҳама низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода намуда, тадриҷан роҳҳои пинҳонии қочоқи маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аз худ намуданд. Аз ҳамон давра дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориҳои марбут ба интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Тоҷикистон бори аввал соли 1993-юм 38 килограмм афюн ва соли 1996 нахустин маротиба 6 килограмм героин мусодира кардаанд.
Маводи мухаддире, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мешавад, асосан тариқи се масир интиқол меёбад: Масири «Балкан» — тариқи давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон (дар бисёр ҳолат аз Покистон ҳам мегузарад), Туркия, Юнон, Булғористон убур карда, ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва аз он ҷо ба Аврупои Ғарбӣ интиқол меёбад. Маблағе, ки дар ин самт гардиш мехӯрад, тақрибан 20 млрд. доллар аст. Масири «Ҷануб» — тариқи ин масир маводи мухаддир ба минтақаҳои зиёд интиқол меёбад. Аввал тариқи роҳи хушкигард ба бандари Бандар-Аббоси Эрон ё Карочии Покистон, баъдан ба киштиҳо бор карда, ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Африка, Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, Амрикои Шимолӣ интиқол меёбад. Аз сабаби афзоиш ёфтани талабот ба маводи мухаддир дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин масир васеъ шуда истодааст. Масири «Шимолӣ» - тариқи давлатҳои Осиёи Миёна ба Федератсияи Россия интиқол меёюбад. Ин масир пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боз шуд ва омили асосии ташкилшавии ин масир бесарусомониҳои дар он замон бамиёномада ҳисобида мешавад. Аммо тариқи ин масир миқдори ками маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон интиқол меёбад.
Баробари афзоиши миқёси қочоқи маводи нашъадор Ҳукумати Тоҷикистон бо эҳсоси масъулият дар назди халқу Ватан ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ, ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз намуд, ки мисоли равшани гуфтаҳои боло таъсиси воҳидҳои мустақил ва махсуси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои маводи нашъаовар дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 1994 шуда метавонад. Бо дарки хатари интишори маводи нашъаовар ва таъсири он барои генофонди миллат ва умуман манфиатҳои миллӣ, Тоҷикистон муборизаи қатъиро бо муомилоти ғайриқонунӣ ва трансмиллии он оғоз намуд. Дар ин замина 12-уми уми апрели соли 1996 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чораҳои таъхирнопазир бобати пурзӯр намудани муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба имзо расид, ки заминаи асосии муборизаро ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ гузошт.
Пас аз имзои созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, дар соли 1997 раванди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии кишвар оғоз гардид ва таъсири мусбии худро ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро гузошт, ки он натиҷаи заҳмати азим ва саъю кӯшиши Асосгузори сулдҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва тамоми Тоҷикистониён мебошад.
Ҳамсоягӣ бо яке аз истеҳсолкунандагони калонтарини маводи нашъаовари ҷаҳонӣ – Афғонистон, ки ҷумҳурии мо бо он сарҳади бештар аз ҳазор киллометраи дорои вазъияти мураккабтарини кӯҳсор мебошанд, Тоҷикистонро ба мамлакати мобайнӣ табдил дод. Аз ин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти ин кишварро, ки дар он ҷанги бештар аз 30- сола идома ёфта, ва он ба манбаи асосии истеҳсолу паҳн кардани маводи нашъаовар табдил гаштааст, ба назар нагирифта наметавонад. Бинобар ин Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли соли 1998 дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба маводи нашъаовар даъват намуд, ки дар атрофи Афғонистон «камарбанди зидди маводи нашъаовари амният» ташкил карда шавад. Ин мавзӯъ бори дигар дар Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар», ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе доир гардид ва дар кори он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ ширкат намуданд, садо дод,ки яке аз ташаббускорони он ВКД Ҷумҳурии Точикистон буд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба хатари маводи нашъаовар, ки аз Афғонистон мерасад, ишора намуданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир кӯмак расонанд.
Инчунин, декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва перекурсорҳо» қабул шуд. Тоҷикистон ба таҳдиди интишори маводи нашъаовар, дурнамо, робитаи бе воситаи он бо ҷинояткории трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ ва оқибатҳои манфии он ба амнияти миллӣ, суботи комил, инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодии кишварҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳои воқеӣ дода, моҳи июни соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ташаббус - таъсиси Эътилофи ягонаи зиддинашъамандӣ ба миён гузошт ки он кӯшишҳо, иқдомот ва имкониятҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар расонидани кӯмак ба Афғонистон ба ҳам оварад.
Моҳи апрели соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ «Оид ба пешгирии сӯистифода аз маводи нашъаовар» ба имзо расид, ки кӯшиши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар кори коҳиши талабот ба маводи нашъаовар муттаҳид менамояд. Солҳои 1999 – 2007 бошад, се барномаи миллии давлатӣ татбиқ шуд ва дар ин замина бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми ноябри соли 2007 «Барномаи ягонаи мақсаднокии давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012» тасдиқ шуд. Ҳамчунин Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2013-2020 аз 13.02.2013, таҳти№1409 қабул гардид.Боиси тазаккур аст,ки дар тадбиқи ин санадҳои муҳим накши ВКД Ҷумҳирии тоҷикистон хеле арзандабуда,дар гузаронидани чорабин
Бояд қайд намуд, ки ҳоло заминаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ташкил шуда, имкон медиҳад, ки проблемаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши онҳо ва пешгирии нашъамандӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда шаванд.
Мақомоти корҳои дохилӣ низ чун сохтори ваколатдори давлатӣ дар масири таърихи хеш ва хусусан дар айёме, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи ниҳоят ҳасос қарор дошт, худро ҳамчун ҳомии боэътимоди амният ва қонуният нишон дода, дар ҷараёни ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият, сохти конститутсионӣ, рафъи оқибатҳои ҷанги шахрвандӣ ва пеш аз ҳама муборизаи ҷиддӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз зуҳуротҳои номатлуб ҷомеа буда, метавонад шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллиро ташкил диҳад, мавқеи устувору фаъол дорад.
Аз ин хотир, бо дарки зарурияти масъалаи мазкур, дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ, ки вазъияти сиёсии кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт ва онро ҷанги бародаркуш таҳдид менамуд, дар таърихи 21 – уми декабри соли 1994 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои таъхирнопазир оиди беҳдошти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ» ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми декабри ҳамон сол таҳти №570 ба тасвиб расид, ки тибқи он дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шуд, ки дар чунин шароити таърихӣ масъалаи зарӯрӣ ва мақсаднок буд.
Албатта, ҳадаф аз таъсиси Раёсати мазкур, ки яке аз аввалин ниҳодҳо дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои марбут ба он дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад, дастёб шудан ба пешравиҳои назаррас дар бахши мубориза бо ин маводи заҳролуд, ки тавонистааст чандин фарди ҷомеаи инсониро мубтало намуда, ҳаёти онҳоро ба нобудӣ барад, мебошад.
Ҳисси масъулиятшиносии кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз рӯзҳои аввал эҳсос гардида, масъулияти бар дӯштдошта бобати иҷрои вазифаҳои хизматӣ онҳоро нисбат ба тақдиру ҳаёти одамон бетараф нагузошт. Бовуҷуди пурзӯр гардидани мубориза ва андешидани чораҳои таъҷилӣ, гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита тавассути сарҳад нақшаи муомилоти воситаҳои нашъадорро пиёда месохтанд, зеро барои контрабандистон (қочоқчиён) Тоҷикистон ҳамчун як кишвари транзитӣ имкон медод, ки онҳои нтиқоли воситаҳои нашъаоварро аз Афғонистон ба Россия ва аз онҷо ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монанд.
Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди вазифаҳои муҳум ва хеле густурда доштан, мақомоти корҳои дохилӣ дар назди миллату давлат, масъалаи пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, яке аз масъалҳои муҳим, марказӣ ва пеш аз ҳама вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарият ва дар маҷмӯъ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Далели гуфтаҳои боло мусодира ва нобут гардонидани беш аз 35 тонна воситаҳои нашъадори гуногун аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994 – 2012 шуда метавонад. Ҳоло, тасаввур кардан мушкил нест, ки ин миқдор воситаҳои нашъадор агар ба фурӯш ва дасти истеъмолкунандагон мерасид, чӣ қадар инсонҳои солим, аз ҷумла ҷавонон, ки нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бадбахту нобуд мегардиданд. Бадтарин хусусияти ин падидаи номатлуби тиракунандаи ақл табдил ёфтани он ба манбаи асосӣ, бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористии ҷаҳон мебошад.
Инчунин қайд намудан лозим аст, ки маҳз бо ташаббуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар буданд, ки тибқи маълумотҳои Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар ҷаҳон ба ҷои чорум ва дар байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷои якум баромад.
Чӣ тавре ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд «Комилан возеҳ аст, ки дар мубориза ба гурӯҳҳои муташаккили трансмилли нашъаҷаллоб бо кӯшишҳои танҳо як давлат, ҳар қадаре, ки қудратманд бошад, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас амалан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои асосии ташкили муборизаи самарабахш бар зидди ин таҳдид таъсиси шабакаи бисёрзинаи ҳамкории байналмиллалӣ мебошад».
Дар ин асос мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҳамкориҳои байналмилалиро, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз бахшҳои афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Бояд таъкид намуд, ки бо соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, васеъ шудани робитаҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунии Тоҷикистон, соҳаҳои нави ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алалхусус Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва як қатор мамлакатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Шарқи наздик ташаккул ёфтаанд. Инчунин, бо як зумра сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии мамлактҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Германия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Корея, Аморати муттаҳидаи Араб ва ғайра, Созишномаҳо, Меморандумҳо ва Шартномаҳо дар бораи ҳамкорӣ баста шудаанд.
Робита ва ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳар чӣ бештар тақвият додан ва дарёфт намудани роҳҳои афзалиятноки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷиноятҳое, ки имрӯзҳо ба шаҳрвандон ва умуман инсоният таҳдид мекунад, дар доираи Созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигарон инкишоф ёфта истодаанд. Вале бо ин нигоҳ накарда, вазъият дар самти гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор беҳбудиро тақозо доард, ки вобаста ба ин дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақа чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қочоқи маводи нашъаовар, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Аврупоӣ бо истифода аз масири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Россия – тариқи роҳи «Хати Шимол» сурат мегирад, андешида шуда истодааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки омилҳои буҳронии ҳамсоякишвари бародари мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон печида ва мураккаб буда, бисёре аз ангезаҳои он дар ҷомеаи қабилавӣ нуҳуфтаанд. Проблемаи дигари Афғонистон мавқеи ҳассоси геополитикии вай мебошад, ки дар қалби Осиё ҷойгир аст ва ба истилоҳи геополитикии “Хартленд”, имрӯз макони муҳолифати абарқудратҳо, барои нуфуз дар ин минтақа табдил ёфтааст.
Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар таърихи 22-юми декабри соли 2017 ироа гардид, ба чунин масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла чунин зикр намуданд: «Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт» .
Бо дарки хавфу хатари омилҳои зикршуда, аз ҷумла паҳншавии маводи нашъаовар, ки яке аз зуҳуроти номатлуб ва ташвишовари ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро лозим меояд, ки тамоми нерӯии касбии хешро ҳарчи бештар баҳри дарёфти роҳҳои муассири мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сарф намоянд. Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза ва муқовимати паҳншавии маводи мухаддир истдодааст, ки натиҷаҳои фаълияти он назар ба дигар мақомот хеле арзанда ва назаррас буда,тадқиқоти доманадорро тақозо менамояд.
Рӯзи 10-уми ноябри соли равон ба таъсисёбӣ ва фаъолияти босамари милитсияи тоҷик боз як соли дигар пур мегардад.
Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри бобаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси пайкори хеш донистаанд, фаромӯшнопазир мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд, сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, мубориза ба муқобили ҳаракатҳои босмачигарӣ, муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии хоҷагии халқ, таъмини истиқрори сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ин касби мураккаб, вале пурифтихор намуда, беҳтарин суннатҳои волои ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу савгандро ба насли имрӯзи мақомот боқӣ гузоштаанд.
Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомамалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».
Бояд қайд намуд, ки дар тули як аср ҳарчанд сохторҳои давлативу шаклҳои давлатдорӣ ва чандин наслҳои кормандони милитсия иваз шуда бошанд ҳам, вазифаи пурмасъул ва ифтихорманди милитсия: таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва дигар вазифаҳои масъулиятнок ҳамоно як маром боқӣ мондааст.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ саҳифаи навину дурахшонро дар таърихи миллату давлат, ҳамзамон дар ҳаёту фаъолияти милитсияи Тоҷикистон низ ифшо намуда, дар солномаи он мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву сарсупурдагиҳо ва садоқат ба касбу савгандро сабт намудааст.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд сарпечӣ накарда, дар ин раванди ниҳоят душвор, баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии руҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Инчунин, мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалаҷ будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон бо зуҳуроти нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Воқеан аз лиҳози таҳлили вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000-ум раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад.
Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан баъзан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дилпуру хотирҷамъ бошем. Зеро, ҷинояткории имрӯза, ки шаклу зуҳуроти нав ба нав пайдо намудааст, инчунин авзои сиёсии мураккабу хатарҳои минтақа моро водор месозанд, ки лаҳзае фориғ нагашта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар ин замина, милитсияи тоҷик имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда онро вусъат дода истодааст.
Милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд. Собиқадорони муҳтарам ҳамроҳи мо ҳастанду ҷавонони болаёқат тарбият ёфта истодаанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки кормандони милитсия ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон боварӣ дошта, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Ҳамаи ин асос медиҳад, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, миллату давлат ва Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки аз ҳама он вазифа ва уҳдадориҳое, ки дар назди мо гузошта шудаанд сарбаландона баромада, сипари боэътимоди кишвар мебошем.
Дар таърихи ташаккулёбии ҳар давлату миллат давраҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки омили асосии сарҷамъӣ ва бақои миллат баромад намуда, дар роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқулодда бузург касб менамояд.
Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва умуман тоҷикистониён дар фароварди садаи ХХ соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд.
Имрӯзҳо бошад мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Албатта арзиши мазкур далели амалӣ гардидани ормонҳои миллати тамаддунсози тоҷик дар тули таърихи хеш мебошад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо дар 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ бидуни шак дастовардҳои хело зиёд дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно ҳифзи истиқлолият ва дарёфти сулҳу оштӣ мебошад.
Албатта, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комили ҷомеа буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.
Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.
Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих, хосатан иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд, аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд, рӯ ба рӯ гардид.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «… Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти канститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Вобаста ба мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни он асару мақолаҳои илмӣ, ёдоштҳо ва назару андешаҳои донишмандон ба тасвиб расидаанд, вале мо тасмим гирифтем, ки дар атрофи фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолият чанд андешаҳои хешро баён намоем. Аввалан бояд таъкид намуд, ки аз ибтидои истиқлолият дар тамоми давраи ҷанги шаҳрвандӣ кормандони милитсия аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар мамлакат даҳҳо ва садҳо гурӯҳҳои хурду калони ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки сулҳу субот ва тинҷии кишварро намехостанд.
Ҳамзамон, дар тамоми зинаҳои музокирот ва гуфтушунидҳо баҳри таъмини сулҳ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иқдомҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар роҳи пиёда намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати конститутсионӣ пайваста талош варзидаанд. Илова бар он, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сангарҳо алайҳи олами ҷиноят мубориза мебурданд, дар фаъолияти рӯзмарраи раванди музокирот ва минбаъд Комиссияи оштии миллӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ҳаллу фасли бисёр масоили сарбастаю мураккаби раванди оштии миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату бӯҳронии рӯҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият, ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо неки ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки замони мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ, ягона унсуре, ки ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки хеш оғоз менамоянд, гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошанд. Яъне бо ҳар роҳу восита мехоҳанд то, ки ҳаёти осоиштаи мардумро мушкил гардонида, қишрҳои тангназар ва маҳдуди ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб кашида, барои худ ва манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии хеш нафъ ба даст оваранд. Албатта ҳаводиси сиёсии солҳои ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани гуфтаҳои мазкур буда метавонанд.
Инчунин мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалаҷ будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин бо зуҳуроти нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз яроқи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ андешидени чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки албатта бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат табдил ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида бошад, ҳам ҳамоно вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб буд, ҳанӯз дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳбадасти муташаккили ғайриқонунӣ мавҷуд буданд, ки тинҷиву осудагӣ ва сулҳи саросарии кишварро намехостанд ва бо дастгирии молиявию даъватҳои душманони хориҷии миллати тоҷик амалҳои зишту бедодгарона ва ҷинояткоронаи хешро идома медоданд.
Дар ин раванд, мақомоти корҳои дохилӣ сарфи назар аз мураккаб боқӣ мондани фаъолияти касбияш баҳри таъмини сулҳу субот, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз тамоми захираву имкониятҳои хеш истифода бурда, дар сафи пеши мубориза қарор дошт.
Дигар падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000 фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад ҳизмати арзанда анҷом диҳад. Албатта тибқи вазифа ва уҳдадориҳои комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирон буданд дар ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро аз ҷумлаи реинтегратсияи (реинтегратсия калимаи лотинӣ буда, дар ин ҷо ба маънои шомил кардан, пурра кардан, муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи опозитсиони тоҷик ба қувваҳои ҳукуматӣ), размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ намудани онҳо, гузаштан аз комиссияи тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба сомон расонидаанд, ки дар ҳама ин равандҳои зикршуда милитсияи тоҷик фаъолияти пурсамар анҷом додааст.
Милитсияи тоҷик дар таъмини амнияти аъзои комиссияи зикршуда, пеш аз ҳама намояндагони фаъоли раванди мазкур аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, хосатан иштирокчиёни бевоситаи чонибҳои раванди амалигардонии талаботҳои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро бар уҳда доштанд.
Дар воқеъ ба кормандони милитсияи ҳамон давра чандон осон набуд. Онҳо мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешаеро, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд безарар мегардониданд ва ҳам барои тантанаи сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамуданд. Хусусан барои он кормандоне мушкилтар буд, ки дар минтақаҳояшон ҷараёни реинтеграсияи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат мегирифт. Кормандони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бошанд дар ҳолати пурзӯри хизматӣ ва реҷаи пуршиддати корӣ хизмат мебурданд. Баъзе хизматчиёни силоҳбадаст ва ё гурӯҳи алоҳидаи иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки гузаштаи шубҳаноку ҷиноятҳои вазнин доштанд, ба талаботи намояндагони ҳукуматӣ гӯш намекарданд.
Баъзе саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳи саркаш бошанд сулҳу салоҳро нахоста, ба дастурҳои Комиссияи оштии миллӣ гӯш надода, ҳамлаҳои роҳзанона, дуздию ғоратгарӣ, амалҳои террористӣ содир карда, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва криминогении ҷумҳуриро тезу тунд мегардониданд. Маҳз дар ҳамин давра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рӯз баҳри тинҷиву осудагии кишвар бо ин дастаҳои ҷинояткор дар набард буданд.
Воқеан аз лиҳози таҳлили вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ки натанҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Ин аст, ки милитсияи тоҷик имрӯзҳо зери роҳбарии содиқонаи олим ва шахсияти варзида, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда, масъулияти хешро дар назди миллату давлат боз ҳам сарбаландона иҷро намоянд.
Имрӯз мо кулли кормандони милитсияи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи комили сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем.
Асламов Б.С., Самиъзода Б.С., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.