Милитсия сутуни давлат ва муҳофизи миллат
Таҷлили ҷашни Рӯзи милитсияи тоҷик ба замоне рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва сулҳу суботи комил зиндагӣ намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, собитқадамона кӯшиш намуда истодаанд.
Хушбахтона, дар ин марҳилаи таърихӣ, бо талош ва ҷоннисориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад.
Далели гуфтаҳои мазкур, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти кишвар дар соли равон, буда метавонад. Дар сатҳи баланди ташкиливу идорӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқии милливу байналмилалӣ сурат гирифтани чорабинии мазкур, бори дигар ба ҷаҳониён маълум сохт, ки миллати тоҷик дорои хиради азалӣ, таҷрибаи се ҳазорсолаи давлатдорӣ ва маданияти баланди сиёсӣ буда, имрӯз зери сиёсати созандаи Пешвои муаззам ва ҷонфидои миллати хеш, барои бақои давлатдории миллӣ ва зиндагии шоистаи сокинони сарбаланди Тоҷикистон бо руҳияи шикастнопазир, устуворона пеш мераванд.
Албатта, дар чунин сатҳ баргузор ва ҷамъбаст гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби мардуми сарбаланди Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намудан аз барномаи пешазинтихоботии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як идда хоинон ва нотавонбинони миллатро, ки бо ҳар роҳу васила кӯшиши андарҳам задани зиндагии шоиста ва ободу осӯдаи ин миллатро доранд, барбод дода, тири ноҷавонмардонаи чунин ашхоси тангназар бошад хок хӯрд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ монанди миллати тоҷик, кам миллате дучор мегардад, ки миёни ҳуҷумҳои пайгиронаи аҷнабиёну истисморгарон фарҳангу забон ва суннатҳои панҷҳазорсолаи хешро нигоҳ дошта, ҳуввияту худшиносии миллии худро ҳифз карда бошад.
Қобили зикр аст, ки миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик дар масири таърихи хеш воқеаҳои хурду бузурги сиёсии зиёдеро паси сар намудааст, ки ҳар кадоме дар марҳилаи худ дорои нақши махсус буда, ибратомӯз мебошанд.
Нодиртарин дастоварди ин миллати кӯҳандиёр дар таърихи навини худ, дастёбӣ аз Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки бо заволи Империяи Шӯравӣ насиби он гардид.
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар таърихи муосири миллати тоҷик ҳувайдо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.
Ҳамзамон, Истиқлолияти давлатӣ ки арзишмандтарин дастоварди мардуми фарҳангиву сулҳхоҳи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад, дар назди ин миллат масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба фардоиён расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Мутаасифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Ҳамин тавр бо таъсири омилҳои дохиливу хориҷӣ, дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ҷомеаи Тоҷикистон ба мухолифати тезутунд ва муноқишаи пурвусъат гирифтор шуд. Низоъҳои он давра, ки аксаран хислати тезутунд пайдо мекарданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Ҳолати ногувори сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба назар мерасид. Дар натиҷаи паст гардидани сатҳи таъсиррасонӣ аз тарафи дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, фаъолияти сохторҳои мазкур дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ заиф шуд. Вазъи ҷинояткорӣ дар натиҷаи ҷараёнҳои амиқи буҳронӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ, инчунин, заиф гардидани кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бештар гардид.
Дар ин замина буҳрони иқтисодӣ рӯз то рӯз шадидтар мегардид. Истеҳсолот рӯ ба таназзул оварда, ноустувориву фалаҷии ҳокимият эҳсос карда мешуд, сатҳи зиндагии мардум паст гардида, ҷинояткорӣ бошад авҷ гирифт, ки ин раванди фоҷиаи сиёсиро дар ҷумҳурӣ тезонид.
Дар натиҷаи фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ ва дастраси мардум гардидани яроқи оташфишон, дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо, шумораи ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои махсусан вазнин якбора зиёд гардида, чандин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил ёфтанд. Ҳангоме ки саҳифаҳои аввалини таърихи Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриро дар ин давра варақгардон менамоем, лаҳзаҳои пур аз зиддият ба мушоҳида мерасад. Яъне, фаъолияти милитсия дар ин давраи мураккаби сиёсӣ, аз як ҷониб бетарафӣ, аз дигар ҷониб бошад, далерию матонат, ватандӯстию қаҳрамонӣ ва садоқат ба касбу савганди мебошад.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад.
Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу сарнавиштсоз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида, дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми масъулиятро ба души худ гирифта, заминаи асосиро барои бунёди давлатдории навин гузошт, ки роҳбарии он ба души фарзанди ҷонфидои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд.
Яке аз аввалин масъалае, ки Иҷлосия ба миён гузошт аз он иборат буд, ки бояд тарафҳои даргир, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарк намоянд, ки танҳо бо роҳи гуфтушунид ва бахшиши гуноҳҳо, буҳрони мавҷударо метавон бартараф сохту ба ризояти миллӣ расид.
Дар ин марҳилаи басо мураккаб бо мақсади муътадил гардонидани вазъият дар ҷумҳурӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои дохилӣ, Вазорати корҳои дохилӣ диққати худро барои баррасии як қатор вазифаҳои муҳим равона сохт, аз ҷумла, тақвият додани фаъолият дар кори мубориза бо ҷинояткории муташаккил, андешидани чораҳои мушаххас дар пешгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки аз сабаби хусусигардонӣ, пайдоиши шаклҳои нави моликият ва муносибатҳои пулию молӣ сар мезаданд, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳалҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории қавӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриҳои мустақил барои ҳалли чунин масъалаҳои муҳим дар ин раванди ҳассос равона намуд.
Ҳамин тавр, бо дарки зарурати ҳифзи арзишҳои мили ва таъмини суботи комил дар ҷомеа, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ кӯшиш намуд, ки ҷузъу томҳои худро дар самти ҳадафҳои мазкур, фаъол намояд.
Бояд иброз намуд, ки мақомоти милитсияи тоҷик дар ҳама давру замони таърихи хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бар уҳда дошта, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш милитсияи тоҷик то ба ин рӯз роҳи дӯшвору сангинро тай намуда, дар саҳифаҳои таърихи худ қаҳрамониву мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва касбу савганд нишон дода, имрӯз ба сипари боэътимоди халқу Ватан мубаддал гардидааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ-техникӣ устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт мақомоти милитсияи тоҷик буд.
Албатта, масъулияту далерӣ, худшиносиву худогоҳии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат ба инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.
Дар солҳои мудҳиши ибтидои истиқлолият, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт, фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ бараъло эҳсос мешуд, кормандони милитсия новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии руҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият, ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки албатта, имрӯз ёди онҳоро бо неки ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Дар он солҳои даҳшатноки таърихи миллат, даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва садҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо истифода аз вазъияти ба амаломада кӯшиш менамуданд, то ки ҳамарӯза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирии одамон даст зананд ва ба дили сокинони кишвар даҳшат афканданд.
Бо дарназардошти ҷонисориҳои родмардони ин миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум дар суханронии худ, бахшида ба 75 солагии рӯзи таъсиси мақомоти милитсияи тоҷик, аз ҷумла, таъкид намуданд: «Мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли даҳсолаҳои гузашта ва хусусан дар айеме, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи ниҳоят ҳассос қарор дошт, худро ҳамчун ҳомии боэътимоди амният ва қонуният нишон дода, дар ҷараёни ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият, сохти конститутсионӣ ва рафъи оқибатҳои ҷанги гражданӣ мавқеи устувору фаъол доштанд...Ман муносибати софдилона ба хизмат ва кордонии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилиро баланд қадрдонӣ менамоям».
Чи тавре маълум аст, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар баробари шаклҳои гуногуни хисорот, хисороти зиёди моддӣ низ дид мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Мисоли равшани гуфтаҳои мазкур чандин маротиба мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористӣ қарор гирифтанд биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон буда метавонанд. Танҳо дар солҳои 1992 - 1999 ба биноҳои маъмурии вазорат ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии он алалхусус, ШВКД шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Турсунзода, Кофарниҳон (имрӯза Ш. Ваҳдат), Роғун, ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул, Шаҳритӯс, Қубодиён, Бохтар, Сарбанд, Ғозималик, Ёвон, Колхозобод, Рӯдакӣ, Ҳисор, Комсомолобод, Ғарм, Лахш, Ванҷ, биноҳои РВКД вилояти Хатлон, РВКД минтақа ва ноҳияҳои Рашт ва баъзе аз шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти собиқ Ленинобод (имрӯза Хуҷанд), ҳамлаҳо сурат гирифтанд.
Албатта, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зуҳуротҳои нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, экстремизми динӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони милитсияи Тоҷикистонро боз ҳам душвор гардонид.
Бояд қайд намуд, ки маҳз бо пайкори шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти якҷояи онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, субот ва осудагии шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуда, шахсони ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ андешидени чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат ташаккул ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида бошад ҳам, ҳамоно вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб буд, ҳанӯз дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳбадасти муташаккили ғайриқонунӣ мавҷуд буданд, ки тинҷиву осудагӣ ва сулҳи саросарии кишварро намехостанд ва бо дастгирии молиявию даъватҳои душманони ҳориҷии миллати тоҷик амалҳои зишту бедодгарона ва ҷинояткоронаи хешро идома медоданд.
Дар ин раванд, мақомоти корҳои дохилӣ сарфи назар аз мураккаб боқӣ мондани фаъолияти касбияш, баҳри таъмини сулҳу субот, таҳкими Истиқлоиляти давлатӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз тамоми захираву имкониятҳои хеш истифода бурда, дар сафи пеши мубориза қарор дошт.
Дигар падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд, Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000-ум фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад, ҳизмати арзанда анҷом диҳад. Албатта, тибқи вазифа ва уҳдадориҳои комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирин буданд дар ҷумҳурӣ корҳи зиёдеро аз ҷумлаи реинтегратсияи (реинтегратсия калимаи лотинӣ буда, дар ин ҷо ба маънои шомил кардан, пурра кардан, муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи опозитсиони тоҷик ба қувваҳои ҳукуматӣ), размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ намудани онҳо, гузаштан аз камиссияи тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба сомон расонидаанд, ки дар ҳама ин равандҳои зикршуда милитсияи тоҷик фаъолияти пурсамар анҷом додаст.
Ҳамзамон, милитсияи тоҷик дар таъмини амнияти аъзои комиссияи зикршуда, пеш аз ҳама намояндагони фаъоли раванди мазкур аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, хосатан, иштирокчиёни бевоситаи чонибҳои раванди амалигардонии талаботҳои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро бар уҳда доштанд.
Дар воқеъ ба кормандони милитсия дар ҳамон давра чандон осон набуд. Онҳоро мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешае, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд безарар мегардониданд ва ҳам барои тантанаи сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамуданд. Хусусан, барои он кормандоне мушкилтар буд, ки дар минтақаҳояшон ҷараёни реинтеграсияи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат мегирифт. Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бошанд дар ҳолати пурзӯри хизматӣ ва реҷаи пуршиддати корӣ хизмат мебурданд.
Баъзе саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳи саркаш бошанд, сулҳу салоҳро нахоста, ба дастурҳои Комиссияи оштии миллӣ гуш надода, ҳамлаҳои роҳзанона, дуздию ғоратгарӣ, амалҳои терраристӣ содир карда, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва криминогении ҷумҳуриро тезу тунд мегардониданд. Маҳз дар ҳамин давра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рӯз баҳри тинҷиву осӯдагии кишвар бо ин дастаҳои ҷинояткор дар набард буданд.
Воқеан, аз лиҳози таҳлили вазияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои номатлуби солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, кушишҳои гузаронидани табаддулоти ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи террористӣ-экстримистии Назарзода Ҳ., дар соли 2015 ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандусту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ки натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 29 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дилпуру хотирҷамъ бошем. Зеро, ҷинояткории имрӯза, ки шаклу зуҳуроти нав ба нав пайдо намудааст, инчунин, авзои сиёсии мураккабу хатарҳои минтақа моро водор месозанд, ки лаҳзае фориғ нагашта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳамзамон, милитсияи Тоҷикистон, имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан, табақаи созандаи ҷомеа-ҷавонон, оид ба таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда истодааст, ки алббата, дар ин ҷода сомонаи расмии ВКД, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», барномаи «Ахбори ВКД», «Набз» ва дигар чорабиниҳо нақши муҳим доранд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки дар тамоми давраи музокирот, раванди сулҳ, таъмину таҳкими ризоияту Ваҳдати комили миллӣ дар кишвар саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле арзанда мебошад. Имрӯз мо кормандони милитсияи Тоҷикистон ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковни ки милитсия