Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳодатномаи миллат

374Гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беасос нест. Дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрӯзаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номуташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрӯзамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис дода шуд. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр гардид. Дар ин замон вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт, зеро гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати ҳамонвақтаи кишвар пайдогардида, оромии мамлакатро халадор намуданд ва инро ба назар гирифта бо Қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳлати муҳокима то 1-уми июли соли 1992 дароз карда шуд. Вазъи ноороми сиёсии мамлакат охир ба ҷанги шаҳрвандӣ расонид ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир афтод.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи таърихсоз баргузор гардид. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Дар Иҷлосияи мазкур Қарор “Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олии ҶТ аз 23-юми августи соли 1990 “Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар он вақт вазифаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобил Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доштанд), таъсис ёфт.
Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил карда шуданд.
Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи аввал тарзи идоракунии ҶумҳурииТоҷикистон шакли парлумонӣ ва лоиҳаи дуюм ба тарзи идоракунии президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идоракунии президентиро ҳимоя мекунад маъқул дониста онро ба муҳокимаи халқ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.
Дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид.
Бояд қайд намуд, ки халқи Тоҷикистон ҷашни фархунда 26-умин солгарди ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.
Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробарэътибор вуҷуд надорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар, аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Дар ин рӯзҳои пур аз шодиву сурури таҷлили ҷашни 26 – умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудан аз саъю талошҳои созандаи Сарвари давлат ҷиҳати таҳия ва қабули Қонуни асосии кишвар басо муҳим аст.
Дар ҷодаи бунёди заминаҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, қабули Конститутсия суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи ХVIII(18)-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Дар ҷаласа масъалаи таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ тасдиқ шуд.
Қайд шуд, ки дар Раёсати Шӯрои Олӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Дар маърӯза Сарвари давлат дар бораи Сарқонун зикр ёфтани масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократияи сиёсӣ, шаклҳои идораи давлатӣ, андешаҳои хосаи хешро иброз намуданд. Масалан, дар мавриди гуногунандешии сиёсӣ чунин таъкид ёфт: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он аз қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳост, ки мо онро қабул дорем». Дар Иҷлосияи ХIХ(19) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (20 июли соли 1994) мавриди муҳокима қарор ёфт. Дар маърӯза марҳилаҳои асосии таҳияи лоиҳаи Конститутсия зикр ёфтанд. Ҳайати корӣ аз аввали моҳи ноябри соли 1993 ба кор оғоз намуд ва бо истифода аз таҷрибаи бойи ҷаҳонӣ лоиҳаро таҳия намуд. Аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид. Аз ин лиҳоз Конститутсияро халқӣ меноманд, зеро дар таҳия ва қабули он он худи халқ ширкат варзидааст.
Дар рафти таҳлили лоиҳа Сарвари давлат доир ба такмили он пешниҳодҳои зерин ба миён оварданд:
-номи қонуни асосӣ - Конститутсия номида шавад;
-дар Конститутсия иродаи халқ ҳамчун асоси қабули Конститутсия ва таъсиси давлати нави Тоҷикистон эълон шудааст;
-таъкид меёбад, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар лоиҳаи Конститутсия масъулияти давлатро дар назди ҷамъият ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад ва ба ҳамин тартиб афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро сабт менамояд.
Дар рафти баррасӣ Сарвари давлат доир ба дигар нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минъбадаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян кард.
Мақсади мардуми кишвар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар ин замина бояд:
Якум, дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон низ бунёди чунин давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ мақсад дорад.
Дуввум, дар асоси ҳамин принсип Тоҷикистон давлате бунёд мекунад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, зиндагии шоистаи онҳо дар заминаи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ таъмин гардад.
Саввум, нисбати принсипи давлати иҷтимоӣ зикр мегардад, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар заминаи ин арзиш имрӯз тамоми тадбирҳои Ҳукумат барои беҳбуди рӯзгори мардум равона гаштааст.
Чорум, рукни муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Дар заминаи Сарқонун ҳаёти ҷамъият дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ин принсип аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.
Панҷум, Конститутсия ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд.
Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:
-дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.
-дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро ташаккул дод.
Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ин аст, ки дар заминаи муқаррароти Конститутсия халқи кишвар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парлумони касбиро таъсис дод. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешина тағйиру такмил дода шуданд. Ба ҷои Шӯрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷои Раиси Шӯрои Олӣ Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Намояндагонро муқаррар кард. Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ – рукни муҳимтарини сохти мардумсолорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.373 Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 26 сол аз қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ҷониби қуллаҳои баланди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалӣ, омӯзгори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...