Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назаре ба мушкилот ва таҳдидҳои нави асри XXI

361«Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир мақсаду мароми мост».

Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Олами муосир бо вуҷуди ин ҳама пешрафту инкишофи худ аз мушкилиҳо ва падидаҳои манфиву канора ва таҳдидҳои харобиовар холӣ нест. Аслан манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, зиддияти байни давлатҳо ва муносибати бешууронаи инсон ба табиат, боиси он гардидааст, ки дар олам ҳар гуна хатару ҳодисаҳои мураккаб ба амал оянд. Аз ин рӯ, асри XXI-ро мушкилот ва таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Олами муосир тарзе намудор мегардад, ки ҳар як фардро водор месозад, то оиди воқеияти ҷаҳонӣ андешае намояд. Бо вуҷуди он, ки олами имрӯза дар як зинаи баланди тараққиёт ҷой дошта бошад ҳам, дар баробари ин, хатару таҳдидҳои зиёде ҷой дорад, ки ҳар лаҳза метавонад хосияти манфии худро ба оламиён ба вуҷуд биёрад.
Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд.
Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ ва об, фурӯши ғайриқонунии одамон, касалиҳои сирояткунанда ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд.
Терроризм – яке аз шаклҳои навини таҳдиди олам мебошад. Терроризм аз забони лотинӣ (terror-тарс, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охири асри XVIII ҳангоми Инқилоби Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимияти давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст. Имрӯзҳо якчанд навъҳои терроризмро нишон медиҳанд, ки ҳар як навъи он метавонад ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дошта бошад, аз қабили терроризми сиёсӣ‚ терроризми миллатгароӣ‚ терроризми динӣ‚ терроризми технологӣ, терроризми кибернетикӣ ва ғайра.
Ҳоло дар ҷаҳон шумораи зиёди ташкилотҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст: «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-Қоида», «Толибон», «Бардорони мусалмон», «Лашкари Тайиба», «Ҷамоати таблиғ», «Созмони Таблиғот», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Салафия» ва ғайра.
Месазад қайд намуд, ки муборизаи аввалинро бар зидди терроризм Лигаи Миллатҳо соли 1937 дар асоси қабули конвенсия «Оиди пешгирии терроризм ва муҷозот барои амали террористӣ» ба миён оварда буд. Хулоса, терроризм ва амалҳои террористӣ яке аз таҳдидҳое мебошад, ки ҳар лаҳза метавонад таъсири манфии худро ба ҷомеа бирасонад.
Яке аз таҳдидҳои дигаре, ки оламро гулӯгир намудааст, ин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Аввали солҳои 90-уми асри XX ҳаҷми солонаи фурӯши нашъа аз 500 миллиард зиёд буд, ки 8%-и ҳаҷми умумии савдои байналмилалиро ташкил медод. Имрӯз дар ҷаҳон мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир‚ вазифаи натанҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ, балки вазифаи тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Яке аз кишварҳое, ки ба макони истеҳсоли маводи мухаддир табдил ёфтааст, ин кишвари Афғонистон мебошад. Мувофиқи маълумоти Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ҳамасола аз Афғонистон тақрибан 900 тонна афюн ва 375 тонна героин содир карда мешавад. Яъне Афғонистон ба калонтарин маркази тавлиди афюн ва героин табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, 90% истеҳсоли ин маводро дар сатҳи ҷаҳон ташкил медиҳад. Тибқи омори Маркази миллӣ ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварамон то соли 2017, -7055 нафар шахсони гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин миқдор бештарашонро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд.
Ҳамчун таҳдиди ҷаҳонӣ қайд гардидани маводи мухаддир аз он аст, ки ҳар сол тақрибан 100 000 нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли маводи мухаддир ба ҳалокат мерасанд. Дар ҷаҳони имрӯза одамоне, ки аз носу сигор ба ҳалокат мерасанд, бештаранд аз одамоне, ки аз садамаи автомобилӣ ҳалок мегарданд, ба ғайр аз одамоне, ки аз маводи мухаддир ҳалок мегарданд.
Коррупсия - низ яке аз навъҳои таҳдидҳои ҷаҳонӣ аст. Муносибати коррупсионӣ аксарияти кишварҳо ва аксарияти муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифтааст. Коррупсия сӯиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба манфиатҳои шахсӣ аст. Гардиши солонаи коррупсия дар ҷаҳон садҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар «Барномаи глобалии СММ бар зидди коррупсия», паст намудани шиддати коррупсия масъалаи афзалиятнок буда, СММ коррупсияро бо проблемаи қашшоқӣ дар як қатор давлатҳо алоқаманд медонад. Муборизаи давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ баҳри мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ маънои онро дорад, ки коррупсия таҳдиди сахттарин ба ҷаҳон аст.
Қашшоқӣ низ яке аз шаклҳои таҳдиди ҷаҳонӣ мебошад. Охири моҳи сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-йорк нишасти сарони давлатҳо оиди баррасии якчанд масоили «Барномаи рушди ҳазорсола» доир гардид, ки аз ҷумлаи онҳо камбизоатӣ ҳамчун таҳдиди ҷаҳонӣ қайд карда шуд. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар сӯҳбате бо хабаргузории давлатии Россия аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муҳимтарин ҳадафи рушди «ҳазорсола» коҳиши қашшоқӣ, ҳатто дар соли 2015 низ ноиҷро боқӣ мондааст. Созмони озӯқа ва кишоварзии СММ то моҳи апрели соли 2010 дар сар то сари олам 1 миллиарду 17 миллион гуруснагонро ба қайд гирифтааст, ки ин назар ба соли 2008, -110 миллион нафар зиёд аст. Ҳар рӯз дар ҷаҳон 840 миллион то 1 миллиард кас гурусна хоб меравад. Аз ин миқдор 642 миллион нафарашон дар Осиё, 265 миллион нафарашон дар Африқо, 42 миллион нафарашон дар Амрикои Лотинӣ, ҳамчунин 15 миллион нафар дар мамолики инкишофёфта зиндагӣ мекунанд. Як мушкилоти асосии ҷаҳониро оиди масъалаи қашшоқӣ, инкишофи босуръати кишварҳои шимол ва аз ҳад зиёд ақиб мондани кишварҳои ҷануб ташкил медиҳад, ки ин ҳолат, инъикоскунандаи назарияи «Шимоли сарватманд ва Ҷануби бенаво» ба шумор меравад. Кишварҳои сарватманд (шимол) иқтидори зиёд ва имконияти зиёди пулӣ доранд ва бар замми ин, аҳолии кам доранд, ки давлат метавонад бе ягон мушкилӣ аҳолиро таъмин намояд. Аммо кишварҳои қашшоқ бошанд, (ҷануб) баръакс имконоти ками молиявӣ ва аҳолии зиёд доранд. Аз ин сабаб, давлатҳои қашшоқ наметавонанд бо чунин имконияти нотавони худ аҳолиро ба осонӣ аз қашшоқӣ бароранд.
Хатари экологӣ низ яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ дониста мешавад. Олимони амрикоӣ якчанд мушкилоти даҳсолаи ояндаро пешгӯӣ карданд, ки яке аз онҳо ин «ҷанги якуми иқлим бар зидди инсоният» мебошад. Обшавии пиряхҳо, камшавии ҷангалзорҳо, гармшавии иқлим, нобудшавии баъзан растаниҳову ҳайвонҳои ҷангалӣ сабабҳои асосии хатари экологӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷангалҳои Тайга ва Амазонка, яке дар Амрикои Лотинӣ ва дигаре дар Осиё мавҷуданд, ки аз назари географӣ ниҳоят мусоид ҷойгир буда, фоизи зиёди ҳавои ифлосро фурӯ мебаранд, аммо ин ҷангалҳо ба нестӣ рафта истодаанд. Дар маҷмӯъ 33%-и ҷангалҳо ба нестӣ рафтааст, инчунин, бо камшавии ҷангалзорҳо талабот ба нафту газ зиёд мегардад, дар ҳоле ки норасогии сӯзишворӣ (нафту газ) низ мушкилоти дигари ҷаҳонӣ аст.
Олимон сабаби асосии хатари экологиро аз ду сабаб: гармшавии иқлим ва таъсири инсоният медонанд. Инсоният аз давраҳои қадим то ҳол табиатро ба манфиати худ истифода мебарад, аммо оиди хатари он ҳеҷ фикре намекунад. Корхонаҳои зиёди металлургӣ ва истеҳсоли нафт боиси ифлосшавии ҳаво гардида зиёда аз 200 намуд моддаҳои зараровар ва газҳо дар ҳаво пайдо гардидаанд. Мушкилии дигар сӯрохшавии қабати озонии ҳаво аст.
СПИД - яке аз таҳдидҳои олам аст. СПИД шакли ихтисоркардаи калимаи русии «синдром приобретенного имунно дефитсита» мебошад. СПИД бори аввал дар ҷаҳон ҳамчун беморӣ соли 1981 маълум гашт. Барангезандаи бемории СПИД ин ВИЧ - вируси норасоии масунияти бадан мебошад. Хусусияти асосии вируси норасоии масунияти бадан ин аст, ки вирус ба бадани инсон ворид шуда, аломатҳои ирсии онҳоро тағйир дода, қобилияти худмуҳофизатиро суст мегардонад. Шахсоне, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд, ягон нишонаи зоҳирӣ надоранд ва дар давоми чандин сол метавонанд, аз сироят шуданашон хабар надошта, худро солим ҳис кунанд. Вале худи ин шахсон барандаи вирус буда, метавонанд дигаронро сироят намоянд. Ин ҳолат боиси паҳншавии ВИЧ СПИД мегардад. Аксарияти беморони ин хатарро ҷавонон, яъне ояндаи ҷамъият ташкил медиҳанд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки СПИД хатари ҷаҳонист.
Яке аз касалиҳои сирояткунандае, ки ин шабу рӯзҳо ҷомеаи инсониро дар ташвиш гузошта, барои ҷомеаи башарӣ ҳамчун таҳдид қарор гирифтааст, коронавируси КОВИД-19 мебошад. Коронавирус - яке аз бемориҳои фарогири инсоният мебошад, ки охирҳои моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин аз пайдоиши бемории илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухон хабар доданд. Баъдтар муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавируси Covid - 2019 мебошад. Нахустин мубталоёни вируси навро бо зудӣ дар ин шаҳр пайдо карданд. Вирус хеле зуд дар шаҳр ва минтақаҳои дигари Чин баъдтар дар кишварҳои дигар босуръат паҳн шуд. Вирусҳо (аз лотинии virus — заҳр) – заррачаҳои майдатарини микроскопӣ буда, сохти ҳуҷайравӣ надоранд. Онҳо дар луоби бинии беморон, инчунин дар балғам ва оби даҳони онҳо вуҷуд доранд. Ҳангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионҳо заррачаҳои ба чашм ноаёни вирусдор ба ҳаво паҳн мешаванд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки 96 фоизи бемориҳои коронавирусӣ бо роҳи қатрагӣ ба узвҳои нафаси одами солим дохилшаванда ба амал омадаанд. Онҳоро бемориҳои сироятии дар ҳаво ҳосилшуда меҳисобанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо назардошти суръати паҳншавӣ, бемории коронавирусро пандемия эълон кард. Пандемия (аз юнони pandemia – оммаи халқ) эпидемияе, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гурӯҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Ба организми одами солим роҳ ёфтани барангезандаи бемории гузарандаро сирояти касалӣ меноманд.
Агар аксарияти одамон иммунитет надошта бошанд, бемории сирояткунанадаи оммавӣ – эпидемия сар мезанад, чунончӣ дар Хитой сирояти васеи аҳолӣ ба пандемия табдил ёфт. Дар бисёр ҳолатҳо иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.
Хулоса‚ олами муосирро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Новобаста аз он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин таҳдидҳо чораҳо меандешад, ба пуррагӣ аз байн бурдани ин таҳдидҳо ғайриимкон аст. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳар соату ҳар лаҳза ин таҳдидҳо зиёдтару мураккабтар мегарданд. Ҷиҳати манфиаш дар он аст, ки ҳоло як таҳдид ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, таҳдиди дигаре пайдо мешавад.

Бойзода Ҷ.Ҷ. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, полковники милитсия,
Расулзод Л.Х. - омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...