ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Агар аз шумо рӯзе пурсанд, ки ба фикри шумо оё давлати Сомониён то ҳол вуҷуд дорад ё не? Пас шумо ба ин суол чӣ ҷавоб медиҳед?
Хоҳишмандам, ки қабл аз ин ки ин мақоларо мутолиа менамоед, чанд дақиқа ба ин суол мантиқан фикр созед!
Мо аз матнҳои таърихи ки муаллифони онҳо муарихони бузург ҳастанд огаҳем, ки давлати Сомониён кай ва дар куҷо, чи хел, бо чи тарз ба вуҷуд омадааст, баҳри ҳамин мо ин ҷо аз таърихи он баёндоште намекунем. Дар ин мақола танҳо доир ба мавҷудияти ҳозираи он тариқи факту далелҳои мавҷуда сухан меронем!
Давлати Сомониён ду кишвари азим – Мовароунаҳр ва Хуросонро дар бар мегирифт. Ба Мовароуннаҳр тамоми вилоятҳои воқеъ дар шимолтари дарёи Аму дохил мешуданд. Дар байни онҳо Бухоро, Суғд, Самарқанд, Истаравшан, Чоч, Илок, Фарғона, Кеш, Насаф аз ҷиҳати иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ мутарақиттарин ба шумор мерафтанд. Вилоятҳои ҳавзаи болооби Аму ва шохобиҳои он – яъне вилоятҳои ҳудуди ҳозираи қисмҳои маркази, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистону шимолу шарқи Афғонистон ба ин ё он дараҷа дар тасарруфи давлати Сомониён буданд.
Мо аз сарчашмаҳои таърихи хабар дорем ва хондаем, ки охирин намояндаи сулолаи Сомониён Абуиброҳими Мутасил маъруф бо лақаби “ Шоҳи аламдор” дар соли 1005 аз тарафи хони Қарахони ба ҳалокат расидааст ва ба ҳамин, ба сулолаи Сулолаи сомониён хотима бахшидааст. Аммо бо аз байн рафтани ҳукмрон ё сулола, давлат аз байн намеравад, чаро ки сулола ҷомеа аст, давлат бошад, ин замине ки бо ҳудуди муайян ҷудо шудааст. Замин новобаста аз шахсият вуҷуд дорад ва муҳим нест, рӯи он ки умр ба сар мебарад.
Агар мантиқан ба суоли дар боло дода шуда фикр кунем, пас, давлати Сомониён то ба ҳол вуҷуд дорад, танҳо ҳудудҳои он бо ивазгардидани номашон ва таалуқ доштан, ба кишвари дигари муосир сарҳади ҳудудии давлати Сомониёнро аз байн бурдан.
Агар хонанда ин мақоларо хонда, як давраи таърихи халқи худро, ки ҷузъе аз халқи бузурги гузашта аст, биомӯзад ва дар дилаш ҳисси ҳурмату ифтихор нисбат ба ин таъриху маданияти қадимӣ андаке афзояд, муаллиф ниҳоят шод хоҳад буд, ки меҳнати чандрӯзааш зоеъ нарафтааст.
Қурбонов Ф.А.
курсанти курси 2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон