Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши дипломатияи тоҷик дар рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон

349

Барои боз ҳам ба саҳми хонандаи азиз расонидани асли мавзуъ зарур мешуморем, ки аввалан барои дарки асосҳои дипломатия ва нақши дипломатия дар сиёсати хориҷии кишварҳо алалхусус Тоҷикистон хусусиятҳои хос, нозукӣ ва арзишҳои касби мазкурро донистан зарур аст. Дипломатия фаъолияти расмии сарвари давлат, ҳукумат ва мақомоти махсуси равобити хориҷӣ баҳри татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии кишвар, ҳимояи манофеи давлат ва шаҳрвандони он дар хориҷа мебошад. Решаи калимаи “дипломат” аз вожаи юнонии диплома (қатшуда) гирифта шудааст. Диплома пластинка фулузие буд, ки ба сафир дода мешуд. Дар он ному насаб, унвон ва мансаби фиристодагон сабт мегардид. Дорандагони чунин ҳуҷҷатро “дипломат” ва соҳаи фаъолияти онҳоро “дипломатия” меноманд.

Таърихи истифодаи фаъолияти дипломатӣ, методҳои он ба аҳди бостон, яъне давраи пайдоиш ва ташаккули давлатҳо алоқаманд мебошад. Ҳар як кишвар на дар шакли канораҷӯӣ аз мардум, балки дар доираи равобит бо кишварҳои дигар мавҷудияти худро нигоҳ медошт, ки он дар маҷмӯъ низоми кишварҳоро ташкил менамуд ва дар баробари ҳалли масоили дохилидавлатӣ, инчунин ба татбиқи равобит бо кишварҳои дигар машғул буд. Фаъолиятҳои мазкур бо мафҳуми сиёсат, ки аз калимаи полис шаҳр-давлат бармеояд ва маънои корҳои ҷамъиятӣ ва идораи давлатро дорад, ифода меёбад.
Як назаре ба таърихи қадимаи дипломатияи намоем метавон дид, ки миллати тоҷик дар баробари тамаддунсоз ва фарҳанги бою қадима доштанаш дар соҳаи дипломатия низ рушд кардааст. Санадҳои соли 1932 дар кӯҳи Муғ пайдошуда, гузориши сафири Афшин — шаҳриёри онрӯзаи кишварамонро, ки ба назди Шоҳи Чоч рафта ва ин санадро аз он мавзеъ фиристода будааст, мехонем ва мебинем, ки он айни гузоришҳои сафирони имрӯзист, ки ин таърихи мову шумо аст ва муҷиби ифтихори мост. Ё имрӯз, ки аҳли башар дар бораи ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин «Як роҳ, як камарбанд» суҳбат мекунад ва мо дар таҳқиқоти донишмандони соҳибном мехонем, ки замони пайдоиши «Роҳи бузурги абрешим», «линг ва франка» ё забони байналмилалии муоширати ин шоҳроҳи азим забони суғдӣ будааст ва инро маъхазҳои ҳам чинӣ ва ҳам румӣ таъйид кардаанд, ин ҳам аз таърихи бойю рангин доштани дипломатияи мо тоҷикон аст.
Дипломатия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши бе ниҳоят арзандаро мебозад, зеро барои рушду нумӯи Тоҷикистон зарур аст, ки ҳама гуна муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монд. Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини истиқлолият ба даст оварданаш ҳамкориҳои дипломатиашро бо ҳама кишварҳои ҷаҳонӣ чӣ ҳамкориҳои дуҷониба бошад ва чӣ бисёрҷонибаро пеша кард. Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон расман моҳи майи соли 1944 таъсис ёфта бошад, аммо ин муассиса танҳо вазифаи ҳалли баъзе масъалаҳои ташрифотиро ба дӯш дошт, на танзими сиёсати хориҷӣ ва нақшофарӣ дар арсаи байналмилалиро. Ин аст, ки барқарории равобит бо ҷаҳони хориҷ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлолият буд.
Албатта, муҳимтарин марҳалаи дипломатияи тоҷик тавъам бо неъмати истиқлол аст, чун эҳёи давлатдории мо маҳз аз ин пораи таърих оғоз меёбад. Вале бо камоли таассуф ҳар яки мо медонем, ки кӯшишу талошҳои бунёди давлати нави мо ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш рост омад ва он эҳёи ин ормонро ба маротиб мушкилтар ва душвортар сохт. Мардуми шарафманди кишвар аз ибтидои ин марҳала бунёди як давлати соҳибистиқлоли пойбанд ба қонунҳои миллию байналмилалиро дар заминаи институтҳои қавии давлатӣ чун ҳадафи асосӣ пазируфт ва роҳи берунрафт аз ин вазъро тавассути стратегияҳо ва барномаҳои мушаххас муайян кард, ки Тоҷикистон дар тӯли як давраи таърихии хеле кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як давлати шукуфон табдил ёфт. Дар оғози солҳои 2000-ум бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии «Дарҳои кушод» қабул гардид, ки кишвари мо бо такя ба он дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд ва равобити худро бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар пояи ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон мустаҳкамтар намуд.
Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таъин шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) масири барқарории муносибатҳо бо кишварҳову созмонҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба дар пеш гирифт. Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии натанҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати муваффақи хориҷӣ. Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои барқарорӣ ва густариши равобит бо Тоҷикистон эълом медоранд.
Ёдовар бояд шуд, ки ворид гардидани Тоҷикистон дар ҷараёни муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити мушкил сурат гирифта буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ надошт ва мақомоти раҳбарии он дар муқобили вазифаҳои бисёр мушкилие чун созгор шудан ба вазъияти нави геополитикӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷӣ, ки бо шароити нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ ва мақоми воқеии Тоҷикистони мустақил дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқат дошта бошанд, қарор дошт.
Ҷараёни бунёди давлати мустақили мо бо равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар пояи манфиатҳои геосиёсии қудратҳо рақобату танишҳои шадидро дар пай доштанд, ҳамоҳангу ҳамнафасу ҳамсафар буд. Вале мусаллам аст, ки дар айни ҳол чунин рақобатҳо метавонистанд амнияти кишварро барҳам зада, қаламрави онро ба майдони муборизаи гурӯҳҳои мухталифи террористӣ табдил бидиҳанд, ки мисоли онро мо имрӯз дар Ховари Миёна мебинем. Дар чунин вазъ сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки зери роҳбари мустақими Пешвои миллат пиёда шуд, то ба имрӯз ба Тоҷикистон имкон дод, бо бозигарони асосии саҳнаи глобалӣ ва минтақавӣ равобиту ҳамкории ботавозун ва баробар дошта бошад, ки заминаи рушду пешрафт ва амну суботи кишвар маънидод мешавад.
Албатта, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва соҳибназарон мафҳуми дипломатия ва вазифаи онро дар шаклҳои гуногун ба тафсир додаанд, аммо ҳадафу вазифаҳои он, ки таърихи ҳазорсола дорад, то имрӯз дигар нашуда, ҳанӯз ҳам сутуни асосии дипломатияро ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки дипломатия ин воситаи иртибот ва музокироти субъектҳои низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад ва давлатҳои соҳибистиқлол аз он барои мудирияти ҳадафҳои сиёсати хориҷиашон истифода мекунанд. Аз ҳамин нуқтаи назар муваффақияти дипломатия ба ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ мустақиман вобаста аст.
Агар ба дастовардҳои сиёсати хориҷии кишварамон, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, назар кунем, метавонем бигӯем, ки дипломатияи тоҷик дар азми иҷрои рисолати хеш ба комёбиҳои хело назаррас ноил шудааст. Тоҷикистон бо пешниҳоди як зумра ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ, ки бо санадҳои муҳими байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, дар саросари олам машҳур ва шинохта шудааст. Аз ҷумла, ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи музокирот, ки ин ҳам тавонист ба рушди сиёсати дохилии кишварамон мусоидат кунад, вале ҳамин раванд нишон дод, ки дипломатияи халқии тоҷикон бе ниҳояд дар сатҳи аъло қарор дорад. Мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ки дар ин бора Пешвои миллат дар ҳама суханрониашон дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ, ҳамеша барои сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба самъи кишварҳои ҷаҳон ёдрас мекунад, ки ин ҳам бозгӯи муносибати беғаразона доштани Тоҷикистон дар ҳали масъалаҳои печидаи сулҳи Афғонистон мебошад. Ҳамзамон оид ба таъмини амнияту субот дар Афғонистон бояд зикр кард, ки бо таваҷҷуҳ ба сарҳади 1400 –километра миёни ду кишвар, таъмини сулҳу субот дар ин давлати ҳамсоя яке аз омилҳи хеле муҳими амнияти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Ё рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як теъдод ташаббусҳо дар робита ба истифодаи оқилонаи захираи об, ки дар ҳали проблемаи масъалаҳои об кишвари мо пешгом аст ва ташаббусҳои ҷаҳоние, ки бо ибтикори сарвари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Бахусус, чор пешниҳоди Тоҷикистон дар мавзӯи об, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об муаррифӣ кардааст. Барои мисол, агар шумо дар платформаҳои интернетӣ мавзӯи обро ҷустуҷӯй кунед, ҳатман номи Тоҷикистон дар сархати маводҳои манзуршуда аён мегардад, ки шаҳодати амалияи дипломатияи тоҷик аст. Мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз пешниҳодҳои кишвари мо мебошанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтаанд ва ин ҳам аз дипломатияи рушд намудаи мо тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Агар мо ба таҷрибаи дипломатияи кишварҳои ҷаҳон назар андозем, кам кишвареро пайдо мекунем, ки дар як муддати кӯтоҳи давлатдорӣ мушкилоти сангини ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои харобиовари онро пушти сар кардаву дар баробари он институти дипломатиашро зери таъсири омилҳои марбут ба равандҳои пурталотуми ҷаҳонӣ созмон додааст ва ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ ноил шудааст. Аз ин рӯ, метавонам бигӯям, ки дипломатияи тоҷик дар амри пиёдасозии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои он нақши назаррас дорад.
Сиёсати хориҷии кишвари мо, ки таҳкиму тақвияти муносибатҳои дӯстонаро бо ҳама кишварҳои олам талқин мекунад, ки равобити ҳасана ва фарогирро бо кишварҳои ҷаҳон ба хотири дарёфти мусоидати беруна дар амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон пайгирӣ ва татбиқ созем.
Имрӯзҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки акнун чоряки аср таҷриба пушти сар дорад, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба мавқеи махсус дорад. Зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бузурги байналмилалию минтақавӣ аз он бар меояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи минтақа нақши муҳим дорад.
Метавон гуфт, ки сиёсати хориҷӣ ба амалӣ гардонидани умури хориҷии давлат машғул аст. Сарфи назар аз махсусиятҳояшон сиёсати хориҷӣ бо сиёсати дохилӣ байни ҳамдигар робитаи мутақобилан ногусастанӣ доранд. Вазифаи сиёсати хориҷӣ бунёди шароитҳое мебошад, ки ба ҳалли муваффақонаи масоили дохилӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ, дипломатия барои ҳалли вазоифи сиёсати хориҷӣ ва бунёди шароити зарурӣ дар дохили кишвар яке аз омилҳои асосӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, аз оғози ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат дипломатияи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоссаеро касб кунад. Ҳама гуна пешравиҳо дар соҳаи дипломатия ин худ шаҳодат аз таҷрибаи таърихи доштани дипломатияи халқӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки миллати тоҷик тавонист бо ақлу заковату дониши сиёсӣ ва маҳорати бойи суханвариву кордонӣ, инчунин тарзи дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои дустонаву сулҳҷуёна борҳо ба ҷаҳониён нишон дод, ки мо миллати соҳибтамаддун, давлатсоз, ташаббускор дар ҳама гуна самтҳо қарор доштаем.

Корманд-мутахассиси кафедраи
фанҳои ҷамъиятии факултети №2,
сержанти хурди милитсия Ҳалимов Д.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...