Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташаккули фарҳанги миллат

334Раванди ҷаҳонишавӣ ба ташаккули фарҳангҳои миллӣ хатар эҷод карда, доираи истифодаю рушди онҳоро хеле маҳдуд сохта истода буд. Аз ин рӯ, иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зарурӣ ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдошти ин сарвати гаронмояи миллат мебошад.

«Таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат, пешомадҳои давлатро равшан мекунад»,-таъкид намудаанд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таърихи миллати тоҷик худ гувоҳи он аст, ки сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марзи ҳунару ҳунармандист. Дар ҳар оилаи тоҷик нафаре ба ҳунари бобоӣ дилбастагӣ дошта, дар ҳолатҳои фориғ аз кор ва барои дарёфти ризқи фарзандон рӯй ба ин ҳунар меорад. Ба хотири болида гардидани рӯҳи гузаштагон аз асбобҳои онҳо истифода карда, ашёҳои рӯзгорро месозанд, ки дар рӯзгори ҳаррӯза ба кор меоянд. Бинобар ин замони он расидааст, ки ба воситаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои аҷдодӣ, ки то имрӯз дар байни мардум чун анъана ҷо-ҷо идома доранд, насли худро ҳунар омӯзонда, ба ин восита сатҳи иқтисодии оиларо баланд бардорем.
Яке аз ҳунарҳои машҳуре, ки дар байни тоҷикон аз қадим маъруфу маълум будааст, кулолӣ мебошад. Кулолӣ ҳунари воло буда, усулҳои коркарди гилро дар бар мегирад. Аз аҳди бостон миёни халқи мо кулолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт – дар рӯзгори одамон (кӯза, табақ, коса, пиёла, хум, танур, гулдон,) барои меъморӣ хишт, кошикорӣ, муҷассамасозӣ ва дигар ҷузъҳои меъморӣ…..), дар ҳайкалтарошию санъати ороиш истифода шудааст. Аз гили махсус (хоки ширадори бо об омехтаву лагадмолу муштмолшуда) тайёр кардани зарфҳои гуногунро барои таъмини эҳтиёҷоти худ одамон ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз милод азхуд карда буданд. Тибқи маъхазҳои таърихӣ таъкид шудааст, ки нахуст ба кори кулолгарӣ танҳо занон машғул мешудаанд. Ин пеша ба ихтиёри мардон танҳо пас аз ихтирои дастгоҳҳои кулолӣ гузаштааст. Дар кашфиётҳои бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон намунаҳои зиёди осори кулолӣ - зарфҳои сафолӣ, махсусан хумҳои хурду калон, дарёфт шудаанд, ки аз рушди ин ҳунар дар байни ниёгони мо гувоҳӣ медиҳанд. Ҷомҳои маҳсули дасти кулолон, кӯзаҳои гарданборику дудаста, пиёлаҳои нафис санъати баланду таҷрибаи зиёди кулолонро собит менамояд. Тадриҷан дар олоти сохтаи кулолон нақшу нигорҳо, сурати ҷонварону паррандаҳо ва ниҳоят катибаҳо пайдо мешаванд. Боз ҳам бозёфтҳои археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки санъати кулолӣ дар соҳаи бинокорӣ – ороиши иншооти гуногун, нақшпартоӣ дар сохтмон низ истифода мешудааст. Дар асрҳои миёна кулолӣ дар Мовароуннаҳр рушд меёбад. Дар Самарқанд ба оро додани зарфҳои сафолӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд. Ин ҷо чунин зарфҳо бо сурбу қалъагӣ, рангҳои сабз, кабуду қаҳвагӣ пардоз меёфтанд. Дар асрҳои 1Х-Х истеҳсоли зарфҳои сирдор дар санъати кулолӣ расм мешавад. Катибаҳо бештар дар зарфҳои сафолии амсоли коса, пиёла, хум, кӯза навишта мешуданд. Кулолҳо барои нақшпартоӣ низ асбобҳои махсус сохта буданд. Кулолгарон дар миёни мардум чун ҳунармандони чирадаст эҳтирому эътибори зиёд доштанд. Азбаски онҳо барои кӯдакон низ олоти гуногун-бозичаҳо, монанди ҳуштак, лухтак, аспак, ҳайвончаҳои афсонавӣ… месохтаанд, обрӯю нуфузашон дучанд меафзуд. Бахусус кӯдакон онҳоро зиёд дӯст медоштанд.
Имрӯзҳо низ ин ҳунар гӯстариш ёфтааст. Ҳоло барои кулолгарон дастгоҳҳои хеле тавонову дақиқкор офарида шудааст, заҳмати кулогарро даҳчанд сабук месозад. Кулолгарони даврони истиқлол тибқи дастгириҳои Пешвои муаззам кушиш ба он доранд, ки усулҳои дерину аҷдодии кулолиро бо эҷодкории худ ғанитар созанд.
Зардӯзӣ низ мансуб ба санъатҳои ороишию амалӣ буда, дар рушди он нақши занҳо бештар дида мешавад. Зардӯзӣ ҳунарест, тавассути риштаҳои заррин (бештар зарду сафед) рӯйи матоъ нақшҳои гуногун духта мешаванд. Нақшҳоро маъмулан дар рӯйи бахмал ва шоҳӣ медӯзанд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки дар гузаштаҳои дур зардӯзӣ дар рӯйи матоъҳои карбосӣ, пашмӣ ва дар рӯйи чарм низ маъмул будаанд. Дар гузашта шоҳону вазирон ва амалдорони дарбор дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар либосҳои зардӯзӣ ба бар мекарданд. Ҷомаи зардӯзии онҳо сайёҳони зиёдеро ба ҳайрат меовард. Аз ин рӯ, амирон дар марказҳо беҳтарин зардӯзҳоро даъват намуда, коргоҳҳои дӯзандагӣ месохтанд. Дар шаҳру маҳалҳои атрофи марказ низ зардӯзони мумтоз зиндагию кор мекарданд. Пас аз инқилоби октябр зардӯзон дар корхонаҳои давлатии зардӯзӣ дар як иттиҳодия бо нақшҳои ҷолиб ҷома, куртаҳои занона, тоқӣ, камарбанд, камзӯл, кафш, чойхалта, сарандозӣ арӯсӣ, ҷомаи домодиро зиннат мебахшиданд. Онҳо махсусан дар ороиши либосҳои арӯсию домодӣ заҳмати зиёд ба харҷ медоданд. Риштаҳои зарин, бо истифода аз нахи босифат ва иловаи маҳлули нуқраю тилло ва бо ороиши сангҳои ҷиллодорӣ ватанӣ омода мешуданд. Зардӯзӣ низ дар замони мо рушд дорад ва дар бисёр намоишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳур ва берун аз он маҳсули дасти ҳунармандони зардӯз ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳунари оҳангарӣ, низ дорои таърихи ҳазорсола буда, ривоят аст, ки Ҳазрати Довуд дорои ҳунари оҳангарӣ буд. Бо тақозои замон аксари ин коргоҳҳо аз байн рафта буданд. Имрӯзҳо ин ҳунар ҷойгоҳ ва қадру манзалати худро боз дубора пайдо кард.
Ин ҳунармандон на танҳо олоти рӯзгор дос, табар, теша, бел, каланд, панҷшоха, занҷир, наъл ва ғайра месозанд, инчунин асбобҳои замонавӣ: дарвозаю панҷараҳои нақшину зебо ва барои пӯшонидани пешайвон, болопӯшҳои мустаҳкам, барои кӯдакон гаҳвораю арғунчакҳои рангин сохта ба истифода медиҳанд.
Чеҳраи фарҳангии халқи тоҷик дар ҳунарҳои мардумии он равшантар инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ ҳунарҳои мардумиро ҳифз бояд карду барои равнақу ташаккули онҳо шароити созгор муҳайё бояд намуд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин иқдомест дар ин самт.
Бо такя ба такидҳои пайвастаи Пешвои муааззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ моро лозим меояд, ки ин иқдоми некӯро дастгирӣ намоем ва тарғибу ташвиқи манзараҳои зебои диёр, табиати афсункори Тоҷикистонро тибқи расму оини тоҷиконаи худ ба роҳ монда, диққати саёҳонро ҷалб намоем. Мардуми тоҷик ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар байни халқҳои ҷаҳон шинохта шудаасту хеле машҳур аст. Ҳар як сайёҳи ба кишвар воридшударо бо туҳфае ва бо хотираи нек гусел намудан, рисолати мардуми мост. Шоире ба ин маънӣ фармудааст:
Эй бародар меҳмонро нек дор,
Ҳаст меҳмон аз атои Кирдигор.
Меҳмон рӯзӣ зи худ меоварад,
Пас, гуноҳи мизбонро мебарад.

Ҷалби сайёҳони хориҷиро ба кишварамон тавассути ворид намудани аксу наворҳои манзараҳои дилкаш чун дараи Варзобу Анзоб, Ромит, Сарихосору Муъминнобод, Дараҳои пайдарҳами Сангвор, Гармчашмаю манзараҳои дилангези Бадахшон ва ғайра дар сайтҳои иҷтимоӣ, ролику рекламаҳо тавассути васоити ахбори оммаи кишвар ва бурунмарзӣ метавон ҷалб намуд. Дар ин самт месазад, ки сатҳу сифати хизматрасониро низ беҳтару хубтар ба роҳ монда, имконоти хуби ҷалби сармояи хориҷиро метавон тибқи воридшавии сайёҳон афзоиш дод.

Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи
забонҳои Академияи ВКД ҶТ,
номзади илмҳои педагогӣ,
дотсент, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...