Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳанги сиёсии кормандони милитсия: вазифа ва талаботҳо дар ҷомеаи муосир

333

Дар ҷомеаи муосир фарҳанги сиёсӣ, ҳамчун қисми таркибии ҳаёти маънавӣ нақши бузург дорад. Муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ маҳз тавассути фарҳанги сиёсӣ, иҷтимоӣ, баҳодиҳӣ, майлони одамон, инчунин меъёр, малака ва тарзҳои рафтори сиёсӣ ифода мегарданд.
Фаъолияти амалии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ - ин, пеш аз ҳама, зоҳиршавии меъёрҳои ахлоқиву эстетикӣ дар рафтори онҳо мебошад, ки тавассути фармону дастурамалҳо ба танзим дароварда шуда, дорои хусусияти таъсиррасонии ҳуқуқист. Бинобар ин, омӯзиши этикаи касбӣ ва фарҳанги эстетикӣ ба кормандони МКД имкон медиҳад, ки на танҳо вазъи рӯҳӣ-маънавии кормандони МКД беҳтар карда шавад, балки дар онҳо малакаҳои кордонӣ, масъулиятшиносӣ, одоби муошират, маърифатнокӣ, риояи тарзи либоспӯшӣ, одоби муоширати хизматӣ, фарҳанги маишию оилавӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки ин шарти муҳими самаранокии фаъолияти МКД дар шароити муосир ба шумор меравад.
Азбаски кормандони МКД бо тамоми табақаҳои иҷтимоӣ муносибати худро муайян ва ба роҳ мемонанд, бинобар ин, фаъолияти хизматии онҳо душвор ва мураккаб аст, бахусус дар шароити имрӯза, ки шаклҳои нави ҷинояткорӣ аз қабили одамрабоӣ, ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм авҷ мегирад. Ин навъи ҷиноятҳо аз кормандони МКД сабру таҳаммул, пуртоқатӣ, босуботӣ, истодагарӣ ва амсоли чунин хислатҳои ахлоқиро талаб менамояд, ки танҳо бо ин омилҳо сохти конститутсионӣ ва музаффариятҳои истиқлолиятро ҳифз кардан мумкин аст. Андешаи солим, мақсаднокӣ, дастаҷамъӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи табиат, қонуният ва адолатнокӣ, ба сифати принсипҳои ахлоқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баромад карда, онҳоро дар кори амалӣ ҳамчун мутахассиси варзида ба камол мерасонад.
Пеш аз оне, ки мо ба субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ назар кунем бояд аввалан мафҳуми фарҳанги сиёсиро шарҳ диҳем.
Фарҳанги сиёсӣ таҷрибаи муайяни таърихии одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз анъанаву одатҳои сиёсӣ, арзишҳои сиёсӣ принсипҳои рафтор аз рӯи муносибат ба ҳодисаҳои сиёсӣ мебошад, ки дар натиҷаи таъсири ҳаёти сиёсии ҷомеа ба вуҷуд омада дар фаъолият ва рафтори субъектони сиёсат инъикос меёбад.
Фарҳанги сиёсӣ хусусиятҳои пешбарандаи худро дорост, ки онро субектҳои муносибатҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Ба ин субъектҳо дохил мешаванд: шахсият, гурӯҳҳои иҷтимоӣ (синфҳо, миллат ва ғайра), ҷамъият, субъектҳои институтсионалии ҳокимият.
Шахсият. Мафҳуми «шахсият» - ба сифати ҷудокунандаи моҳияти иҷтимоии одам ва фард баромад мекунад.
Шахс, дар навбати худ, чун субъекти муносибатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти бошуурона баромад мекунад. Шахс ҳамчун субъекти сиёсат ва дар навбати худ, чун субъекти фарҳанги сиёсӣ баромад карда, яке аз барандагони асосии фарҳанги сиёсӣ дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад, ки онро сиёсатшиносон иҷтимоикунонии сиёсии шахс номидаанд. Аз тарафи дигар, шахс – ба ҳайси сарвари сиёсӣ, барандаи идеал ва маромҳои сиёсӣ баромад мекунад. Таърих шахсиятҳои бузургеро медонад, ки дар инкишофи афкори сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва бахусус фарҳанги сиёсӣ нақши бузург бозидаанд, ки онҳо аз қабили Ситсерон, Арасту, Суқрот, Низомулмулк, Муҳаммад Ғазолӣ, Мавлоно Балхӣ, Форобӣ, А. Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Аҳмади Дониш,С.Айнӣ ва дигарон мебошанд.
Дар сиёсатшиносӣ таснифоти нақши сиёсии шахс мавҷуд аст, ки бевосита ба фарҳанги сиёсӣ таъсири амиқи худро мегузорад:
1. Аъзои қатории ҷамъият - шаҳрванд, ки ба сиёсат таъсири худро мерасонад, ба сиёсат шавқ надорад ва фаъол нест, лекин мақоми предмети сиёсат аст;
2. Шаҳрванд, ки аъзои ташкилоти ҷамъиятӣ аст ва тавассути ташкилоти ҷамъиятӣ ё дар якчанд иттиҳодияҳо иштирок карда, ба доираи фаъолияти сиёсӣ таъсири худро мерасонад;
3. Шаҳрванд, ки аъзои мақомоти интихоботӣ ё аъзои фаъоли ташкилоти сиёсӣ буда, дар ҳаёти сиёсӣ аз рӯи ирода ва талаботи дохилии ташкилот иштирок мекунад. Дараҷаи иштироки вай дар сиёсат ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз рӯи мақоми ташкилот ва нақши мушаххаси вай дар ташкилот бар меояд;
4. Арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ;
5. Сиёсатмадори касбӣ, ки барои вай фаъолияти сиёсӣ на танҳо меҳнати касбии махсус, сарчашмаи мавҷудият, машғулият, инчунин мазмуни ҳаёт ба ҳисоб меравад;
6. Сарвари сиёсӣ (ташкилотчӣ, идеявӣ, шаклӣ ё ғайришаклӣ), ки дорои обрӯ ва эҳтиром аст.
Чӣ тавре, ки маълум мегардад, фарҳанги сиёсӣ маҳз тавассути шахсият ташаккул меёбад.
Гурӯҳхои иҷтимоӣ - иттиҳоди одамоне мебошанд, ки бо иштироки умумӣ дар фаъолияти муайян, аз рӯи умумияти мақсад, талабот ва машғулият асос ёфтаанд.
Гурӯҳҳои иҷтимоӣ метавонанд одамони зиёдеро муттаҳид созанд (синф, ҳизб, давлат) ва метавонанд дар шакли коллектив, ки ҳар яке аз онҳо ба таври мустақил барандаи фарҳанги сиёсӣ мебошанд.
Миллат - ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии том ба шумор меравад, ки ҳангоми таназзули феодализм ва бунёди капитализм пайдо шудааст. Миллат аз халқ пайдо шуда, муносибатҳои нави истеҳсолиро пайдо мекунад.
Дар инкишофи фарҳанги сиёсӣ намояндагони миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳми худро гузоштанд. Фарҳанги миллатҳои гуногун, дар маҷмӯъ фарҳанги умумибашариро таъсис дода, дар рушду такомули фарҳанги сиёсӣ таъсири амиқи худро расонидааст. Аз ҷумла, нақши тоҷикон дар рушду инкишофи таърихи умумиҷаҳонӣ аз қабили хизматҳои С. Айнӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, М. Турсунзода, Э. Раҳмон дар инкишофи шуури миллии тоҷикон, илму фарҳанги миллати тоҷик хело калон аст. Имрӯз фарҳанги сиёсии тоҷикон яке аз мавзуҳои муҳими омӯзишро ташкил медиҳад. Фарҳанги сиёсӣ пеш аз ҳама падидаи ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Оиди фаҳмиши чамъият ду равия вуҷуд дорад, якум, равияи маҳдуди сотсиологӣ, дуюм равияи фалсафӣ. Барои он, ки ба ҷамъият ҳамчун субъекти муносибати сиёсӣ назар кунем, ба таври мушаххас мафҳуми ҷамъиятро шарҳ медиҳем.
Зери мафҳуми ҷамъият инҳо фаҳмида мешаванд:
Якум, гурӯҳи муайяни одамон, ки барои муошират ва иҷрои якчояи ягон фаъолият муттаҳид гаштанд;
Дуюм, давраи мушаххаси инкишофи таърихии халқ ё кишвар;
Сеюм, низоми мураккаби таъсири байниҳамдигарии одамон, ки сохтор ва институтҳои худро дорад.
Ҳокимият бо субъектҳои институтсионалии худ ҳамчун пешбарандаи фарҳанги сиёсӣ баромад мекунад. Зери мафҳуми «ҳокимият» ва «қобилияти субъектҳои он» (шахсияти алоҳида, гурӯҳи одамон, ташкилот, ҳизбҳо, давлат) ба дигар одамон таҳмил намудани иродаи худ, соҳиб шудан ва идора кардани амали онҳо ба восита ва усулҳои зуроварӣ ва ғайризуроварӣ фаҳмида мешавад.
Ҳокимият ҷузъи зарурии ташкилоти чамъиятӣ ба шумор меравад, ки бе вай мавҷудияти ҳаёти ҷамъият номумкин аст, ҳокимият муносибатҳои байни одамон, муносибати байни ҷамъият ва институтҳои давлатӣ-низомиро ба танзим медарорад. Чӣ тавре ки маълум мегардад, амали ҳама гунна ҳокимият, ғайр аз қонунгузорӣ ва дигар шаклҳои баамалбарории ҳокимияти давлатӣ, ба фарҳанги сиёсии ҷомеа вобаста аст ва баҳои ҳама гунна ҳокимият аз фарҳанги сиёсӣ бармеояд, ки ин таърихан собит шудааст. Шаклҳои таърихии давлат, ба ғайр аз низоми ҳуқуқии худ, инчунин, фарҳанги сиёсии замони худро ташаккул доданд. Ба ақидаи сиёсатшиносон, ҳокимият ҳамон вақт пурқувват ва фаъол мегардад, ки на ин, ки қувваи зуриро истифода барад, балки ба аъзоёни ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намуда, адолати ичтимоиро барқарор сохта ва ниҳоят шароитҳои муҳими амалкунонии амнияти онҳоро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, фарҳанги сиёсии ҳар як давлат барои амалигардонии ин самти муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, фарҳанги сиёсӣ - барандагони худ субъектҳои муносибатҳои сиёсиро дорост, ки дар маҷмӯъ ҳар як субъекти муносибатҳои сиёсӣ дар инкишофи фарҳанги сиёсӣ нақши худро мегузорад. Дар баробари ин, фарҳанги сиёсӣ хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ, ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, динӣ-ирфонӣ ва дигар қимматҳои аз гузашта боқимондаро дар бар мегирад.
Дар ҷомеа ғайр аз фарҳанги сиёсӣ, зерфарҳанги сиёсӣ вуҷуд дорад. Зерфарҳанги сиёсӣ – ҳамчун маҷмӯи сиёсие фаҳмида мешавад, ки аз дигар майлҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон фарқ мекунад. Сухан дар бораи хусусиятҳои фарҳанги сиёсие меравад, ки ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва касбӣ марбут аст. Дар асоси ҳамин, зерфарҳанги сиёсии ҷавонон, зиёиён, элитаи эҷодӣ, хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташаккул меёбад.
Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» омадааст: «Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад, аз чораҳои маҷбурии дар доираи қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор баранд».
Зерфарҳанги сиёсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ошкор месозад, ки дар замони муосир мақоми ВКД дар технологияи иҷтимоӣ меафзояд.
Технологияи иҷтимоӣ – чун унсури муҳими механизми идоракунӣ, усулҳои идоракунӣ, ҳалли муноқишаҳо, зиддиятҳои байни субъект ва объекти идоракунӣ таъсиррасонандаро, ки барои ба даст овардани натиҷаи зарурӣ лозим аст, ифода мекунад.
Технологияи иҷтимоӣ дар идоракунии ҷараёни ҷамъиятӣ бо дараҷаҳои зерин такя менамояд: дараҷаи иқтисодӣ, дараҷаи иҷтимоӣ – сиёсӣ, дараҷаи маънавӣ.
Оид ба дараҷаи иқтисодӣ корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд донад, ки давлат бар зиммаи ӯ иҷрои вазифаҳои муайянро во гузоштааст ва барои иҷрои бомасъулиятонаи он маблағи зарурӣ сарф карда мешавад.
Корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои шуури баланди сиёсӣ бошад ва ба раванди тағйироти иҷтимоӣ – сиёсӣ сарфаҳм равад. Шуури сиёсӣ инъикоси муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоиии афрод, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, миллат, ҷомеа ва дар маҷмӯъ нисбати ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Уҳдадориҳои касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар назди давлат ва шаҳрвандон доранд, бояд ба савияи баланди сиёсӣ – ҳуқуқӣ амалӣ гардонида шаванд.
Дараҷаи маънавии идоракунии иҷтимоӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пеш аз ҳама иҷрои талаботи ахлоқӣ – эстетикиро талаб менамояд. Ҷаҳони маънавии корманди мақомоти корҳои дохилӣ мураккаб буда, унсурҳои ахлоқӣ – эстетикӣ, ки идеология ва психологияи иҷтимоӣ, психологияи муқаррарӣ, муносибат ба дин ва ҷаҳонбинии илмӣ – бадеиро дар бар мегирад.
Дараҷаи маънавии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба иҷрои талаботи ахлоқӣ – касбӣ вобаста аст.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими зерфарҳанги сиёсӣ, ин принсипҳои ахлоқии фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки моҳияти умумиинсониро инъикос менамояд. Дар шароити инкишофи пайдарпайи демократия, нерӯи эҷодӣ, ахлоқи умумиинсонӣ ошкор гашта он ба содиқ будан бо мақсадҳои инсондӯстӣ, адолатнокӣ, олиҳимматӣ равона шудааст.
Зерфарҳанги сиёсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, аз иҷрои самтҳо ва принсипҳои фаъолияти милитсия иборат аст.
Дар баробари ин, дар зерфарҳанги сиёсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои принсипҳои зерин муайян шудааст:
- иҷрои уҳдадории хизматӣ бо маданияти баланди касбӣ, ки боиси самаранокии кори мақомоти корҳои дохилӣ мегардад;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни асосии мақомоти ҳокимияти давлатиро ифода менамояд;
- фаъолияти кормандони милитсия дар доираи қонуни муқарраршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ бояд амалӣ гардад:
- кормандони милитсия набояд ба яке аз гурӯҳҳои касбӣ, иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ бартарӣ диҳанд, яъне бо онҳо дар доираи қонун баробар муносибат намоянд;
- кормандони милитсия дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бояд аз ғаразҳои шахсӣ озод бошанд;
- кормандони милитсия нисбати қарорҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд комилан бетараф бошад ва дар доираи қонунҳои амалкунанда бо онҳо муносибат намояд;
- корманди милитсия меъёрҳои одоби касбиро бояд комилан риоя намояд;
- кормандони милитсия бояд ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, динӣ ва расму оинҳои дигар халқҳо эҳтиром дошта бошад;
- корманди милитсия дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бояд аз ҳолатҳои ҷанҷолӣ, ки обрӯ ва эътибори милитсияро халалдор мекунанд, канораҷӯӣ намояд.
Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» омадааст, ки милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, катъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк ҳимоя мекунад.
Ҳамзамон, рушду инкишофи ҳар як давлат аз сулҳу субот ва оромии ҷомеа сахт вобастааст. Милитсия ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, баҳри дар ҳолати муътадил нигоҳ доштани муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мемонад:
- ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;
- ҷиноят ва дигар ҳуқуквайрокуниҳоро пешгирӣ намояд, шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад;
- тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, роҳи оҳану фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намояд;
- ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон худро муаррифӣ карда, бо талаби шаҳрванд ба ӯ шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад ва пас аз он мақсад ва сабаби муроҷиати худро изҳор намояд.
Аслан фарҳанги сиёсӣ, ҳамчун қисми таркибии ҳаёти маънавии инсоният дониста мешавад.Фарҳанги сиёсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ асосан ҷиҳатҳои маданияти касбиро дарбар гирифта, хубтар донистани ин меъёрҳо кормандони мақомотро барои иҷрои дурусту саривақтии вазифаҳои хизматӣ ҳидоят хоҳад кард.
Бойзода Ҷ.Ҷ. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, полковники милитсия.
Расулзод Л.Х. - омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...