Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дин ва амнияти миллӣ: назари таърихӣ-фарҳангӣ

331«Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният,сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамонмасъулияти дучандро талаб менамояд».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Амният яке аз рукнҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ таъмин менамояд. Бояд Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Таърихи гузаштаи миллати тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин Ватан шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ кору фаъолият намудаанд, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд.
Яке аз неъматҳои Истиқлоли миллии мо фароҳам омадани омӯзиш ва таҳқиқу баррасии осори исломии ниёгонамон маҳсуб мешавад. Дар ин асно бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи дигар соҳаҳои тамаддуни волои гузаштаамон роҳҳои расидан ба худшиносии динии мардуми кишвар низ мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифтааст. Ин амали ҳамида то кунун муддати андаке мегузарад, вале натиҷаҳои он хеле бузург арзёбӣ мегарданд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва пуршукӯҳ гузаштани ҷашни 1310-солагии яке аз пешвоёни мазҳабии мусалмонони ҷаҳон Имоми Аъзам, ки таърихи мусалмонони олам чунин маҷмуаи бузурги илмиро дар ёд надошт, маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҳама давру замонҳо намояндагони арҷманди миллати тоҷик мақоми сабқат доштанро дар чунин амалҳои бузурги илмӣ, маҷмуаҳои бузурги фарҳангӣ доро буда буданд. Мояи ифтихор аст, ки дар ин роҳ тафохури ин миллат дар мунтаҳои эътиқоду имон сурат мегирад. Имрӯзҳо натанҳо осори арзишманди исломии аҷдоди гузаштаи мо таҳияву тадвин ва пешкаши мардум мегарданд. Донишмандони боэътимоде ҳам зуҳур мекунанд, ки аз худ таълифоту таҳқиқоти ҷиддии илмию динӣ ба миён меоваранд. Ҳанӯз, сарзамини ба тозагӣ истиқлолрасидаи моро доираи қавии таҳқиқгарони улуми динӣ нест, бо вуҷуди ин шахсиятҳое падид омадаанд, ки кору пайкорашон аз ояндаи ин раванди шурӯъёфта башорат медиҳад. Бо итминон метавон гуфт, ки ин раванд дар баробари вусъати рӯзафзун, ки ҳамакнун дар ҷараёну эҳё аст, хурофоти чапу рости дар тӯли солҳо ҳукмронгаштаро рахна ва исломи воқеиро барои мардум равшан хоҳад намуд, ки бо ин роҳ метавон амнияти миллиро аз нигоҳи динӣ таъмин намуд. Дар замони муосир, ки ҳама давлатҳо ва халқҳо аз як тараф ногузир ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ дохил шуда, аз тарафи дигар хатарҳои он мардуми бисёр кишварҳоро ба ташвиш ва нигаронӣ овардааст, назаре ба ҷойгоҳи арзишҳои исломӣ дар таъмини амнияти миллӣ намудан, муҳим аст. Донишмандон ва онҳое, ки таваҷҷӯҳ ба сиёсат доранд, пӯшида нест, ки огоҳанд аз он амалҳои даҳсолаи охир, ки бо дасти абарқудратҳо дар мамлакатҳои гуногуни дунё сар мезанад. Ин гурӯҳҳо худ ва роҳи хешро яке аз василаҳои ҷаҳонишавии ислом ё посдории ислом муаррифӣ мекунанд, ки он боис гаштааст. Ислом динест, аз замони зуҳураш мардумро ба илму дониш омӯхтан, некӣ кардан, поктинат будан, ростқавл будан, сулҳу дустӣ, дӯст доштани ватан, ҳифзу буми он, таълиму тарбияи ахлоқи ҳамида, нигоҳ доштани ҳуқуқи ҳамдигар, пешгирии тамоми ҷиноятҳо, шифо бахшидан барои ҳамаи дардҳо ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ ба он ниёз дорад, омадааст.
Тамоми муҳтавои ислом, маҷмуи унсурҳои он аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ гувоҳӣ медиҳад. Ислом ҳеҷ гоҳ дини тахрибкунанда ва ҳаросафкан набуда, балки дине мебошад, ки ҳадафи аслии он саодати зиндагонии мардум аст. Дини ислом тарғибгари илм ва амният буда, ба ин ду қувва арзиши волоро қоил мебошад. Дини ислом дорои хазинаи маорифи илоҳӣ ва файзи абадияти инсон мебошад. Ҳар кас аз он гумкарда ва мақсуди худро пайдо менамояд. Ислом ҳамеша тарафдори илм буд ва баҳри омӯхтани илм дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) таъкидҳои фаровоне рафтааст. Сарфи назар аз он, ки мо миллати донишандӯз ва соҳибтамаддун ҳастем, ҳамеша ниёзи зарурат ба омӯзиш ва омӯзгор дорем. Зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбият ниёз дорад. Тавре, ки Паёмбари ислом (с) фармудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”. Илм ҳамеша дар ҳар давру замон новобаста аз шароит ҷиҳати тарбияти насли наврас ҷойгоҳи дурахшандаеро сазовор мебошад. Амният бошад, барои пешрафти соҳаҳои илм, мисли оне, ки об барои нумӯъ даркор аст, зарур аст. Дин бошад, барои корбурди ҳарду дар ҷомеа ҳамеша зарур буда, то ҷое ҳалкунандаи масъалаҳои мубрами он ба шумор меравад.
Муҳимтарин осори адабиву ирфонӣ дар адабиёти форсу тоҷик баҳри хизмат намудан ба илм, амният ва ислом ба қалам омадаанд. Аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ то “Сиёсатнома»-и вазири сиёсатмадор Низомулмулки Тӯсӣ ва аз он то ба романи “Восеъ»-и устод Сотим Улуғзода ҳама баҳри таъмини амният ва шинохти он дар тули таърих ба қалам омадаанд. Инчунин, дар ҳамин ҷода ба қалам омадани осори ниёгонамон ва аз нигоҳи илмиву динӣ ба таълиму тарбияти инсон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд. Таъмини амнияти миллиро аз нигоҳи илмӣ дарк намудан, бебаҳра нест. Дар асрҳои миёна бошад, осори илмиии тарбиявӣ баҳри такомули ғановати маънавии инсон ба ҷойи аввал баромад ва он то ҷое тавонист амнияти илмиро баҳри гузаштагонамон таъмин намояд. Дар баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, тиббӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ ба монанди “Насиҳатнома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ асарҳои саросар ба насиҳати фарзанд бахшидашуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияти ахлоқии насли ояндасозро дар адабиёт фаро гирифтааанд. Албатта, дар ин бора асарҳои зиёде навишта шуда, вале бо зикри манзури боло таъкид карданӣ ҳастем, ки арзишҳои исломӣ ва амният аз нигоҳи ислом мавқеи муҳимро доро мебошанд.
Хулоса, вақте коршиносон ва сиёсатмадорон аз нигоҳи илмӣ ба ислом ва амнияти миллӣ баҳо доданӣ мешаванд, бояд дарки дуруст аз ислом ва арзиши амнияти миллӣ аз нигоҳи исломро дошта бошанд. Зеро дар ислом ҷойгоҳи амнияти миллӣ мавқеъи хосро сазовор мебошад. Дар ҳадисҳои Паёмбар (с) омадааст: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст” ва ё “Ба қадри ду неъмат пеш аз заволи он бирасед: тани солим ва ҳифзи суботи давлат”. Ин суханҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки амнияти миллӣ дар ислом дорои мавқеи меҳварӣ мебошад. Дар гузашта ва имрӯз низ ислом ва амнияти миллӣ аз мадди назари аҳли ҷомеа, бахусус мутафаккирону хирадмандон дур намондааст. Бояд мо имрӯз низ ба ин масъала баҳои воқеӣ дода тавониста бошем, то наслҳои ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия карда тавонем.

Бойзода Ч.Ч.- сардори кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ
Комилов Д.Р.- омӯзгор-ҳамкори кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...