Забони модарӣ - пойдортарин нишони безаволии миллат
Забони модарӣ нахустин ва пойдортарин нишони безаволии миллат аст. Забони модарӣ аз овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо шири модар дар хонавода ба тору пуди ҳар инсон мепечад ва ҳар шахс якҷоя бо забони модарии худ ба камол мерасад. Забони модарӣ решаи ҳувияти миллии инсон гардида, меросу ирсияти чандин наслро дар ҳувияти шахс побарҷо мегузорад.
Яъне забони модарӣ ба воситаи модар ва хешовандони наздик ба кӯдак мегузарад ва асоси ҳувияти ӯ зимни аз худ кардани арзишҳо, боварҳо ва суннатҳои миллӣ устувортар мегардад.
Забони модарӣ бо сухани ноб пайванди ногусастанӣ дорад, зеро ҳар гоҳ сухан аз асолати миллӣ ва баргашт ба решаҳои миллӣ ба миён меояд, ҳифз, нигаҳдорӣ ва густариши забони модарӣ ба ҷойгоҳи аввал мебарояд.
Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳқиқи забоншиносон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд доранд, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни ин забонҳо забони тоҷикӣ-забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ҳаст.
Дар даврони ҷаҳонишавӣ ҳамин забонҳои расмиву давлатӣ ҳам зери нуфуз ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон, аз қабили англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, немисӣ ва чинӣ қарор гирифта, дар бисёр ҳолат дар сатҳҳои гуногуни истифодаи забон ҷои худро ба ин забонҳо дода истодаанд ва аз ин лиҳоз дар зери хавфи аз даст додани ҳувияти забонӣ қарор доранд.
Яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон тарғиби китобхонӣ ҳам ба маънои суннатӣ, яъне рӯй овардан ба шакли чопии маводи забонӣ ва ҳам истифода аз маводи рақамӣ (интернет, диск ва дигар ҳомилҳои электронӣ) мебошад. Вале дар байни онҳо дар шароити имрӯзӣ китоб ё маводи чопӣ дар шакли китоб яке аз сарчашмаҳои асосии маводи забонӣ боқӣ мемонад.
Бале, китоб сарчашмаи илму дониш аст. Китоб моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ шинос месозад. Китоб барои аҳли башарият дари дониш, хираду фарҳангро мекушояд ва инсонро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавон мебахшад.
Тоҷикон дар тамоми тӯли таърихи башарият соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, китобро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд, чунки китоб сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат буда, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мебошад. Китоб таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостониву имрӯзаро бар худ нигоҳ медорад. Китоб бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, сабаби ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
Аҳли зиёи тоҷик аз қадим то замони мо китобҳои зиёди илмҳои мухталифи давру замон, фалсафаву дин, ахлоқу одоб, тартибу қоидаҳои зисту маишат, кайҳоншиносӣ, риёзӣ, тиббӣ, кимиёвӣ ва ғайра аз худ боқӣ гузоштаанд.
Он иқдоме, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалб кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ, ташкили китобхонаҳо ва ҳамасола идома додани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гирифта шудааст, бисёр иқдоми дурандешона мебошад. Тавре дар боло таъкид намудам, яке аз роҳҳои асосии ҳифзу нигаҳдории забон – ин тарғиби китобхонӣ мебошад.
Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср инъикос гардидааст.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.
Метавон гуфт, ки бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид.
Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини ҷонбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Ҷомию Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода ва дигарон дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод.
Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чунончи бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, ин санаи муҳими таърихӣ баробар бо 1150-солагии поягузори забони адабии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид.
Бо дарназардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр қонуни забон аз нав таҳия гардида, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009) қабул гардид. Ба таъбири дигар, имрӯз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дорад.
Аз ин нуқтаи назар, вазифаи мо – соҳибзабонон аз он иборат аст, ки забони модариамонро, ки нишон аз соҳибтамаддунии мо мебошад ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ такаллум бо онро аз ҳиндӣ афзал шуморидааст, покизаву гиромӣ дорем ба сарваташ дороиҳои нав афзуда, ба пасояндагон мерос гузорем, зеро дар ин дунёи бешу камӣ қиматтар аз забон дороие надорем. Ба таъбири устод Лоиқ:
Забони модариро пос дорем,
К-аз модар варо мерос дорем.
Салимов Меҳроб Исматуллоевич, курсанти курси 2-юми факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ,