Санъати талмеҳ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ - яке аз бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик, ки соли равон мардуми маърифатпарвари тоҷик 700-солагии ин шоири бузургро ҷашн мегиранд, соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас, таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош (Тошканди имрӯза) давом додааст. Вай дар мадраса аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Ал-Кашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва дигар улуми роиҷи замони худро омӯхтааст. Бино ба таъкиди муаллифони сарчашмаҳо, Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ будааст.
Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд. Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ба қавле ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд ва баъд дубора ба Табрез баргашт. Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супурда шуд.
Омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ андаке баъд аз вафоташ шурӯъ шуда, то ба имрӯз идома дорад. Ҳарчанд роҷеъ ба масоили гуногуни ашъори ин шоири баландовоза китобу мақолоти зиёде ба риштаи таҳрир даромадаанд, бархе аз паҳлӯҳои шеъри ӯ ҳанӯз мувофиқи талаби илми адабиётшиносӣ ҳалли худро наёфтаанд. Алалхусус, масъалаи поэтикаи шеърии Камол омӯхтаниҳои зиёде дорад. Яке аз масъалаҳое, ки дар ашъори шоир мавқеи калон дорад, корбурди санъатҳои бадеӣ дар ғазалиёти ин шоири бузург мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар барои ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ донишмандони зиёде китобу рисолаҳо навиштаанд, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Ш.Ҳусейнзода, А. Афсаҳзод, И.С.Брагинский, Б.Мақсудов, Ш.Исрофилниё ва чандин олимони дигар. Мавзӯе, ки мо мехоҳем дар борааш баҳс кунем, «Санъати талмеҳ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» мебошад. Бояд зикр кард, ки ин мавзӯъ мустақилона кор нашудааст, фақат камолшиносон ҳангоми таҳқиқи масъалаҳои дигар ба он ишора кардаанд. Аз ҷумла, профессор Б.Мақсудов дар китоби «Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ» ҳангоми баррасии бадеияти ашъори шоир ба санъати талмеҳ ҳам ишора намудааст. Б.Мақсудов шеъри Камолро аз дидгоҳи корбурди санъатҳои бадеии маънавию лафзӣ таҳқиқ намудааст. Аз назари Б.Мақсудов санъат намаки калом аст, вале санъат бояд сода, равон, фаҳмо, бетакаллуф ва аз ғайри ирода ба зӯҳур ояд. Муҳаққиқ сараввал перомуни ширинӣ ва латофати сухани Камол сухан ронда, баъд ҳар як санъатро ҷудогона бо шоҳиди шеърӣ аз ашъори шоир баррасӣ кардааст.
Чуноне ки аз таърихи ғазалсароии адабиёти форсу тоҷик маълум аст замони зиндагии Камоли Хуҷандӣ, яъне асри Х1У даврони равнақу ривоҷи санъатҳои бадеӣ ва гармии бозори шеъру шоирӣ буд. Камоли Хуҷандӣ дар корбурди санъатҳои бадеӣ дасти тавоно дорад. Адабиётшиноси тоҷик А.Афсаҳзод дар бораи чигунагии корбурди санъатҳои бадеӣ дар ашъори ин шоири бузург чунин андеша дорад: «Дар ашъори Камоли Хуҷандӣ аксари санъатҳои бадеӣ, хусусан ташбеҳ, таҷнис, киноя ва иҳом бештар ба кор бурда шудаанд». Бадриддин Мақсудов дар ин бора менависад: «Муҳимтарин саноеъе, ки дар ашъори Камол бештар ба кор рафтааст таҷнис ва ташбеҳу киноя аст».
Донишманди тоҷик Турақул Зеҳнӣ дар китоби «Санъати сухан» дар бораи талмеҳ маълумоти фаровон додааст, аз ҷумла ӯ менависад: «Талмеҳ дар луғат нигоҳи сабук кардан ба сӯи чизест. Агар талмеҳро қалби таомеҳ қарор диҳем, ба маънои намакин кардан меояд, ки ин ҳам дуруст аст. Аммо дар адабиёти бадеӣ ишорат кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи яке аз саромадони сухан санъати талмеҳ номида мешавад…».Дар китоби «Балоғат ва суханварӣ»-и Худоӣ Шарифов талмеҳ чунин шарҳ шудааст: «Маънойи луғавии талмеҳ нигоҳ кардан ва ишора кардан ба сӯи чизест. Дар истилоҳи илми бадеъ ишора кардан ба қисса, ё масале маъруфро талмеҳ мегӯянд».
Аз баррасии навиштаҳои донишмандон дар мавриди санъати талмеҳ чунин натиҷа гирифтан мумкин аст: Талмеҳ санъати маънавист, ки дар он ба қиссаҳои маъруфу ибратомез, масали машҳур, воқеа, шахсиятҳои таърихию асотирӣ ва монанди инҳо назар афкандан ва ба ин восита бо лафзи андаку маъонии бисёр баён кардани матлаб аст. Ҳамчунин ишора ба оятҳои Қуръонию аҳодиси набавӣ низ талмеҳ будааст.
Аз баррасии ашъори Камоли Хуҷандӣ маълум мешавад, ки дар осори ин шоири бузурги ғазалсарои тоҷик аслан ду навъи талмеҳро мушоҳида кардан мумкин аст: талмеҳоти арабӣ исломӣ ва талмеҳоти эронӣ. Талмеҳоти арабӣ исломии шоирро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Ба гурӯҳи аввал талмеҳоти пайғамбарон дохил мешаванд, ки ҳама аз Қуръону ривоятҳои исломӣ сарчашма мегиранд. Ба гурӯҳи дуюм ба воситаи ривоёту қисса ва ашхоси машҳури олами ислом дохил мешаванд. Дар ашъори Камоли Хуҷандӣ талмеҳоти пайғамбарон, алалхусус ҳазрати Муҳаммад хеле зиёд ба назар мерасад. Бинобар таҳқиқи Б.Мақсудов чанд қасидаи шоир бевосита дар ситоиши пайғамбари мо - мусулмонон ҳазрати Муҳаммад(с) суруда шудааст. Ҳамчунин дар ғазалҳову маснавӣ ва рубоиёти шоир низ аз Расули акрам(с) ба сифати пешвои мусулмонон ва дастгири рӯзи растохез ба некӣ ёд шудааст. Шоир дар қасидае, ки «Дар наъти ҳазрати Муҳаммад» унвон дорад, дар бораи хислату кирдорҳои он ҳазрат доди сухан додааст:
Эй маҳи рухсори ту матлаъи субҳи яқин,
Ғояшияи кибриёт шаҳпари Руҳуламин.
Дар ашъори Камоли Хуҷандӣ талмеҳи пайғамбарон, монанди Иброҳими Халилуллоҳ, Сулаймон, Довуд, Мусо, Исо, Юсуф, Юнус, Аюб, Нӯҳ ба назар мерасад. Ҳар яке аз ин пайғамбарон бо сифате вобаста ба кору фаъолияташон ва мӯъҷизаҳояшон талмеҳ шудаанд. Масалан, Иброҳим бо оташ, Юсуф бо зебоияш, Аюб бо сабру таҳаммулаш ба сахтиҳо, Довуд бо хушхонияш, Сулаймон бо тахту бод ва паррандагону девҳо, ки дар фармонаш буданд, Мусо бо асову яди байзо ва ғайра ёд шудаанд. Маслан дар байти зерин аз Сулаймон – пайғамбари бани Исроил талмеҳ шудааст. Дар ин байт аз «боду Тахт(маҳд) ва мӯр», ки ҳама вобаста ба Сулаймон аст, ёд шудааст:
Сулаймон ку, ки дар ҷавви ҳаво маҳдаш кашидандӣ,
Кунун чун ҷавз андар хоку ҳар сӯ мебарад мӯраш.
Дар байти дигар аз Иброҳими Халиллулоҳ ва «холи Адас» талмеҳ шудааст:
Салои даъвати хубӣ бизан, ки ҳаст имрӯз,
Хати сабзи ту хони Халилу холи Адас.
Ҷои дигар мегӯяд:
Чи илтифот муҳибро ба бӯстони наим,
Ки дил зи рӯи ту норест, пур зи нори Халил.
Яке аз пайғамбароне, ки бештар мавриди талмеҳи Камол қарор гирифтааст, Хизр мебошад, ки оби ҳаётро нӯшидаву умри ҷовидон дорад:
Ба хоб шайхи ҳарам дид дӯш мастеро,
Нишаста бар дари Каъба ба Хизр дӯш ба дӯш.
Дар байти зерин низ аз Хизру оби ҳаёт талмеҳ шудааст, мақсади шоир аз «оби Хизр» ҳамон оби ҳаёт аст:
Чу Кавсар аст бо хулд оби Хизр аз зулмот,
Равост гар лаби мо з-он даҳан надорад ҳаз.
Дар адабиёти форсу тоҷик Искандар низ ба сифати пайғамбар ёд шудааст. Қиссаи Сикандар низ вобаста ба оби ҳаёт аст. Зеро ӯ дар талаби оби ҳаёт ҷаҳонро гашт, аммо наёфт:
Аз бода лаби ҷом лаби оби ҳаёт аст,
Дар зулмати ғамҳо чу Сикандар талабедаш.
Дар байти дигар аз пайғамбар Юсуф талмеҳ шудааст, ки тимсоли зебоӣ ва покдоманист:
Ба васли сӯҳбати Юсуф азизи ман машитоб,
Ҷамоли ёр набинӣ, магар ба сабри ҷамил.
Талмеҳоти эронӣ низ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ нақши муҳим дорад, аз ҷумла ривоятҳои қадими мардуми эронинажод, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба назм даровардааст, мавриди илҳоми шоир қарор гирифтаанд. Аз ҷумла Рустами Достон паҳлавони қадими эронӣ аз ҳама бештар талмеҳ шудааст. Дар баробари талмеҳоти асосу бунёди арабию исломӣ дошта, шоир аз талмеҳоти асоси эронидошта низ ёд намудааст. Аз ин талмеҳот ба назар мерасад, ки шоир аз гузаштаи пурифтихори ниёгони худ, аз фарҳангу тамаддуни бостонии он ифтихор дорад. Бештари талмеҳоти шоир аз шоҳону паҳлавонони қадими мардуми форсинажоданд.
Масалан, дар байти поён дар баробари Ҷамшед подшоҳи асотирии Эрони бостон аз Сикандар, ки дар талаби оби ҳаёт буд, талмеҳ шудааст:
Чу Ҷам бо ҷом қаноат куну сикандарвор
Ба ҳарза дар талаби ризқи нониҳода макӯш.
Дар байти дигар аз қисаи Султон Маҳмуд ва ғуломи дӯстдоштаи ӯ Аёз талмеҳ шудааст, аммо шоир ба ҷои Маҳмуд номи падараш Сабуктакинро овардааст:
Чун ба назора омадам рӯзи шикори дилбарон,
Доми дили Сабуктакин зулфи Аёз ёфтам.
Дар байти поён аз Ҳорути ҷоду талмеҳ шудааст. Бино ба ривояте Ҳоруту Морут ду фариштае буданд ва Худованд онҳоро ба замин фиристод. Ин ду фаришта ба Зӯҳра ном зане ошиқ шуданду шавҳари ӯро куштанд. Ба фармони Худованд дар чоҳи Бобул партофта шуданд ва онҳо ба мардум ҷодугариро меомӯзанд:
Аз ман бубаст чашму ҳангоми ноз гуфт:
Ҳорут, гӯ, биёву бубин чашмбандиям.
Лайлию Маҷнун низ аз талмеҳоти серистеъмол дар шеъри Камол мебошанд:
Аҷаб мадор, ки парвона шаб наёрамид,
Ки шамъ Лайлии ҳусн асту ошиқаш Маҷнун.
Ширин низ аз образҳоест, ки бештар мавриди талмеҳи шоир қарор гирифтааст:
Хаёлат чу бар оби чашмам нишинад,
Бигӯянд: Биншаст Ширин ба Гулгун.
Дар баробари талмеҳоти асосу бунёди исломӣ дошта, шоир аз талмеҳоти асоси эронӣ дошта низ ёд намудааст. Аз ин талмеҳот ба назар мерасад, ки шоир аз гузаштаи пурифтихори ниёгони худ, аз фарҳангу тамаддуни бостонии он ифтихор дорад. Бештари талмеҳоти шоир аз шоҳону паҳлавонони қадими мардуми форсинажоданд. Шоҳони қадими эронӣ, монанди Ҷамшед, Фаридун, Кайқубод, Ковус, Нӯшервон, Доро, ки аз шоҳони муқтадир буданд, мавриди талмеҳи шоир қарор гирифтаанд. Талмеҳот аз асотири Юнонӣ низ дар ашъори Камол дида мешавад. Масалан, дар чандин абёти шоир аз Искандари Мақдунӣ талмеҳ намудааст. Искандар дар шеъри шоир рамзи шоҳи бузург ва соҳиби мулки паҳновар аст. Ҳамчунин аз ҳакимону файласуфони юнонӣ монанди Афлотун, Ҷолинус низ дар ашъори шоир талмеҳ шудааст. Афлотун дар тасвини Камол табиби дардҳои рӯҳонӣ асту Ҷолинус табиби дардҳои ҷисмонӣ. Аз сӯи дигар ин ҳакимон рамзи донишу хирад ҳастанд, ки шоир барои баёни андешаҳои худ аз онҳо истифода кардааст.
Хулоса Камоли Хуҷандӣ аз шоирони бузурги адабиёти форсу тоҷик аст, ки дар корбурди санъатҳои бадеӣ, аз ҷумла санъати талмеҳ маҳорати бузург дорад ва дар тараққиёти адабиёти мо саҳми калон гузоштааст.
Азиза Давлатшозода, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия