Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи президентӣ ва институти президентӣ

320Рушд ва инкишоф ёфтани ҷомеа зарурати бо роҳҳои қонунӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро ба идоракунии давлатӣ ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ба миён меорад. Яке аз роҳҳои қонунии ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ин баргузор намудани маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихобот мебошад. Интихобот бештар хислати фаъолро дошта, мафкураи сиёсии шаҳрвандонро инкишоф медиҳад ва дар назди онҳо вазифаҳои гуногуни сиёсии пурмасъулро оид ба ташкили мақомоти олии интихоботӣ мегузорад. 

Таъкид намудан зарур аст, ки интихобот ин раванди сиёсии идорашаванда мебошад. Раванди интихобот тавассути қонунгузорӣ идора карда мешавад.
Ҳайати мақомоти ҳокимияти давлатӣ тавассути интихоботи мустақим ё ғайримустақим ва ё тавассути таъйин кардан ба мансаб таъсис дода мешавад. Бояд дар назар дошт, ки мансабҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ ба воситаи интихоб шудан ишғол карда мешаванд. Масалан, ба воситаи интихоботи бевосита Сарвари давлат-Президенти ҷумҳурӣ интихоб карда мешавад. Президент шахсе мебошад, ки халқ амалӣ намудани ҳокимияти худро ба ӯ бовар мекунад ва ба воситаи вай ҳокимияти давлатиро ба амал мебарорад. Дар вобастагӣ ба ҳолати гуфташуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Интихобот мақомотро қонунӣ мекунад, яъне тавассути интихобот мардум ҳамчун манбаи ягонаи ҳокимият намояндагони худро муайян мекунанд ва ба онҳо ҳуқуқи сухан гуфтан аз номи худро медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия худро давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Яке аз шаклҳои амалисозии соҳибҳокимиятии халқ ин интихобот ва раъйпурсӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки интихобот сохтори сиёсии давлатро мустақиман инъикос мекунад ва ба он таъсир мерасонад. Танҳо тавассути интихобот иродаи аксарияти мардум муайян гардида, дар асоси он як ҳукумати демократӣ ташкил карда мешавад.
Интихоботи президентӣ имконияти амалӣ намудани ҳуқуқи субъективии ҳар шаҳрвандро оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба миён меорад.
Лозим ба зикр аст, ки заминаи асосии таъсиси институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баргузор намудани маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ мебошад. Интихобот имкон медиҳад, ки дар заминаи баргузории он институти президентӣ таъсис гардад ва тавассути ин институт идоракунии давлатӣ ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Бо мақсади муайян намудани мавқеи институти президентӣ зарур аст, ки сараввал фаҳмиши этимологии падидаи «президент» ва таърихи бавуҷудоии институти мазкурро дар ҷаҳон иброз намуд. Ибораи «президент» аз калимаи лотинии praesidens (praesidentis) «раисикунанда, сарвар», praesidere (praesidentis) «пешво, раисикунанда» гирифта шудааст.
Институти президентӣ ба фаҳмиши муосир аввал дар ШМА дар охири асри XVIII ба вуҷуд омадааст. Дар ШМА шакли идоракунӣ муқаррар гардид, ки мувофиқ ба он Президент ягона сарвари давлат боқӣ монд ва мавқеи асосиро дар низоми мақомоти идоракунии давлатӣ ишғол намуд.
Мубрамияти мавзӯи мазкур вобаста ба аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, мавқеъ ва нақши ӯ дар пешбарии низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бист сол мешавад, ки амал дорад ва он ба ташаккул ва инкишофи давлатдории тоҷикон ва низоми муосири сиёсӣ мусоидат намудааст. Дар давраи мазкур дар Тоҷикистон таҷрибаи назаррас дар ташкил ва фаъолияти ин институт, заминаҳои ҳуқуқӣ, ки ташкил ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунанд ва муносибати байни Президентро бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд, ба вуҷуд оварда шуд.
Бояд дар назар дошт, ки шакли идоракунии давлатӣ дар дилхоҳ давлат ҷавҳари асосии ҳаёти сиёсӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қисми 2 моддаи 1-и Конститутсия, аз лиҳози шакли идоракунӣ ҷумҳурии президентӣ мебошад. Яке аз ҷузъҳои муҳимми шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ институти президентӣ ба шумор меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки эътирофи институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли идоракунии давлатӣ мақсади ташкили ҷомеаи демократии воқеӣ, устувории тартиботи конститутсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсонро дорад. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, институти президентӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ устувории ҷомеаро таъмин мекунад, ҷалби шаҳрвандонро ба раванди идоракунии корҳои давлатӣ имконпазир мегардонад.
Институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи начандон зиёд дорад ва аз ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маншаъ мегирад. Асоси сиёсӣ ва ҳуқуқии таъсиси мансаби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эъломия «Дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1994 ташкил медиҳад. Дар Эъломияи мазкур аввалин маротиба қайд гардида буд, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба принсипи таҷзияи ҳокимият, яъне ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ асос меёбад. Яъне татбиқи воқеии усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон замина гузошт.
Дар асоси таҳлили гузаронидашуда ва мувофиқан ба таҳқиқотҳои илмӣ се давраи ташаккули институти президентӣ дар Тоҷикистонро ҷудо кардан мумкин аст: давраи якум – ташаккули институти мазкур дар ибтидои солҳои 90-ум ва интихоби Президенти ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1990-1992); давраи дуюм – таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ва дар асоси он барқарор намудани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994-1999); давраи сеюм – ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016, ҳамчунин, ислоҳоти падидаи мазкур (солҳои 1999-2016). Ислоҳоти конститутсионии мазкур, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 гузаронида шуд, ба ташаккул ва мустаҳкамии институти президентӣ заминаи мусоид гузошт.
Ҳуснуддин Саидов, омӯзгори факултети ҳуқуқшиносӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...