Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ

319Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ, ки имрӯз забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст, аз куҷо сарчашма мегирад ва он маҳсули кадом давру замон аст? Барои то андозае равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бояд пеш аз ҳама ин нуктаро дар назар дошта бошем, ки забони модарии мо имрӯз дар се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба сифати забони расмӣ бо номҳои тоҷикӣ, дарӣ ва эронӣ амал мекунад. Гарчанде тафовутҳои луғавӣ, овоӣ ва услубӣ ба назар мерасад, вале мебинем, ки ин забон дар ҳар се кишвар дорои тартиб ва сохтори дастури ягона буда, дар дарозои таърих тағйироти ҷиддиеро аз сар нагузаронидаанд. Ҳол он ки дар тӯли асрҳо ин забон, на танҳо дар се минтақа, балки дар минтақаҳои таҳти тасаллути забонҳои дигар низ вазифаи иртиботии ҳам расмиву ҳам ғайрирасмиро иҷро кардааст. Ин нуктаро фаромуш ҳам набояд кард, ки дар тӯли ин муддат ин забон бо чандин забонҳои дунё, аз қабили юнониву лотинӣ, арабиву туркиву муғулӣ, русиву англисиву фаронсавӣ дар иртибот буда, дар ин муборизаи тӯлонӣ барои бақои хеш агар гоҳе шикаст хӯрда, вале ҳаргиз мағлуб нагаштааст. Ҳол он ки тайи ин муддат садҳо забонҳои дигар бо соҳибони худ аз байн рафта, ҷойи худро бо забонҳои тавонотаре вогузоштаанд. Ин мубориза барои нигоҳ доштани асолату покии худ дар барорбари таъсири вожаҳои забонҳои дигар ва ҳатто дар зери итоати баъзеи онҳо, аз қабили юнонӣ, арабӣ ва русӣ қарор гирифтани ин забон дар бисёр маврид боиси мондагории миллати шарафманди тоҷик аст.
Забони тоҷикӣ, ки аз лиҳози таърихӣ ба гурӯҳи ҳиндуэронӣ ва ё ориёӣ ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил буда, як шохаи муҳим ва таърихии ин хонаводаро ташкил медиҳанд. Забонҳои ҳиндуэронӣ дорои осори бесобиқаи таърихӣ мебошанд, ки он нахуст дар шакли шифоҳӣ ва баъдан дар шакли бисёр куҳани навишторӣ тайи ҳазорсолаҳо идома дошт. Имрӯз ин осор ҳамчун шоҳиди айнӣ аз гузаштаҳои дури таърихи мардумони ориёинажод ба мерос мондааст. Забонҳои ҳиндуэронӣ ба доштани манобеи муҳим ва арзишманд дар бозсозии нахустзабони ҳиндуаврупоӣ дар миёни дигар забонҳои ҳиндуаврупоӣ дорои мартаба ва мақоми хос мебошанд, ки инро пажӯҳишҳои илмии забоншиносии ҳиндуаврупоӣ ва муқоисавию таърихӣ дар асоси далелҳои илмӣ ба хубӣ собит сохтаанд. Аз ҷумла дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар масири таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “ Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки дар бораи мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд.
Масъалаи ҷойгоҳ ва асолати таърихии забони тоҷикӣ дар фарҳангу луғатномаҳо ва манбаъҳои гуногун мавриди баррасии донишмандон ва муаррихон қарор гирифтааст. Масалан овардаанд, ки аввалин касе, ки бо форсии дарӣ (тоҷикӣ) сухан гуфт, Каюмарс буд ва ё аввалин касе, ки ба форсӣ навишт Биюросп (Беварасп) писари Вандосп, ки маъруф ба Заҳҳоки мордӯши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аст.
Миллати тоҷик аз нуқтаи назари таборӣ ва ирсияти забонӣ марбут ба шохаи ҳиндуаврупоӣ аст, ки аз нимҷазираи Ҳинд то Аврупо густариш дорад. Аввалин касе, ки иртиботи забонӣ ва хешовандии ин қавнҳоро пай бурд, донишманди англис Вилямс Ҷонс мебошад. Вай назарияи хешро дар соли 1786 дар ҷомеаи Осиёи Калкута дар Ҳинд иброз дошт ва нишон дод, ки забонҳое мисли санскрит, юнонӣ, лотинӣ, готӣ, келтӣ ва авестоӣ (зандӣ) бо ҳам қаробат доранд.
Маликушшуаро Баҳор менависад: “Забони дарӣ, яъне забони имрӯзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падид шудааст...” Инчунин дар ҷойи дигар илова мекунад, ки забони форсии дарӣ лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухорост, ки дар ин сарзаминҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Сайид Нафисӣ ватани аслии ориёиҳоро, ки тоҷикон мансуб ба он нажоданд, доманакӯҳҳои Ҳиндукуш, канори дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун медонанд ва менависад, ки мо эрониён аз он ҷо омадаем.
Бобоҷон Ғафуров дар китоб “Тоҷикон”-и худ дар бораи маншаъ ва макони баромади забони тоҷикӣ чунин менависад: “Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарби эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии Форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ густариш пайдо карда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳии шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва дар анҷом, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр, лаҳҷаҳои эронии ғарбӣ бо ҳам омезиш меёбанд. Дар асрҳои 7-8 мавқеъ ва мақоми ин забон дар шимолу шарқии Эрон, Шимолии Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна, аз ҷумла дар ҷанубии Тоҷикистон мустаҳкам шуда аст”.
Бо вуҷуди масъалаҳои зиёди баҳсангез дар таърихи забони мо чизи аз ҳама равшану бе баҳс муҳаббати мардум ба забони модарии хеш аст. Ин эҳсос махсусан дар замони Сомониён, ки даврони авҷу ташаккулёбии забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, хело баланд аст. Аз ҷумла дар ин давра забони тоҷикӣ мавқеи худро дучанд пайдо карда, ба авҷи ниҳоӣ мерасад, ки бузургтарин шоирон, донишмандон ва файласуфонро дар канори худ тарбият намудааст. Дар ин давра забони тоҷикӣ баъди шакли хаттӣ-китобӣ гирифтан хело, неруманду дорои маводи хуби забонӣ мегардад, ки ба он дар жанрҳои назму наср осори гуногуни илмию адабӣ офарида мешавад. Аз ҷумла дар ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ нақши устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ ва ҳамасрони онҳо ниҳояд зиёд аст, зеро ин донишмандон дар саргаҳи ташаккули забони тоҷикӣ қарор доранд.
Дар асрҳои баъдина забони тоҷикӣ дар осори илмию адабии Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Хайёму Низомӣ, Абулфазли Байҳақиву Насриддини Тусӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Ҳофизу Камол, Восифию Сайидо, Бедилу Дониш ва дигарон боз ҳам баландтар садо медиҳад. Кӯшишу талоши ин шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик буд, ки сохти адабию маърифатии ин забонро дар асарҳои худ бо санъатҳои баланди бадеӣ ҷилва дода, анъана ва расму русуми ин миллатро дар тули ҳазорсолаҳо пойдор сохтаанд. Нақши ҳамин осори илмию адабии олимон, мутафаккирон ва файласуфон аст, ки забони тоҷикӣ арзиши баланди адабии худро аз замони ҳукумронии шоҳ Исмоили Сомонӣ то ба имрӯз нигоҳ дошта, мустақилияти худро аз даст надодааст.

Гадозода Муҳаммадшариф, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои филологӣ, майори милитсия 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...