“Президенти мо – ифтихори мо”
Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
(Ниҳонӣ)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо - аҳли омӯзгорон вазифа мегузоранд, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ, раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтро тақвият бахшем ва ҷавонони кишварамонро ҳамчун инсони андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем. Барои худ ва барои наслҳои оянда зиндагии шоистаро таъмин намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида истодааст ва мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба ватанпарастию миллатдӯстӣ, ба қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан, ҳидоят менамоянд. Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудааст, маҷмӯи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммул сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, шикастнафсӣ, касбу ҳунаромузӣ, дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва некукорӣ, адлу адолатҷӯӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат , аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд.
Ҳадафи асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар мавриди тарбия ин тақвият бахшидан барои бартараф кардани васваса ва заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ӯ, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеояд, нигаронида шудааст.
Ба андеша ва таъкиди Президенти кишвар: “Зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад”. Ногуфта намонад, ки дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз фазои иҷтимоии давру замон масъалаи маорифу фарҳанг мақоми марказиро касб менамояд.
Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст.
Аз ин рӯ, рӯҳияи мардум вобаста ба инкишофи ҷомеа бояд дар асоси принсипҳои устувор, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимод ба ояндаи некро дарбар мегирад, дастгирӣ ва таҳким ёбад.
Дар афкори маорифпарваронаи Пешвои миллат илму маърифат ҷойгоҳи махсус дорад ва агар онро ҳар фарди бедордил ба сифати дастур сармашқи зиндагиаш бипазирад, мунтазам аз паи андӯхтани илму маърифат бошад, бешак дар кулли ҷодаҳо ӯро комёбиву пешрафт дар канор хоҳад буд.
Мо – устодону кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ифтихори баланд фахр аз он менамоем, ки таҳти сарварии чунин як шахсияти сулҳпарвару фарҳангдӯст барои таъмини шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзем.
Бойзода Ҷ.Ҷ.- аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Адолатов И.- аълочии фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон