Корҳои ободкорию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Нимаи дуюми рӯзи 25-уми сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Ховалинг барои аз наздик шинос шудан аз вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии мардуми меҳнаткаши ин ноҳияи бостонӣ дидан намуд.
Дар ҳудуди ин ноҳия корҳои ободкорӣ рӯшд намуда, чандин сохтмонҳои хурду бузург сохта шуда, роҳҳои нақлиётгард, шаҳракҳои варзишӣ, ҳамчунин чандин муассисаҳои наву замонавӣ ҷавобгӯ ба талаботи ҳозиразамон сохта ба истифода дода шуда, чандин ҷойҳои корӣ барои ҷавонон ташкил шуда, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши муайян гардиданд. Дар ин радиф барои амалӣ шудани ҳадафи 4–уми стратегии мамлакат, яъне саноаткунонии босуръати кишвар дар ҳудуди ин ноҳия якчанд корхонаҳо, аз ҷумла корхонаи заргарӣ, обистеҳсолкунӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ховалинг як гӯшаи хушбоду ҳаво ва зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад. Диёри Ховалинг, ки марказаш дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк доман паҳн кардааст, аз замонҳои пеш бо таърихи боғановат, табиати дилфиреб, мардуми меҳмоннавоз, ҳунарманд, мардони ғаюр, паҳлавонони номӣ ва адибонаш машҳур аст.
Бояд қайд намуд, ки табиати ин ноҳия ба соҳаи туризм ҷавобгӯ буда, дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо табиати зебою нотакрор, обу ҳавои мӯътадил, минтақаҳои сайёҳӣ ва обҳои софу зулолаш дар дили ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷой гирифта, мавқеи хосаро соҳиб гаштааст. Ховалинг ба ноҳияи кӯҳистонӣ маҳсуб буда, зиёда аз 95-% ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил менамояд, ки барои рушди минбаъдаи туризм шароити хуб дорад. Мавзеҳои таърихии ноҳия ин Мамнунгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор (зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ), Ёдгориҳои табии Чилчанор, Шаҳри Мунк, Хоҷа Аюби Ансорӣ, чашмаи Сурсақова, Кулдара, бозёфтҳои Хонақо, Уштурчаро мавҷуд мебошад, ки ба самтҳои гуногуни фаъолияти туристӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ ва истироҳат мусоидат менамояд.
Ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик назар намоем дар ҳудуди Мунк (Ховалинги имрӯза) нишонаҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ, асри сангин, асрҳои биринҷу оҳан, ёдгориҳои давраи Ҳахоманишиниён, Искандари Мақдунӣ, Селевкиён, Юнону Бохтариҳо, кушониҳо, Сомониён, Ғазнавиён ва Темуриён мавҷуданд, ки дар асари безаволи “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дарҷ гардидааст.
Воқеан ҳам имрӯз бо корҳои ободкорӣ симои ноҳия ранги дигар гирифта аз пештара дида чандин маротиба ободтару зеботар гардидааст. Бо ифтитоҳи осорхонаи таърихии Восеъ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, роҳҳои нақлиёти ба кӯҳи Чилдухтарон, муассисаҳои таълимӣ, корхона, шаҳракҳои варзишӣ ва якчанд иншоотҳои дигарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд, ки ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки воқеан ноҳия рӯ ба пешравӣ ниҳодааст. Имрӯзҳо вазъи зиндагии мардуми ин ноҳия рӯз аз рӯз хуб гашта, роҳҳои нақлиётгард ба чор тараф кушода шуда, мардум метавонанд дар дилхоҳ фасли сол бемамоният истифода намоянд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки мардуми ин ноҳия шиори “Барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон натанҳо саҳми як ё ду шахс бошад, балки ҳама якҷоя камари ҳиммат банданд”-ро истифода намуда, бо тариқи дастаҷамъона барои ободу зебо гардидани ҳудуди ноҳия саъю кӯшиш менамуданд. Дар ин корҳои дастаҷамъона курсантони факултети №2 ва №5-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Айни ҳол бошад корҳои ободкорию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ин ноҳия бо суръати баланд идома доранд.
Ҳамчунин барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, ноҳияи Ховалинг низ дар қатори дигар ноҳияҳо саъю кушиш ба харҷ дода, 30-солагии Истиклолияти давлатиро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ноҳияи Ховалинг дар оянда низ аз гузашта ва имрӯз дида ободтару зеботар гардида, ба яке аз ноҳияҳои пешрафта дар тамоми соҳа ба ҳисоб хоҳад рафт.
Муҳамммадрофеъи Авазхон, курсанти курси 4-уми
факултети №2 Академияи ВКД,
Роҳбари илмӣ, Асламов Б.С.