Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ
Ҷомеаи мутамаддинро бе раванди интихоботи демократӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интихобот дар низоми демократӣ яке аз муҳимтарин падидаест, ки ифодаи ирода ва иштироки бевоситаи халқро дар идора кардани давлат таъмин менамояд. Баъд аз пошхӯрии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт, ки мақсади асосии он таъмини ҳаёти арзанда ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Бояд иброз намуд, ки дар таҷрибаи давлатдорӣ ду тарзи ташкили ҳайати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой дорад, ки яке бо роҳи интихоботи мустақим ё ғайримустақим, дигаре бо роҳи таъйин намудан ба мансаб ба роҳ монда мешавад. Бештар мансабҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо роҳи интихобот ишғол карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳи интихоботи бевосита вакилони Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.
Яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ ин бо роҳи интихоботи озод таъсис додани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала, дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр мустаҳкам гардидааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд».
Яке аз роҳҳои демократикунонии интихобот ба тарзи бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ ташкил ва баргузор намудани он аст. Дар раванди он намояндагони ҳар як ҳизб бо барномаҳои мушаххаси пешазинтихоботии худ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, ҷиҳати ба даст овардани ғолибият дар интихобот кӯшиш менамоянд. Албатта, низоми бисёрҳизбӣ ва доштани барномаву мақсадҳои гуногун вобаста ба ташкил ва амалигардонии ҳокимияти давлатӣ яке аз нишонаҳои демократия мебошад. Шаҳрвандон аз барномаҳои пешазинтихоботии намояндагони ҳизб ва ё номзадҳои пешбаришуда шинос гардида, вобаста ба он иродаи худро баён менамоянд. Дар ин раванд, мақсад ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бояд ба ташаккули афкори ҷомеа ва пешрафту суботи кишвар, ки дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, нигаронида шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 8-уми Конститутсия «Ҳаёти ҷаъмиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».
Айни ҳол дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии зерин ба қайд гирифта шудаанд, ки ба таври қонунӣ фаъолият менамоянд:
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон;
Ҳизби Демократии Тоҷикистон;
Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон;
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон;
Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон;
Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон;
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди интихобот ҳамаи ҳизбҳои сиёсии амалкунанда ҳуқуҳои баробар дошта, ҳам дар интихоботи парлумонӣ ва ҳам президентӣ метавонанд фаъолона иштирок намоянд. Дар ин раванд тибқи қонунгузорӣ ягон монеа ва маҳдудиятҳо ҷой надоранд.
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6-уми августи соли 2020 Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд, ки дар рафти он 11-уми октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин раванд ҳар як ҳизбҳои сиёсии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи пешбарии намояндаи худро ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ доранд. Дар асоси маълумоти ҷойдошта, то имрӯз аксарияти ҳизбҳои сиёсии амалкунанда, намояндагони худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаанд. Аз ҷумла, 15-уми августи соли равон дар анҷумани VIII-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон, раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, 22-юми август дар анҷумани XI-уми Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров, 23-юми август дар анҷумани XVI-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, 24-уми август дар анҷумани VIII-уми Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раиси он Рустам Раҳматзода ва 5-уми сентябр дар анҷумани XXXV-уми ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоев ҳамчун номзадон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.
Санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ, дар Анҷумани XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар он вакилон, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ, фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳо, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд, номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ гардид. Инчунин, номзадии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ гардидааст, ки ин ҳама далели боварӣ ва эътимоди мардуми кишвар ба фардои дурахшон мебошад.
Дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст, ки ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гирифтор гардида, дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, зери роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилотро паси сар намуда, айни ҳол бо суръати баланд рушд намуда истодааст.
Ногуфта намонад, ки он ҳама ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодгардида, пояҳои давлатдории тоҷиконро мустаҳкам намуда, мавқеи онро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштааст. Маҳз хизматҳои шабонрӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз амну субот пойдор буда, мардуми кишвар осудаҳолона умр ба сар бурда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки пеш аз ҳама дар давраи оғози маъраки интихоботӣ ҳар як ҳизбу ҳаракат кӯшиш менамояд ба сари ҳокимият оянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии чунин рақобати озод байни ҳизбҳои сиёсӣ ҷой дорад ва давлат онро кафолат медиҳад. Аммо, рақобат бояд аз рӯи маданияти баланди сиёсӣ ба роҳ монда шавад. Ибрози ҳаргуна суханҳои беасос ва нақшаву амалҳои ғаразнок ҷиҳати ноилгардидан ба боварии мардум, аз фарҳанги сиёсӣ дур буда, мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Бо ҳаргуна роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиши расидан ба мансаби олии давлатӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати халқу миллат набуда, метавонад асоси парокандагии шаҳрвандон, фалаҷ гардии ҳокимияти давлатӣ, буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар давлат гардад, ки таҷрибаи талхи онро мо соли 1992 чашида будем. Мисоли дигари равшан ҳодисаҳои баъд аз интихоботии Ҷумҳурии Беларусия мебошад, ки баъд аз баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ба таври расмӣ эълон гардидани натиҷаҳои он, ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф бо ҳар роҳу восита мардумро ба гумроҳӣ равона намуда истодаанд. Чунин бетартибӣ ва амалҳои ғайриқонунии намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолиф, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор дошта, мехоханд бо ҳар роҳ ба сари ҳокимият оянд, албатта, он аз фарҳанги сиёсӣ дур буда, ба манфиати халқи ин кишвар намебошанд.
Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чунин ҳодисаҳои талхро аз сар гузаронидаанд ва имрӯз дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо дарки баланди хештаншиносӣ ва масъулиятшиносӣ мавқеи худро муайян намуда, ба хотири рушди кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии муҳим ва саривақтии андешидашуда, имконият дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони ҷойдоштаро бо муваффақият паси сар намояд, сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро боло барад.
Тадбирҳои асосӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда, дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, Паёму суханрониҳои Пешвои муаззами миллат пурра дарҷ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ, сарфи назар аз вазъи ногувори сиёсӣ, набудани умедвории сокинони мамлакат ба бақои давлату миллат, дар пояи сифр қарор доштани буҷети кишвар, масъалаи таъмини амнияту суботи сиёсӣ, ваҳдати комили ҷомеа ва расидан ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, ки имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд, заминаҳо гузошта, пайгирона баҳри татбиқи онҳо талош варзида истодаанд. Бо боварии комил иброз намудан мумкин аст, ки ҳангоми ба пуррагӣ амалӣ гардидани ин ҳадафҳои стратегӣ, ки поягузори онҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад гашт.
Мансурзода Амиршоҳ Мансур.