Андешаҳои Пешвои миллат перомуни Истиқлолияти давлатӣ
«Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1 - сол муқаддам аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
8- уми декабри соли 1991 дар Беловежск сарварони давлатҳои Россия, Белоруссия, Украина дар бораи таъсиси Ииттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти байналмиллӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардида буд.
2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутасифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ба Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон 27- июни соли 1997 ва Ваҳдати миллӣ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои сарвари давлати мо аз қабили соли оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи байналмиллалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30- сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми Иҷлосияи 54-уми СММ бомуваффақият Раисӣ намуданд.
Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтии комил ба даст оварданд.
Пешвои миллат ба мустаҳкам намудани Истиклолияти давлатӣ диққати махсус медихад ва мудом андешаҳои ҷолиб дар суханрониаш пешниҳод менамояд, ки қисмате аз онҳоро пешниҳоди Шумо мегардонем:
Истиқлолияти давлатӣ дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ-бунёди давлати навину пешрафти тоҷиконро гузоштааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ борхо марҳилаи мушкилу сангинро паси сар намуда,ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ гардидем.
Дар даврони Истиқлолият хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф намудем.
Истиқлоляти давлатӣ неъмат ва дастоварди беназири таърих аст.
Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибисиқлол ба таҳкими дастовардҳои Исиклолияти давлатӣ равона шудааст.
Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои замони соҳибисиқлолӣ масъулияти дукчанро аз харяк ватандӯсти кишварамон талаб дорад.
Истиқлолияти давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳиб эҳтиром аст.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи подорӣ ва бақои он мебошад.
Истиқлолияту озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст.
Истиқлолияти давлатӣ рамзи гӯёи озодии миллат ва кишвар аст.
Мардуми Тоҷикистон соҳибистиқлол Ваҳдати ҷовидонаи худро ба аҳли башар нишон доданд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳрои рушди устувор ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳани давлатдорию давлатсозии мо мебошад.
Имрӯз ҳамагон шаҳрвадони Тоҷикистони маҳбуб шукр аз неъматҳои Истиқлолият ва сиёсати хирадмандона ва бащардӯстонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, аз он фахр менамонд, ки дар чунин кишвари озоду демократӣ ва рушднамуда дар фазои сулху суботи комил зиндагӣ менамоянд.
Гирдоварандагон: АсламовБ.С., Сафарова С.Н., Одинаев Ш.И.