Истиқлолияти давлатӣ ва шаклгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қабл аз он ки дар бораи роҳи тайнамудаи сиёсати хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон дар зарфи 29 соли Истиқлолият ва мавқеи кишварамон дар ҷаҳони имрӯза сухан бигӯем, бояд бидонем, ки раванди ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом давра оғоз ёфт ва кадом марҳилаҳоро сипарӣ намуд, то ба ҷойгоҳи кунуниаш бирасад. Бояд аз назари коршиносона ва диди мунсифона баҳо диҳем, ки чӣ гуна як кишвари ошубзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз мамлакатҳои осоиштаву бо низом дар ҷаҳон табдил ёфт. Бегумон, ин ҳама дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хизматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи тоҷик, қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории тоҷикон пас аз Истиқлолият ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян кардани сиёсати хориҷии худ ба комёбиҳои назаррас марҳила ба марҳила ноил гардид. Аз 26-уми феврали соли 1992, ҳамчун иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва аз 2-юми марти ҳамон сол узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Мутаассифона ҳукуматдорони вақт, натавонистанд низоми муносибатҳои байналмилалиро дуруст ба роҳ монда, ҷомеаи ҷаҳониро ба танзими вазъи ноором ва буҳронии сиёсиву иқтисодии кишвар ҷалб созанд. Бо авҷ гирифтани нооромиҳои дохил, шурӯъ аз тобистони соли 1992, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶумҳурииТоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, тадриҷан рӯ ба коҳишёбӣ ниҳода як қатор намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳайатҳои худро ихтисор ва фаъолияташонро мувақатан манъ карданд. Сабабгори аслии инро метавон ба вазъи нооромии давлати тозаистқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дод, зеро ба ҳамагон маълум буд, ки шароити ҳамонвақта метавонист ба ҳамкориҳои дипломатии ин давлати навбунёд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсири ҳамаҷонибаи худро расонад.
Хушбахтона бо ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як такони ҷиддие дар сиёсати хориҷии кишвар ба амал омад. Аз ҳамон вақте ки Пешвои миллат ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш, моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати ҳифзи истиқлолияти ҷумҳурии тозабунёди тоҷиконро бо дарки комили масъулият барои ояндаи миллату давлат бар дӯши худ гирифт. Аз ҳамон лаҳзаҳои душвор сиёсати хориҷии Тоҷикистон оҳиста оҳиста рушд намудан гирифт. Бо талошу дастгириҳои Пешвои миллат оташи ҷанги шаҳрвандии давлат хомуш гардида ва дар арсаи сиёсии кишвар пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад.
Заминаҳои ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон аз даврони Шӯравӣ ёдовар шуд, зеро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми майи соли 1944 дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис ёфта буд. Соли 1991 ҳангоми соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ дар ин вазорат теъдоди умумии кормандони дипломатӣ ва техникӣ, ҳамагӣ ба понздаҳ нафар мерасид. Моҳи январи соли 1992 дар асоси Вазорати корҳои хориҷӣ Вазорати робитаҳои хориҷӣ таъсис ёфт, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ низ ба уҳдаи он гузошта шуд. Вале ин таҷриба дурустии худро собит накард ва моҳи июли ҳамон сол вазорати зикршуда барҳам дода шуда, дар заминаи он Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ таъсис ёфт.
Ҳамин тариқ аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин Қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар баробари ин, шабакаи васеи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба роҳ монда шуд, ки барои таъмин намудани робитаҳои доимӣ ва пайгирии рафти иҷрои тавофуқҳо бо кишварҳои дӯсту ҳамёр нақши муҳим мебозад. Ҳамаи ин таъбиру ибтикорҳо ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол то сол тавсеа мебахшад.
Бояд тазаккур дод, ки эҳёи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите шурӯъ шуд, ки рӯйдодҳои сиёсии кишвар дар соли 1991-1992 ва омилҳои берунае, ки онҳоро ба ҳаракат оварда буданд, ба нуфузи байналмилалӣ, хусусан ба мавқеи кишварамон дар минтақа халали ҷиддӣ ворид намуда буданд. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2012 оид ба ташаккули сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ сухан ронда, аз ҷумла, чунин иброз намуд: “...ба иллати оғоз ёфтани ихтилофоти дохилӣ, шиддат ёфтани он ва ниҳоят, забона задану доман паҳн кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди шаклгирӣ ва тадбиқи сиёсати хориҷии мо бо мушкилоти зиёди мухталиф рӯ ба рӯ шуд”.
Дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳими тақдирсоз баён гардид, ки заминаи аввалини Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод: “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки сиёсати мутавозину прагматиро пеш гирад, ки аз пайравии якҷониба холӣ бошад”.
Принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи фарогири рушди кишвар пурра барои ҳалли масоили афзалиятноки он, аз ҷумла, таҳкими суботу Ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, тавсеаи рукнҳои демократии давлатдорӣ ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини пешрафти босуръати ҳамаҷониба ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ равона гардиданд.
Дар замони муосир мақсаду маром ва стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикстонро ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат, қабл аз ҳама ин таъмини амнияти миллӣ, суботи сисию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули иқтисоди кишвар мебошад.
Ин нукта мусаллам аст, ки пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ ва мутобиқ бо ниёзҳову манфиатҳои миллӣ бе доштани заминаи қавии ҳуқуқӣ ва мушаххас будани самтҳои ҳамкории хориҷӣ муяссар намегардад. Роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳангоми таҳияи сиёсати хориҷӣ ба ин натиҷа расид, ки барои амалӣ кардани ин мақсад таҳияи санади алоҳида зарур аст. Панҷ ҳавзаеро, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дақиқ намуда буд, дар он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш дохил мешуд ва аз ин ҷиҳат бояд ҳангоми таҳияи консепсия ба назар гирифта мешуданд:
Ҳавзаи якум - Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.
Ҳавзаи дувум – Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.
Ҳавзаи савум - Фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам наздик мекунанд.
Ҳавзаи чаҳорум - Доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.
Ниҳоят, ҳавзаи панҷум - ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯйи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар зарфи 29 соли истиқлолияташ дар сиёсати хориҷии худ бо роҳбари созандаву арзанда ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Ҳамин буд, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кард ва тавонист, ки Тоҷикистонро ба ҳайси як субекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳони машҳур сохт.
То имрӯз давлати мустақили моро тақрибан 120 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Зиёда аз 71-давлати дунё бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро барқарор карда ва 35 мамлакати ҷаҳон сафорату намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Тоҷикистон низ тадриҷан фазои муносибатҳои худро дар ҷомеаи байналмилалӣ вусъат намуда, ширкати намояндагии худро дар мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ васеъ менамояд.
Мазмун, моҳият, ташаккул ва шаклгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи бунёдкоронаи давлати мустақили мо маншаъ мегирад ва ба вазифаҳои умдатарини сиёсати дохилӣ зич алоқаманд аст. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, алҳол дар сатҳи ташаккул ва боз ҳам васеътар шудан қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо пеша кардани сиёсати дурусти хориҷии худ мавқеи хоссаеро касб намудааст.
Нияту мароми миллати ватандӯсту истиқлолхоҳи мо ин аст, ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам дар роҳи мавқегирии сиёсати хориҷии худ ба мувафаққиятҳои бузург ноил гардад ва ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи бузургеро соҳиб бошад ва офтоби бахти давлатдории тоҷикон рӯйи оламро рӯшноӣ диҳад.
Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои филологӣ, майори милитсия Гадозода Муҳаммадшариф.
Корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, сержанти хурди милитсия Ҳалимов Далер