ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН
Аввалин дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият - ин дар сатҳи конститутсионӣ арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки он аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, ҳокимияти судӣ ҳифз карда мешавад.
Тоҷикистони соҳибихтиёр имрӯз дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дошта, халқи шарифи он, аз ҷумла аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ бо ҳиссаи ифтихори бузург ва садоқати бепоён омодагӣ ба ҷашни пуршукуҳ ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дорад.
Ҳадафҳои Истиқлолият эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Воқеан, пешравиҳои давлат ба адолати судӣ алоқамандӣ дошта, ин омили муайянкунанда боиси таҳким ва густариш додани ҳокимияти судӣ мегардад.
Конститутсияи Тоҷикистон нуқтаҳои асосии санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиро таҷассум намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст.
Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар тӯли таърихи давлатдории ҷаҳонӣ дар сарчашмаҳои ҳуқукӣ бо ҳар тартиб инъикоси худро ёфта, ҳар давлат ва ҷомеа ҳаракат кардааст, ки муққаррароти мазкур дар қонунгузории миллӣ сабт гардида бошад.
Дар соли 539 пеш аз милод Куруши Кабир дар тафовут аз дигар шоҳони замон, ки тамоюли истибдодӣ доштанд, эъломияе қабул карда буд, ки ҳимоя ва дахлнопазирии ҳаёт, молу мулки шаҳрвандон, озодии эътиқодро кафолат медод. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» ё («Столп Кира») машҳур буда, дар осорхонаи Британия нигоҳ дошта шудааст, яке аз аввалин намунаи Эъломияи ҳуқуки инсон дар таърих аст.
Дар масири таърих шахс барои инсоният хизмати бебаҳо намудааст, зеро аз ҳамон лаҳзае, ки «пурзур заифро озор намедиҳад, нисбат ба ятимон ва беваҳо ҷабру ситам карда намешавад» ва дигар ақидаҳо дар ҳаёти рузмарра ворид шуданд, то ин замон масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ҷой дорад.
Эъломия ё худ Маншури Куруши Кабир дар манъ намудани истисмор ва ҷабру ситам аз тарафи як нафар нисбат ба дигар, оид ба ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқи шахси ҷабру ситамдида мавқеи хоссаро ишғол мекунад.
Мақсади олии Эъломияи Куруши Кабир дар манъ намудани ғуломӣ ва таҳқири шаъни инсонӣ ифода ёфтааст ва ин дар замонест, ки ҳамаи давлатҳова бештари мутафаккирони давр ҷонибдори нигоҳ доштани низоми ғуломдорӣ буданд. Масалан, Арасту дар замони худ дар китоби «Сиёсат» ғуломдориро табии шуморида, онро ҳолати табии инсон баррасӣ кардааст.
Пас аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар боз дигар санадҳо низ интишор гардиданд. Чунончи, Муоҳидаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; Муоҳидаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.
Санадҳои байналхалқӣ ҳуқуқи тамоми одамонро барои ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазрии шахсӣ, шаън, озодии эътиқод ва суханро эълон ва эътироф мекунад.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мегуяд, ки ҳар фард ба ҳаёт, ба озодӣ ва дахлнопазнрии шахсӣҳақ дорад (моддаи 3).
Муоҳида дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ин нуқтаро инкишоф дода, эълон медорад, ки ҳуқуқ барои ҳаёт ҳаққи ҳар фард аст. Ин ҳуқуқро қонун муҳофизат мекунад ва ҳеҷ кас аз ҳаёт худсарона маҳрум карда шуда наметавонад.
Барои тамоми санадои байналхалқии зикршудаи оид ба ҳуқуқи инсон ҳамин хос аст, ки ҳақ барои зиндагӣ дар яке аз аввалин моддаҳо ба сифати ҳаққи асосӣ ва ҷудонопазирӣҳар фард собит карда шудааст.
Дар моддаи 18 Конститутсияи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад ва ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳкум карда намешавад ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Вахту замони пайдо шудани ҳуқуқ ба зиндагӣ ва танзими ҳуқуқии он аз муаммоҳои оддии илми ҳуқуқшиносӣ намебошад. Дар қонунҳои амалкунанда ва дар адабиёт барои ҳалли ин масъала ҷавоби умумии ягона нест.
Масъалаи вахту замони пайдоиши ҳуқуқ барои зиндагӣ дар қонунгузорӣ ва дар адабиёт ба таври гуногун ҳаллу фасл карда шудааст.
Мувофиқи моддаи 19 КГ Ҷумхурии Тоҷикистон қобилияти соҳибҳуқуқии шаҳрванд аз лаҳзаи таваллудаш пайдо шуда, бо вафоташ қатъ мегардад. «Давлат ҳар касро аз вақти таваллудаш қобили ҳуқуқ аз ин рӯ субъекти ҳуқуқ эътироф мекунад.
Дороиқобилияти соҳибҳуқуқ будани шаҳрвандро давлат эътироф менамояд. Аз ҳамин вақт дар инсон ҳуқуқ барои муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, ном, барои дахлнопазирии шахсият ва ғайра пайдо мешавад.
Ҳамин тавр, натанҳо кудаки таваллудёфта, инчунин он кудакони меросдиҳанда ҳам, ки баъди вафоти ӯ таваллуд гардидаанд, меросхур шуда метавонанд.
Мутобиқи қисми 6 моддаи 37 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани андозаи манзилгоҳ, дар оила мавҷуд будани занони ҳомила ба эътибор гирифта мешаванд.
Мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон аз сабаби ҳомила будан рад намудан ба кор қабул кардани занҳо манъ карда мешавад ё бо ташаббуси маъмурият аз кор озод намудани занҳои ҳомила раво намебошад.
Бо сабабҳои мазкур рад намудани ба кор қабул кардан боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 155 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) мегардад. Ва ё дар асоси моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шавҳар дар вақти ҳомила-будани ҳамсараш ва дар давоми якуним соли баъди таваллуди кудакаш танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии вайҳақ дорад дар бораи ҷудошавӣ даъво пешниҳод намояд.
Ҳуқуқ барои ҳаёт нахустзаминаи тамоми дигар ҳуқуқ ва озодиҳоро, ки дар ин соҳа ба вуҷуд меоянд, ташкил медиҳад. Вай сарвати мутлақи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад, зеро ҳамаи ҳуқуқҳои боқимонда дар сурати нобудшавии одам маънӣ ва аҳамияти худро гум мекунад. Ин ҳуқуқи бунёдиро аз ду ҷанба баррасӣ кардан комилан равост: якум, чун ҳуқуқи шахсият барои озод будан аз ҳама гуна суиқасдҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёти вай аз тарафи давлат, намояндагони он ё шахсони хусусӣ, дуюм, чун ҳуқуқи шахсият барои ихтиёрии озод ба ҳаёти худ.
Тамоми санадхои байналхалқию ҳуқуқи оид ба ҳуқуқи инсон ва қариб ҳамаи конститутсияҳои мамолики ҷаҳон ҳуқуқ барои ҳаётро чун ҳуқуқи ҷудонопазирн инсон, ки қонун ҳифз менамояд, эълон мекунанд.
Ҳуқуқ ба зиндагӣ пеш аз ҳама аз тарафи давлат гузаронидани сиёсати хориҷии сулҳдӯстонаро, ки ҷангҳо ва ҷанҷолҳоро мустасно менамоянд, дар назар дорад.
Давлатӣҳуқуқбунёд вазифадор аст, қобилияти мудофиавии мамлакатро дар сурати ҳама гуна суиқасдҳо нигоҳ дорад, вале истифодаи артиши доимиро дар қаламрави худ ва хориҷа ба тартиб андозад, зеро он ба нобудшавии аҳолии осоишта мебарад.
Дар Тоҷикистон бо қабули Конститутсия маҳрум кардан аз ҳаёт қатъиян манъ гардид, ба ғайр аз ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад.
Дар қонунгузории даврони Шуравӣ барои содир намудани зиёда аз 50 намуди ҷиноят ҷазои истисноии қатл пешбинӣ гардида буд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолият қонунгузории миллии мо ба танзим дароварда шуда, ин адад то ба 5 кам карда шуд ва бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ аз соли 2004 таҷрибаи татбиқи ҷазои аз ҳаёт маҳрумкунанда умуман бартараф гардид.
Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома ёфта, қонунгузории ҷиноӣ ва ҷазои ҷиноятӣ ба самти инсонпарварона (гуманизатсия) ру ниҳода, як қатор кирдорҳо ғайриҷиноятӣ (декриминализатсия) гардонида шуда, дар бисёре аз санксияи моддаҳо татбиқи ҷазоҳои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда пешбинӣ гардиданд.
Ҳолатҳои мазкур шаҳодати он мебошанд, ки тадбирҳои дар даврони Инстиқлолият андешида маҳз ба риояи принсипи арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд равона шуда,милитсияи ҷумҳурӣ баҳри таъмини он адолатро амалӣ менамоянд.
Ризозода Ш.Ҷ. Курсанти гурӯҳи 310 курси 3 факултети № 2, милитсияи қаторӣ