Дониш – сарчашмаи ҳаёти инсон
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва волоияти қонун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 августи соли 2020, бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №102-и шаҳри Душанбе чорабинӣ баргузор гардид. Дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати доимӣ дар маҷлисгоҳ ва ҳайати тағйирёбанда дар алоҳидагӣ, ки аз тарафи роҳбарияти факултет барои ҳар як курс дар ҷойи муайяншуда таъин гардида буд, тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Ҳайати шахсии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ онро дастаҷамъонаро тамошо намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд. Мазмун ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки оддӣ ва оммафаҳм буд, ҳайати шахсӣ хуб дарк намуданд.
Дониш замина ва ташаккулдиҳандаи ақли инсонӣ аст. Ба воситаи дониш инсон ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ноил гардида, баъдан баҳри қонеъ намудани талаботи хеш онро ба моддиёт пиёда месозад. Аз ин рӯ, яке аз бузургтарин афзалиятҳои инсон нисбат ба мавҷудоти олам ин ақл аст, ақл гавҳари бебаҳо ва таҳқиқкунандаи олам аст.
Дониш таърихи хешро дорад. Аз замоне ки ҷомеаи инсонӣ ба омӯзиши асрори олам пардохт вай эҳсос намуд, ки дониш ҳамеша мушкилкушо ва раҳнамои инсон будааст. Бинобар ин аз замонҳои қадим ниёгони мо донишро ба оби ҳаёт монанд намудааст, инсонро абадзинда нигоҳ медорад. Агар ба таърихи қадими ташаккулёбии дониш назар андозем, маълум мегардад, ки дар бештари кишварҳои Шарқ донишандӯзӣ хусусияти гурӯҳӣ гирифта маҳдудияти муайяне дошт.
Имрӯзҳо қариб тамоми одамон дорои донишу илм ҳастанд.
Шоирону мутафаккирони гузашта ҳамеша тарғибкунандаи донишу илм буданд, Ин буд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донишро равшанкунандаи дил, огоҳӣ ёфтани инсон аз асрори олам номида, дар партави он донишро ба ҷавонон тарғиб мекунад, ки он аз тамоми хатару бадбахтиҳо инсонро наҷот дода, боиси саодати вай мешавад.
Афзалияти донишро дар масири таърих асосгузори дини мубини ислом Муҳаммад (с) дар ҳадиси хеш чунин меоранд. «Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз». Пас, дониш аз аввали ҳаёти инсон то дақиқаҳои охирини ҳаёташ ҳамчун наҷотбахш ва раҳнамои зиндагӣ хидмат мекунад.
Вобаста ба баромади Президенти мамлакат, ки дар он бештар даъвати ҷавонон ба донишандӯзӣ ҳалли масъалаҳои бавуҷудомада дар соҳаи маорифро дарбар мегирифт, дар соати кураторӣ худи ҳамон рӯз бо ҳамроҳии курсантон муҳокимаи маърӯзаи Президенти кишвар доир карда шуд. Гузориши Президенти кишвар аз тарафи курсантон ва ҳайати кории кафедра хуб истиқбол гардид, зеро дар он заминаҳои таҳкими қонуният талаботи нав ба донишандӯзӣ даъвати ҷавонон барои мустаҳкам кардани донишро дарбар мегирифт.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., майори милитсия.
Хонкилдиев А.Б., корманд – мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.