Таҳдиди вабои охирзамон: коронавирус ҳанӯз аз сари инсоният дур нарафтааст
Коронавируси нав SARS-Cov-2 Rb, ки ангезишдиҳандаи COVID -19 мебошад дар ҳолате бештар сирояткунанда мегардад, ки агар ба тағйирёбии мутатсиягӣ рӯ ба рӯ ояд. Ин ҳолат суръати афзоиши онро метезонад. Дар ин бора Энтони Фаучи – директори Донишгоҳи миллии бемориҳои алергӣ ва сироятии Амрико эълом дошт.
Дар асоси маълумоти директори генералии Ташкилоти умумиҷонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус, дар айни замон ҳамагӣ дар дунё 141 прототипи ваксинаи коронавирус коркард мешаванд.
Ин далелҳо оварда шуданд, то дарк шавад, ки таҳдиди хатарбори коронавирус ҳанӯз аз байн нарафтаву хатари авҷгирии мавҷи дуюми он таҳдид ба инсоният мекунад. Мавҷи дуюми он, ки имрӯз аз хусуси он дар расонаҳои ҷаҳонӣ хавотирангез суханҳо мегӯянд, метавонад бештар хавфнок бошад. Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифторонашон аз ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, мавҷи дуюм, хурӯҷи нави гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе кишварҳо чораҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Мо аз табиат медонем, ки мавҷи дуюм одатан хавфноктар аз мавҷи якум метавонад буд. Ҳатто кишваре чунин абарқудрат мисли Чин, ки аз пирӯзӣ ба ин беморӣ эълон дошта буд, имрӯз водор аст барои пешгирии мавҷи дуюми он чораҳои фаврӣ биандешад.
Шубҳае нест, ки имрӯзҳо буҳрони коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ба мушкили рақами яки инсоният табдил ёфтааст. Офату зиёнҳои ин душмани ноаёни башарият чунон васеъ ва густурдаанд, ки таърих мислашро ёд надорад. Аммо ҳоло касе ба фикри ҳисобу китоби зиёнҳо нест. Ҳамагон, дар саросари олам аз тамоми иқтидору донишу технология истифода мебаранд, то коронавируси манҳусро аз байн баранд ва ё ақаллан таъсири онро барои худ ва дигарон камтар созанд.
Дар Тоҷикистон ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки дар асоси онҳо барои гаштугузор бидуни ниқоб, паҳн кардани маълумоти нодуруст дар бораи пандемияи COVID-19 ҷавобгарии маъмурӣ ва барои қасдан бо ин беморӣ сироят намудан ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, барои надоштани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риоя накардани масофаи иҷтимоии ду метр, вайронкунандаи тартибот ба маблағи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 116 то 290 сомонӣ ё 11-28 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст. Барои паҳн намудани маълумоти носаҳеҳ ё нодуруст дар бораи пандемия тавассути ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ, барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (580-1160 сомонӣ ё $ 57-113), барои шахсони ҳуқуқӣ — аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8.7 ҳазор — 11.6 ҳазор сомонӣ, ё $ 850-1130) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Барои қасдан паҳн кардани бемории сироятӣ дар моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ («Вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зидди эпидемӣ») акнун ҷазо дар шакли аз озодӣ маҳрум намудан ба муҳлати аз ду то панҷ сол ва дар сурати такроран содир намудани ҷиноят – муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ хоҳад шуд.
Чораҳои мазкур ҷиҳати пешгирии мавҷи дуввуми коронавирус андешида шудаанд. Гап сари ин аст, ки пас аз ним соли оғози пандемияи коронавирус, аксари кишварҳо қисмати асосии чораҳои карантиниро бекор намуданд, аммо вирус ҳамоно густариши худро дар ҷаҳон идома медиҳад, дар баъзе кишварҳо вазъи вобаста ба шумораи сироятёбӣ боз шиддат гирифтааст. Ва шаҳрҳо бо зарурияти барқарор намудани чорабиниҳои карантин дучор мешаванд.
Коронавируси нави COVID-19 имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ аз ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Мутаассифона теъдоди муайяни сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва ҳар як инсон ҷиҳати сироят наёфтан ва ё пешгирӣ намудани бемории мазкур аз тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони соҳа истифода бурда истодааст.
Аммо, саволи матраҳ ин аст, ки мутахассисони соҳа бо нигаронӣ иброз медоранд, ки рӯзҳои охир сокинони мамлакат нисбати бемории мазкур фориғболӣ зоҳир намуда, теъдоди нафарони гаштугузоркунанда бе ниқоб ва инкоркунандаи масофаи амниятии байниҳамдигарӣ ва ё маводҳои антисептикӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар ҳоле ки табибон ва таҳлилгарони соҳаи тандурустӣ пурзӯр нигоҳ доштани талаботҳои барои аҳолӣ ҷорикардаро то давраи муайян зарур ва ҳатмӣ медонанд.
Чаро мардум рӯзҳои охир нисбати ин бемории сироятӣ бепарвоӣ зоҳир намуда истодаанд ё худ чаро бархе сокинон тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро иҷро наменамоянд?
Зуҳури коронавирус инсониятро бо имтиҳони хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард. Ин беморӣ, ки терроризм бо вуҷуди даҳшатафканӣ дар пасманзараш қарор гирифтааст, моро ҳушдор дод, ки танҳо бо иродаи қавӣ, рӯҳияи шикастнопазир ва муттаҳидӣ метавонем муқобили он истодагарӣ намоем, муборизаи беамон барем ва бар он ғолиб оем.
Ҷаҳони муосир ба буҳрони шадид ва бесобиқаи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бар асари COVID-19 мувоҷеҳ гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин навъ мушкилиҳо аз тавон ва доираи идораи инсоният берун ҷаста, на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, руҳу равон ва дар маҷмӯъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз ҳеҷ як давлатро аз равандҳои глобалӣ берун намонда, кулли тағйиротҳои ҷузъию куллӣ ҳамчун таконҳои хос ба иқтисодиёти миллии давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба инкишоф таъсир мерасонанд. Зеро аз оғози соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 маҷмуи иртиботи ҳавоӣ ва заминии байни давлатҳо бо навбат маҳдуд ва ё пурра қатъ гардида, ҳамин тавр гардиши иқтисодиёти ҷаҳон халалдор гашт. Қатъи парвози ҳавопаймоҳо, рукуди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар кору фаъолияти одамону ширкату корхонаҳо, коҳиши талабот ба молу хизматрасониҳои муайян, тавсеаи фазои номуайян ва хатарзо боиси он гаштанд, ки нишонаҳои буҳрон ва нуктаҳои заъф дар иқтисодиёти кишварҳо ба мушоҳида расад.
Воқеан ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бо беморие дучор гардид, ки дар баробари талафоти ҷонии зиёд ба иқтисодиёти кишварҳо низ хисороти беназир расонида, доман паҳн кардани он боиси гусаста шудани риштаҳои иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани табодули молу маҳсулот мегардад. Олимону коршиносони замони муосир пандемияи COVID — 19-ро ба буҳрони шадид, ки солҳои 30-юми асри XX рух дода буд, шабоҳат медиҳанд. Тибқи пешгӯиҳо, пандемияи коронавирус ба камбизоат гаштани тақрибан 500 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад, аз ин рӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин яке аз санҷишҳои вазнинтарини аср ба ҳисоб рафта, солҳои 2021-2022 эҳтимоли сар задани ресессия ва боздошти рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳамзамон оқибатҳои он, аз ҷумла талафоти инсонӣ ва тақдири тиҷорату савдои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои аз пандемия зарардида мушоҳида мешаванд, барои тамоми давлатҳои дунё аз ҳолати чашмдор ҷиддитар хоҳанд буд.
Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тӯли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надода, дар баробари ҳама гуна маҳрумиятҳо мондагору пирӯз ва устувору побарҷо мондааст.
Мо имрӯз танҳо бо устуворию матонат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи роҳбарияти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем ба ин беморӣ пирӯз гардем.
Аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоед. Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем.
Аз ин нуқтаи назар, чӣ қадаре масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси сироятии COVID–19 кам мегардад. Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем захираҳои муассисаҳои тиббиро барои беморони вазнини сироятёфта сарфа намоем.
Бояд мутмаин бошем, ки Худованд бо мост ва Пешвои муаззаму дардошнои мо чораҳои вогиру заруриро ҷиҳати пирӯзӣ ба ин вабои аср меандешанд ва дуогӯи сиҳатмандии ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошанд.
Итминони комил дорем, ки ин рӯзҳои ҳассосу душворро бо сабру таҳаммул, якдиливу муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва дастгириву кумаки якдигар паси сар карда, давлати азизамонро аз ин вабо раҳоӣ мебахшем.
Нуруллозода М.
Сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия
Ҳабибзода Ҳ.Т.
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия