Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сулҳу ваҳдат хушбахтии миллат

227Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгарасг. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардида аст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.
Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бо зиёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.
Аз шоирони муосири тоҷик устод МирзоТурсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо адабиёти саро по рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Бо фарорасии фазоӣ мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модараст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло гуфтааст:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон?

Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.
Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балх, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффурову МирзоТурсунзода ва бисёр дигарон маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносӣю ифтихорӣ миллӣ даъват намудаанд.
Ба андешаи ман мо бояд ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷвақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон аст.

Курсанти курси 3 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ
Наҷмиддинов Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...