Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт

226Мардуми Осиёи Марказӣ – тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва дигар қавму қабилаҳои эронитабору турктабор дар тӯли ду ҳазор соли охир, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоиро бо ҳам гузарониданд, сардию гармиҳои зиндагиро якҷо чашида, то имрӯз рӯзгори худро пеш мебаранд. Онҳо дар тӯли ҳазор соли охир бо якдигар зиёд омезиш ёфтаанд.
Миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи асолату вижагиҳои миллии худ ҳамзамон бо дигар миллатҳо робитаи фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо мисли миллатҳои тоҷику ӯзбек кам метавон миллатеро вохӯрд, ки аз лиҳози равониву ахлоқӣ, урфу одату анъана ва шеваи зиндагӣ ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Ин ду миллат дар масири таърихи тӯлонии ҳамзистии худ он қадар аз ҳам таъсир пазируфтаанд, ки дигар на фақат дар куллиёт, балки дар ҷузъиёти шеваи зиндагиашон низ тафовуте боқӣ намондааст. Онҳо дар ин минтақа нисбат ба дигар қавму миллатҳо бештар дар омезишанд. Онҳо чунон омезиш ёфтаанд, ки нишонаҳои онро дар тамоми рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум метавон пайдо кард. Беш аз ҳазор сол аст, ки таърих, забон, адабиёт, расму оин ва ба таври куллӣ, фарҳанги ин ду миллат ба ҳамдигар таъсири мутақобила доштаанд. Фаъолияти муштараки ин ду миллат то ҷое расидааст, ки дар аксари маврид, онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мушикил аст. Агар ба забони ин ду миллат таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ҳазорон вожаҳои тоҷикӣ ё баръакс, вожаҳои зиёди ӯзбекӣ вориди забони якдигар гардида, хазинаи луғавии ҳамдигарро ғанӣ сохтаанд.
Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қаъри таърих сарчашма мегирад. Тоҷикону ӯзбекон аз халқҳое мебошанд, ки дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд. Ҳамин аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар ду миллат ба ҳамдигар пайвастагии ногусастанӣ ва шабоҳатгари якдигаранд. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро метавон дар робитаҳои дӯстонаи шоирони гузаштаи ин ду халқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки бо ҳам робитаҳои неки дӯстӣ ва устодиву шогирдӣ доштанд, низ хуб эҳсос кард.
Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст.
Дар ҳақиқат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони адабиёти бадеӣ осори гаронбаҳоро ба мерос мондаанд, ки аз онҳо то ба имрӯз аҳли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафоқату дӯстии онҳо таҳсин хондаанд. Ба ғайр аз ин, Мир Алишер Навоӣ ба шогирди устоди худ Камолиддин Абдулвосеъ дастур додааст, ки дар бораи шахсият ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ рисолае таҳия намояд. Ин пешниҳодро ӯ бо камоли меҳр писандида, рисолаи “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ”- ро таълиф намудааст, ки дар шинохти шахсияти ирфонию адабии шоир ва муносибати дӯстонаи ин ду нобиғаи Шарқ – Ҷомӣ ва Навоӣ нақши беназир дорад. Вай дар як муддати кӯтоҳ бо камоли меҳр зиндагӣ ва рӯзгори шоирро бо тафсил шарҳ дода, мақоми ӯро дар адабиёту ирфон ва дигар илмҳои замонаш васеъ тавзеҳ кардааст.
Мавлоно Ҷомӣ ба ғайр аз Алишер Навоӣ ба шоирони дигари ӯзбек – Лутфӣ ва Муҳаммад Солеҳ ҳаққи устодӣ доштааст. Ба Лутфӣ нозукиҳои таълифи ғазалро омӯзонда, ба Муҳаммад Солеҳ илми фасоҳат ва балоғатро таълим додааст. Лутфӣ дар охири ҳаёташ ҳатто ба забони тоҷикӣ байте навишта будааст, ки бо ишораи Навоӣ онро Ҷомӣ ба анҷом расондааст.
Ҳамин хислатҳои неки дӯстонаи адибони номбурдаро шоирони баъдӣ идома дода, ба он сифатҳои нав ҳамроҳ кардаанд. Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст. Дар баробари ин, устод Айнӣ ду асари бунёдии дигар дар бораи ду адиби ӯзбек — Муқимӣ ва Алишер Навоӣ таълиф карда, нақши онҳоро барои адабиёт ва фарҳанги тоҷику ӯзбек рӯшану барҷаста муайян кардааст.
Устод Айнӣ, инчунин, донандаи хуби забони ӯзбекӣ буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ бошад, мақолаҳои зиёди устод Айнӣ бо забони ӯзбекӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон чоп шуда, дар онҳо адиб халқи заҳматкаши ӯзбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст.
Ҳамин анъанаи неку писандида ва дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояро баъдан ду шахсияти барҷастаи фарҳангу сиёсат — Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмунҳои баланди инсондӯстона ва башардӯстона ҳамроҳ намудаанд.

Курсанти курси 3 факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
милитсияи қаторӣ
Наҷмиддинов Ҳ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...