Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТ АСОСИ ТАШАККУЛИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ

204Имрӯз таваҷҷуҳи илмҳои ҷомеашиносӣ бештар ба омӯзиши равандҳои гуногуни ҷомеа равона шудаанд, ки ба ҷаҳонбинӣ, рафтору кирдор ва тарзи ҳаёти одамон таъсир мерасонанд. Аз ҷумла омӯзиши Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи замони муосир ва таъсири он ба ташаккули мафкураи миллӣ муҳимияти махсус пайдо намудааст.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентии кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар «Конфронси байналхалқии баҳшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он Афғонистон қайд намуда буд, ки: «Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикисонро ҳифз карда тавонистем ва бо кӯмаки фаъолони ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем» Воқеан,ҳифзи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва муваффақиятҳои ба даст овардани миллати тоҷик аст, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири мусбат расонида, мардумро ба раванди созандагӣ равона месозад.
Новобаста ба ин дастовардҳо Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти том ҳамеша ба зарурияти ташаккули мафкураи миллӣ ниёзманд аст. Зеро ҳафтод соли рушду нумӯи миллат бо андешаю тафаккури дигар ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мо таъсири мухталиф расонида, мардумро ба самти бегонагӣ равона намуда буд. Сатҳи ҷаҳонбинии миллӣ пайваста таҳти таъсири мафкураи тарҳрезишудаи ҳамешагии сиёсати ҳамон замон буд.
Аммо истиқлолияти сиёсӣ ин бори гарони таърихиро ба хотираи таърихӣ ҳавола намуда, равандҳои нави худшиносию худогоҳии миллиро ба миён овард. Дар ин замон тағйиротҳои куллӣ дар ҷомеа ба миён омадаанд, ки бечуну чаро ба тафаккури мардум таъсири калон расониданд. Хусусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ: сохтмонҳои бузурги НОБ, кушдани нақбҳои хурду бузург, сохтмону таъмири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, сохтмони роҳҳои оҳан, пулҳои гуногуни дохилию байни кишварҳои ҳамсоя, бунёди мактабу синфхонаҳо, рафту омад, доду гирифт бо кишварҳои хориҷӣ ҳамаи ин боиси дигаргуниҳои бузург дар ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти мардуми кишварамон аст, ки ба истиқлолияти Ватани азизамон вобастагӣ дорад.
Дар баробари ин боз дар раванди ваҳдастсозӣ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ гузаронида шуд, ки бисёр анъанаҳои миллиро эҳё намуда, мардумро ба созандагию бунёдкорӣ раҳсипор намуданд.
Ин чорабиниҳо, албатта пеш аз ҳама бояд ба амалисозии худшиносию худогоҳии ҳадафноки насли ҷавони кишварамон дар рӯҳияи ватандӯстию зиракии сиёсӣ равона гарданд. Маълум аст, ки яке аз падидаҳое, ки ҳанӯз аз эъмори пойдевори умумиятҳои хурдтарини ҷомеаи башарӣ дар баробари дарку татбиқи талаботи амниятию моддӣ дар пеши назари онҳо аз мақому манзалати чашмрас бархурдор буд, ин ваҳдати иҷтимоӣ аст.
Зеро бидуни он ташаккулу инкишофи ҳамагуна умумияти иҷтимоӣ ва касби қудрати истодагарӣ пайдо намудани онҳо дар рӯ ба рӯи ҳамагуна ҳаводиси мураккаб ва тезу тунди ҳаёт имконпазир мегардид. Яъне тавассути чунин тамоюли ваҳдатсозӣ тоҷикон бештар аз дигар мардумон доираи ҳамгаройии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар буда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул доданд.
Ҳадаф аз тарғиби арзишҳои ваҳдатсозӣ бояд он бошад, ки мардумро ба қабули воқеияти нави сиёсие водор созем ва дар он доштани устувори миллӣ ва худогоҳии баланди миллӣ чизи хеле муҳим ба шумор меравад. Ҳарчанд таҳлили ин гунна ҷаҳонбиниҳои нав босуръат идома дорад, вале барои мардумро аз тафаккури куҳна озод намудан корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим меояд.
Бо такя ба мафкураи нави ваҳдати миллӣ бояд дар низоми арзишии мардумони кишвари мо мақому ҷойгаҳи ифтихори «тоҷикистонӣ» буданро бо усулу роҳҳои гуногун новобаста аз мансубиятҳои мухталиф тарғибу талқин кардан зарур аст. Зеро таъсири баъзе унсурҳои бегона имрӯз аллакай байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ҷой ёфтаанд.
Хатари воқеие, ки дар айни ҳол ҷомеаи моро таҳдид менамоянд ин бегонапарастӣ ва ба равияҳои мухталифи иртиҷоӣ ворид гардидани қисме аз ҷавонони кишвар аст, ки дар сатҳи шуури муқаррарии онҳо арзишҳои бегона бартарӣ пайдо намудаанд. Дар ин росто, муҳаққиқи ҷомеашинос Саймӯъмин Ятимов хеле дуруст қайд менамояд, ки «аксари хулосабарориҳои нодуруст ва арзёбии онҳо аз дуруст эҳсос накардани воқеият сурат мегирад. Нафарони гумроҳшуда, ки аз худшиносии миллӣ дуранд, аксаран бо эҳсоси таҳмилгардида, ки дигар барои онҳо мафҳумҳои миллату Ватан арзиш надоранд ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ даст мезананд, ки бегонагон ҳамчун раванди таҳрикдиҳандаи худсӯзии миллатҳо ба эҳсоси онҳо таъсир мерасонанд»
Бинобарин, дар баробари таълим бо истифода аз васоити ахбори умум, бахусус радио ва телевизион намоишҳо дар шинохти таъриху ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, ҳолатҳои муқоисавии бурду бохти миллиро бо андешаҳои нави стратегӣ муаррифӣ намудан лозим меояд. Ваҳдат худ дар асоси тафаккури созандаи миллӣ ва шуҷоатмандии Сарвари сиёсӣ пайдо мегардад, ки ба тафаккури муқаррари на танҳо таъсири мусбат, балки онро фаъол гардонида, тағйир ҳам медиҳад. Аз ин рӯ, дастовардҳои 25-соли истиқлолияти сиёсӣ, дастовардҳои миллати ва тафаккури созандаи он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдату оромӣ тантана дорад. Ваҳдат оромии ҷомеа ва ояндаи неки кишвар ва миллати мост.

Муҳаммад Саъдӣ
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...