Вазъи геополитикии минтақаи Осиёи Миёна: таносуби қувваҳо ва ҳимояи манфиати миллӣ дар шароити муосир
Дида баромадани мақсадҳои Россия ва Хитой аз ҳузур дар минтақаи Осиёи Миёна яке аз манфиат ва нуфузи баланди геополитикӣ доштани ин минтақа дар муқобили қувваҳои марказӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамчун муайянкунандаи воситаи устувор, кафолати сулҳ ва бехатарии минтақа мебошад.
Баъди поши хӯрданӣ давлати абарқудрати Шӯравӣ, ба ҷои он дар арсаи ҷаҳон пайдо гардидани ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол барои барпо намудани равандҳои нави геопалитикиро на танҳо дар қураи Осиё, балки дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд овард. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорчубаи сарҳадҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ панҷ ҷумҳурии соҳибистиқлол- Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон пайдо гардиданд, ки истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст оварда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш мебаранд, равиши тоза ва эҳёии тамаддуну сиёсати нави фарҳангӣ, озодии андеша ва самтҳои гуногуни давлатдориро аз худ менамоянд. Ҳеҷ яке аз ин ҷумҳуриҳо дар 70-соли Шӯравӣ дар чунин вазъи соҳибистиқлоли боре ҳам қарор надошт. Пайдо шудани ин ҷумҳуриҳо дар оғоз ба шакли муайян даровардани тартиби муносибатҳои байналмилалиро ба миён овард. Минтақаи нав майдони дигаргуншавии манфиатҳо ва объекти сиёсати хориҷии таъсири давлатҳои ҳамсоя – Россия, Хитой, Эрон, Туркия, Покистон, инчунин ШМА ва Иттиҳоди Аврупо гардид. Дар сиёсати хориҷии Россия ва Хитой минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ мегардад. Ин пешниҳод комилан дуруст аст, зеро ин минтақа дар маркази Авруосиё ҷойгир буда, бо мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин оид ба суолҳои таъминоти манфиатҳои стратегии Россия ва Хитой нақши муҳим мебозад.
Бартарӣ доштани мавзеи геосиёсии минтақа, дар самти аввал дар навбати нефт ва газ, имконияти ташкил намудани инфраструктураҳои нақлиётӣ, ки Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвандад, нақши мавзеи мувофиқ барои оғоз кардани ҳуҷуми ҳарбӣ, мубориза муқобили терроризми байналмилалист, ки онро ба як самте мубаддал сохтааст, ки диқатҷалбкунанда буда, барои мамлакатҳои абарқудрат даъво ё талаби объекти геосиёсӣ ва геостратегиро доранд. Вазъияти муқобили ҳам истодани маркази қувваҳои геосиёсӣ барои ба даст овардани нуфуз (эътибор) дар минтақаи Осиёи Миёна ба он оварда расонид. Бо вуҷуди ин, ки чанд сол пеш масъалаҳои ҳалталаби ин минтақа касеро ба ёд намеомад, дар айни замон диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Омӯзиш, таҳлили мақола ва китобу навиштаҳои зиёде, ки дар бораи вазъи геополитикӣ ва криминологии Осиёи Миёна аз ҷониби олимони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Р.Ҳ., (Раҳимов Р.Ҳ.), Маҷидзода Ҷ.З., (Зоиров Ҷ.М.), Буриев И.Б., Солиев К.Ҳ., Назаров Н.Ҷ., Розиқзода А.Ш., Шарифзода Ф.Р., Ҳафиззода Ш.Х., Мансурзода А.М., Насуриён П.А., Сафарзода Ҳ.С., Амруддинзода М., Муҳаммад С.А., Алимардонӣ М., ва дигарон рӯи чоп омадаанд, тартиби мақсадҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳонро оид ба Осиёи Миёна дар бар мегиранд. Вале корҳои таҳлилӣ дар самти фаъолияти чунин ташкилотҳо чун Созмони Ҳамкории Шанхай ва ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ниҳоят кам мебошанд.
Асоси таҳқиқи мақолаи моро мавқеи Федератсияи Россия дар Осиёи Миёна дар бар гирифтааст, ки он муайянкунандаи ҷой ва нақши он дар самти раванди геополитики ҷаҳон, тақсимоти қувва, баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ мебошад. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ, ҳарбӣ ва геополитикӣ андешаҳои вазъи муносибати Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар даври муосир ва баъдиро хело хуб арзёби менамоянд, зеро раванди давомноки мустаҳкамнамоии ҳамкорӣ бо ҳарифони сиёсӣ ҳусни тафоҳум мебахшад. Чунин баҳогузорӣ на танҳо такя ба ҳисоботи асоси мусбӣ доштани омили муносибати онҳо дар иқтисод, сиёсат ва самти гуманитарӣ, ки зиёда аз 150 сол дар як чорчуба амалӣ мегардад, балки он аз муносибатҳои ҷамъиятии Россия дар ин минтақа дар марҳилаҳои раванди тараққиёти он асос мегирад. Инчунин дар ин вақти соҳибистиқлолӣ шавқу рағбати миллии Россия ва ҷумҳуриҳои ОсиёиМиёна намоиш дод.
Ин комилан падидаи қонунист, ки иқтидори онро дар асоси тафовутӣ мудофиавӣ, иқтисодӣ, инсонӣ, минтақавӣ муайян менамояд.
Бо вуҷуди ин нақши зарурии ҷо ба ҷо кардани қувваро дар ин минтақа Хитой низ ба уҳда дорад ва бартарии нақши геостратегӣ ва геосиёсии Хитой аз дигар мамлакатҳо аз мавқеи ҷойгиршавии он иборат мебошад. Зеро дар ҳамбастагии ҳудуди бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, муносибаташ бо халқҳои Осиёи Миёна таърихи ҳазорсола дорад. Манфиатҳои Пекин ба ин минтақа баъди пош хурдани давлати Шӯравӣ зиёд гардид, ки чандин сабабҳои худро дорост: Дар мадди аввал месазад бигуем, ки захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷойгиршавии ин минтақа; Баамалбарории манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар Осиёи Миёна, ки бо роҳ ва усулҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Хитой низ дар навбати худ ҳиллаи наздикшавӣ ба дигар минтақаҳоро бо роҳи дусамта ва бисёрсамтаи дипломатӣ, наздик кардани ҳамкорӣ дар чорчубаи СҲШ –ро истифода менамояд. Инчунин Хитой барои баланд бардоштани таъсири (нуфузи) худ дар ин минтақа дигар тарзу усулҳои ба худ хосро истифода менамояд. Аз ҷумла пурқувват намудани ҳамкории иқтисодӣ, ба мамлакатҳои минтақа, расонидани ёрии иқтисодӣ, дар намуди қарзҳои имтиёзнок, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар самти ҳарбӣ, инчунин васеъгардонии риштаҳои инкишофи маданӣ ва ғайра.
Акнун мушахасан таъсири Хитойро ба мамлакатҳои Осиёи Миёна дар чорчубаи СҲШ дида мебароем. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ давлатҳои соҳибистиқлоли нав дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омаданд. Баъди оне, ки Хитой ба як дараҷаи «масулиятшиносӣ» масъалаи сарҳади худро бо мамлакатҳои ҳамсояаш Россия, Қазоқистон,Тоҷикистон, Қирғизистон ҳал намуд, дар назди ҳарифони сиёсии худ роҳи кушоди тарақиёт ва ҳамкориро боз кард.
Барои Россия ва Хитой ин имконияте буд, ки мамлакатҳои зикргардидаро дар зери ҳимояи хеш қарор диҳанд ва аз «ғасби» мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, ки аз ин минтақа нигаронӣ доштанд, раҳонанд.
Оғози ташкил намудани СҲШ ин имзо гузоштани ҷумҳуриҳои Казоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Хитой дар «Шартнома оид ба боварӣ дар самти ҳарбӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ» буд. Дар мадди аввал ташкилот номи «Панҷгонаи Шанхай»-ро дошт, ки аз шумораи панҷ ҷумхуриҳои дар шартнома зикргардида иборат буд.
Хусусияти асосии ин омил дар он вақт ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо Иттиҳоди шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ҳаракати Толибон буд, ки таҳдиди рахнаи сарҳадии ҳар панҷ ҷумҳуриро дошт. Вазифаи асоси - ин ташкилот – аз муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризм, экстремизм ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар иборат буд.
Дар солҳои 1996-2015 роҳбарони ин ҷумҳуриҳо бо навбат дар Шанхай, Москва, Алмаато, Бишкек ва Душанбе вохӯриҳо доир намуданд. Корҳои доимии якҷояи намояндагони ин ҷумҳуриҳо рафта - рафта доираи манфиатҳои ҷумҳуриҳои-иштирокчӣ «панҷгона» дар муҳити сиёсати беруна, иқтисод, ҳифзи муҳити зист ва маданият ва ғайраҳоро васеъ намуд. 14-15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии шаш давлат - Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой, Россия, Тоҷикистон ва ҷумҳурии нави ба ин ташкилот пайвастшаванда Ӯзбекистон баргузор гардид, ки заминаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) -ро ташкил намуд. Бо қабули дар ин саммит Декларатсия дар хусуси созмон додани СҲШ бо хусусият ва мақсади фароҳам сохтани ҳамкори дар самтӣ савдо, иқтисод, илм, техника, маданият, маориф, энергетика, экология, нақлиётӣ ва дигар намудҳо, инчунин сайю кӯшиши дастҷамъӣ барои дастгирӣ ва кафолати сулҳ, бехатарӣ ва субот дар минтақа қабул гардид.
Дар вохурии дуюм сарварони давлатҳои - аъзои СҲШ, ки дар моҳи июни соли 2002-ум дар шаҳри Санкт – Петербург баргузор гардид, Хартияи СҲШ-ро қабул намуданд, ки ин ҳуҷҷат асоси ҳуқуқии ин ташкилотро ташкил медиҳад. Барои таъмини сулҳ ва субот дар минтақа «гурӯҳи Бишкек»- ии роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои махсуси давлатҳои аъзои СҲШ созмон дода шуд, ки то имрӯз амал мекунад. Дар чорчубаи гуруҳи Барномаи давлатии якҷояи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм ва дигар намуди ҷиноятҳо тайёр карда шудаанд.
Бевосита дар хусуси манфиатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ин минтақа гуфта, дар чорчубаи СҲШ ҷудо кардани ихтилофи ақидаҳо Россия ва Хитой ба нобаробарии сиёсӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад.Чи хеле, ки маълум аст, Хитой дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар 100 солаи пеш омад дар ҷаҳон дар сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ сарвариро соҳиб гардад. Аз ин рӯ барои ба ин мақсад расидан ба ӯ бозори фурӯши мол ва захираи мустақили энергетикӣ лозим аст. Монанди ин ва дигар захираҳо дар паҳлуи ӯ ҷойгиранд. Бештар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Россия омодаанд, ки сурати ҳамкориро бо Хитой тезонанд, вале дар навбати худ аз пурқувват гардидани он дар ҳаросанд. Ҳамин тавр, гардиши мол ба давлатҳои Осиёи Миёна аллакай ба мубодилаи молӣ Россия ба ин давлатҳо баробар гардидааст. Ӯ олиҳиматона ба ихтиёри онҳо қарзи содиротиро дода истодааст. Суръати болоравии инкишофи Хитой доимо баланд бардоштани истифодаи захираҳои энеогетикиро тақозо дорад. Ҳамкорӣ дар СҲШ ба Хитой имконияти ҳокимиро дар иштирок кардан дар қатори Россия дар Осиёи Миёна медиҳад, гарчанде то ин ҳузури нуфуз (эътибори) Россия эҳсос мегардид. Айни замон Хитой кӯшиш дорад, ки мамлакатҳои зикргардидаро дар доираи нуфузи иқтисодӣ ва сиёсати молиявӣ ба самти худ кашад.
Фоида барои ҳама яқинан ошкор аст: муҳаё кардани эҳтиёҷоти босуботи маҳсулоти хоми саноатӣ, васеъ намудани алоқаҳои савдо, ташакулли инфраструктураҳо, дохилшавӣ ва ба корандозии сармоя.
Роҳбарӣ ба муҳофизат ва бехатарии Осиёи Миёна, дар чорчубаи СҲШ сохти системаи зиддитеррористи минтақавӣ мақомоти амалкунандаи доимӣ барои мутобиқгардонии ҷидду ҷаҳди давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, ки дар худ коркардро оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборот, ба шакли муайян даровардани ахборотҳои банкӣ оид ба шахсон ва ташкилотҳо, ки ба ҷинояткорон ёрӣ мерасонанд, дар тайёр намудани ҷиноят, дар гузаронидани чораҳои ҷустуҷӯӣ ва дигар чорабиниҳо дар мубориза бо чунин зуҳурот бо ташкилотҳои байналхалқи мусоидат менамоянд.
Баъзе таҳлилгарони масоили сиёсии давлатҳои хориҷӣ (дар мисоли Мэтью Оресман) аз Маркази таҳқиқоти стратегии байналхалқии Америка, андеша дорад, ки СҲШ ин аз клуби мубоҳисавие беш нест. Ин андешаро сардори институти ҳарбии таърихи Вазорати мудофиаи Россия А.А. Колтюков чунин баҳогузорӣ мекунад, ки «таҳлили натиҷаҳои бадастовардаи ин ташкилот ҳамчун клуби сиёсиест, ки дар ҳамкории дутарафа (бартарӣ) афзалият доштани масъалаҳои умумиминтақавӣ ва ҷаҳонӣ…асоси ҳамкорӣ дар ин доира (муқобилгузории таҳдиди терроризм, сепаратизм ва мубориза бар зидди хариду фуруши маводи нашъадор) дар самти минтақавӣ эҳсос карда намешавад».
Дар ҷавоб ба танқиди ташкилот ёфтани нуқтаи назари мусбати фаъолияти он душвор нест. Дар соли 2004-ум дар мубоҳисаи муовини аввали Вазири корхои хориҷии Россия Вячеслав Трубников, дар масъалаи натиҷаҳои назаррас надоштани фаъолияти зиддитерористии СҲШ, қайд намуд, ки зарурат нест, ки аз ташкилоти ҷавон дар як муддати кутоҳ фаъолияти пурсамарро интизор шуд. Бар замми ин Трубников афзуд, ки СҲШ ташкилоти ҳарбӣ нест ва фаъолияти он танҳо ба самти ҳимояи ҳарбӣ нигаронида нашудааст. Ҳамин тавр, самаранокии фаъолияти кории ин ташкилот муқобилмаъно баҳогузорӣ карда мешавад. Вале, СҲШ – барои давлати Хитой дар ин минтақа яке аз асбобҳои асосӣ барои раҳандозӣ кардани манфиатҳои худ дар ин минтақа ба ҳисоб меравад.
Расидан ба сиёсат, нақш ва ҷои Россия дар ин минтақа, лозим аст, хотирнишон намуд, ки баъди фурупошии ИҶШС байни Москва ва мамлакатҳои Осиёи Миёна таҳкурсии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки имрӯзҳо тамоми самт ва ҷанбаҳои бисёрсамта ва дусамтаи шартномаро дар муҳити бехатарӣ ва иқтисоди фарогир аст. Вале, номукамалие, ки дар ин раванд эҳсос мегардад ин аз пурра амалӣ нагардидани шартнома ва созишномаҳо аз боварӣ ба сиёсати пешгирифтаи давлати Россия ва дигар давлатҳо вобаста мебошад. Боиси тазаккур аст, ки имрӯз робита ва созишномаҳо байни Росия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар ду самти асосӣ, ки яке ба дигаре алоқаманданд ва яке дигареро мукаммал мекунад дар тараққӣ мебошанд. Дар самти алоқаи дутарафагӣ (тарақиёт ва муносибат бо Қазоқистон) ва дар самти алоқаи бисёрсамтӣ (дар чорчубаи СҲШ, ИДМ,СААД, Иттиҳоди Иктисодии Авруосиё) мебошанд.
Дар айни замон механизми асосии ҳамкории Россия бо мамлакатҳои Осиёи Миёна ин ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва СҲШ мебошад, ки ба он мамлакатҳои Арманистон, Белоруссия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дохил мебошанд. Ин ташкилот иттиҳоди ҳарбӣ- сиёсӣ мебошад. Ҷамъомади охирини ин ташкилот дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нишон дод, ки ин ташкилот дорои иқтидори хубест барои дар оянда мустаҳкам намудани ҳамкории байни ин кишварҳо. Мисоли ин, паймонест дар хусуси созмон додани қувваи оперативии муштараки зудамали он.
Ҳамкории ҳарбӣ дар чорчӯбаи СААД айни замон ва дар ояндаи наздиктарин дар се самти асосӣ бурда хоҳад шуд: ташкил ва баргузории чорабиниҳои муштараки мақомоти идоракунӣ ва омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо, ба ибораи дигар – ҳама чорабиниҳо оид ба таҳкими иттиҳоди ҳарбии кишвар якҷоя тарҳрезӣ ва баргузор карда мешаванд; ташкили нерӯҳои сулҳҷӯи созмон; таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии нерӯҳо, фаъолияти мудофиаи зиддиҳавоӣ). Низоми мавҷудаи амнияти дастаҷамъӣ дар чорчӯбаи СААД пурра бо ҷидду ҷаҳд оид ба ташаккули низми амнияти умумии Аврупоӣ мувофиқат мекунад. Барои ҳамкорӣ бо НАТО, хусусан дар самтҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон имкониятҳои калон мавҷуданд,вале онҳо солҳои охир хеле коҳиш ёфтаанд. Тайи солҳои охир СААД сифатан пешравӣ карда, ба сохтори сервазифаи минтақавӣ дар масъалаҳои амният ва дорои сатҳи баланди нуфуз дар арсаи мероси умумифарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии фазои баъдишӯравӣ сохтории вазорату идораҳои кишварҳои узви ИДМ (Арманистон, Россия, Қазоқистон, Белоруссия, Тоҷикистон, Қирғизистон) аз ҳама гуна таҷовузгарони ҳарбию сиёсии хориҷӣ, террористони байналмилалӣ, инчунин аз офатҳои калони табиӣ мебошад. Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти СААД мубориза алайҳи қочоқи афзояндаи маводи мухаддир аз Афғонистон мебошад, ки аз такмили тадбирҳо оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии прекурссорҳо, ба таври ҳамоҳангшуда дар кишварҳои аъзо гузаронидани амалиётҳои «Кӯкнор» ва «Допинг» ҷиҳати нобудкунии базаи ашёи хоми савдои маводи мухаддир, қатъи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру психотропӣ, инчунин ошкору несткунии лабораторияҳои тавлидгари воситаҳои нашъадор дар Афгонистон иборат аст. яке аз самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Барои муттаҳиду ҳамоҳанг кардани кӯшишҳои оид ба такмили ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа соли 2006 дар доираи СААД Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ (КБҲҲИ) таъсис дода шуд ва алҳол пурсамар амал карда истодааст.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз механизми ҳамкорӣ бо кишварҳои Шӯравии собиқ, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муваффақият баҳри расидан ба ҳадафҳои минтақавии худ пеш мебарад ва тавассути таъсиси системаи амнияти дастаҷамъӣ манфиатҳои миллии стратегӣ ва сиёсии худро ҳифз намуда, яке аз ташаббускорони фаъоли амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Адабиёт:
1. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.mfa.tj. Санаи мурочиат 23.06.2020.
2. Декларация о создание ШОС от 14.06.2001.kremlin.ru. Дата обращения 23.06.2020.
3. Устав ОДКБ от 7.10.2002. odkb.gov.ru. Дата обращения 23.06.2020.
4 . З. Бзежинский. Великая шахматная доска. М,2017.
5. Рахимов Р.Х. Стратегия политики государств-участников СНГ в сфере противодействия незаконному обороту наркотических средств и психотропных веществ. Душанбе, Эр-Граф, 2013.-288с.
6. Солиев К.Х., Розикзода А.Ш. Чума человечество (на таджикском языке). Душанбе, Ирфон, 2001. -51с.
7. Шарифзода Ф.Р. Информационное пространство правоохранительной деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан в сфере обеспечения национальной безопасности государства: монография. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 196 с.
8. Маҷидзода Ҷ.З., Назаров Н. Ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ. Душанбе,2014.
9. Насуров П.А. Криминальные последствия незаконной миграции и меры их преждупреждения.Душанбе,2012.
10. Сафаров Ҳ.С., Ҳафиззода Ш.Х. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ. Душанбе,2017.
11. Тошев А.М., Асламов Б.С. Ташаккули шуури ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ // Осори Академия (Труды Академии). № 1 (33), 2017 - С. 98-102.
Асламов Б.С., Қосимов Ф.М., Сафарова С.Н.- тадқиқотчиёни Академияи ВКД