Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон:масоили ҳамкориҳои амнияти стратегӣ дар шароити муосири тазодҳои геополитикӣ

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдати ҷовидонаи худро бори дигар ба аҳли башар нишон дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

505Соли 2021 ба Ҷумхурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун узви комилҳуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ 30-сол пур мешавад. Дар ин айём аъзони собиқи Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолияти комили сиёсӣ пайдо намуда, роху равиши ояндаи худро муайн намуданд. Дар илми геополиткика онро ҳамчун марҳилаи нави геополитикӣ бо номи марҳилаи Беловежск, баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ номиданд. Пошхурии ИҶШС махсусан барои Россия ин як фалокати бузурги геополитикӣ буд, ки аз масоҳати калон ва аҳолии сершумор, захираҳои бои иқтисодӣ маҳрум гашт. Бо таъсиси ИДМ на ҳамаи давлатҳои собиқи Шуравӣ сиёсати марказталабӣ ва мудофиавии Россияро дастгирӣ карданд. Баъзе давлатҳо аз қабили Латвия, Литва, Эстония, Украина, Гурҷистон умуман аз мехвари Россия дур шуда, давлатҳои назди Балтика ба паймони НАТО ворид гашта, худро дар фазои нави геполитикӣ дар партави Ғарб ва ИМА эхсос намуданд ва ин ҷараён то ҳоло идома дорад. Танҳо аз кишарҳои хориҷ аъзоёни ИДМ, Хитой, як қатор кишварҳои арабӣ, Ҳиндустон, Муғулистон майли худро бо Россия боқӣ гузошта,дар доираи ҳамкориҳои дастаҷамъонаи мудофиавӣ қарор доранд. Аввали солҳои 20-уми қарни 20 ин кор барои Россия хеле душвор буд, ки Россия бо Британияи Кабир ва ҷараёни иртиҷоии пантуркизм муқовимат менамуд. Таъсиси ҶМШС Тоҷикистон, баъдан ҶШС Тоҷикистон ин бозёфти бузург барои стратегияи садсолаи Россия буд, ки танҳо баъди пошхурии ИҶШС ба он соҳиб гашт.Ҳар чанд ин талх бошад ҳам, замони Шуравӣ Тоҷикистон чун узви он мавқеи стратегии худро мустақилона истифода бурда наметвонист. Имрӯз бо шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон як кишвари мустакилест, ки яке аз марказхои мухими геополитикиро бо захираҳои бои табиӣ дар даст дорад. Умуман, Тоҷикистон як кишвари сулҳҷӯ буда, сиёсати он бар зидди ҳамагуна ҷангу таҳдид, терроризму ифротгароӣ, манъи яроқи ядроӣ, ҳамкориҳои судманди иктисодӣ дар доираи сиёсати «дарҳои боз» бо соири кишварҳои дуру наздик, таъмини амну суботи минтакавӣ, алалхусус ҳалли ҳар ҷӣ зудтари қазияи Афғонистон мебошад. Афғонистон баъд аз соли 2011 зери меҳвари амалиёти зиддитеррористии каолитсияи ИМА ва Ғарб қарор гирифт, ки то имрӯз масоили сулҳ дар ин кишвари ҷангзада ҳалли худро наёфт. Ба Россия муяссар гашт, ки махсусан Тоҷикистонро ҳамчун як кишари дӯст ва шарики стратегӣ дар қиболи масоили Осиёи Марказӣ , роҳ ба сӯи Осиёи Ҷанубӣ нигоҳ дорад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борхо аз минбари баланди СММ, САҲА, Парлумони Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд андеша ва роҳи мусолиҳатомези қазияи Афғонистонро иброз намуда буданд ва ҳоло ҳам дар ин ақидаанд. То амали террористии 11-сентябри соли 2001 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳушдор дода буданд, ки агар пеши роҳи ҷанг ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон гирифта нашавад, он ба амнияти на танҳо Осиё, балки Аврупо ва ҷахон таъсири мафии худро метавонад расонад. Дар маросими имзошавии Конвенсияи CММ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил 12 – декабри соли 2000-ум дар шаҳри Палермои давлати Италия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ба истиқлолияти миллӣ, бахусус давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр рӯйрост таҳдид намуда, душмани демократия ва давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мераванд».Хушбахтона ин андешаҳои прогрессивии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарварони аксар давлатхои ҷаҳон ҷонибдории ҳаматарафа ёфтанд, вале мутаасифона терроризми байналмиллалӣ кори худро хилофи он анҷом медиҳад. «Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад» иброз намуданд, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар суханрониашон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва чиноякории муташаккил»,17-майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе.
Қазияи Афғонистон албатта кори дохилии ин кишвари сермиллат аст, аммо ҳалли он ба суботи минтакавӣ ва ҷаҳонӣ робитаи зич дорад. То он вакте, ки ин қазия ҳал нагардад, мутаасифона таҳдид ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ боқӣ ҳохад монд. Чӣ бояд кард, бо кишвари ҳамсояи Афғонистон? Лозим ба ёдоварӣ аст, ки сари музокирот қарор гирифтан, аз таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷикон, кишвархои кафил чун Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Покистон, Ҳиндустон, Хитой, кишварҳои Арабӣ истифода намоянд.Дар ҳолати баръакс ин масоил боз чандин даҳсолахои дигар боқӣ хоҳад монд. Солҳои 80-уми асри 20 ҳама дар андешаи он буд, ки бо баромадани қушунхои Шуравӣ аз хоки Афғонистон ин масъала ҳал мегардад, аммо афсӯс, ки бо эҷоди як сенарияи таҳмилии ба ном «камарбанди сабз» ва истифодаи ғаразноки омили исломи сиёсӣ дар бозиҳои геополитикӣ, ки аз ҷониби хадамотҳои гуногун дар атрофи сарҳадхои ҷанубии ИДМ таъсис дода шудааст, то холо озодона дар қаламрави Афғонистон амал намуда, сол ба сол ба амнияти миллӣ хатарзо мегардад.Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва қувваҳои оперативии муштараки зудамали СААД имкони пурра доранд, ки ба ҳар гуна хатар муқовимати пурзӯр намоянд.Дар навбати худ Кумитаи зиддитеррористтии СҲШ ба дастаҳои таъиноти махсуси Тоҷикистон дар муброиза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ баҳои баланди ҳарбӣ-тактикӣ доданд.

Асламов Б.С., Самиъзода Б.С., Сафарова С.Н - муҳаққиқони Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...