Кишварҳои Осиёи Марказӣ-таҳкими истиқлолият ва бархурди нави геополитикӣ
«Мисъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ як қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».
Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон. Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.04.2013с.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ: Точикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазокистон онҳо дар маркази таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии як қатор давлатҳои хориҷӣ қарор гирифтанд, ки ба он Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Иттиҳоди Аврупо дохил мешаванд. Замони Шуравӣ ин кишварҳои осиёи Миёна аз як марказ, яъне Кремл (Москва) идора карда шуда, танҳо манфиатхои геополитикии Россияро ҳамчун меросхури асосии собиқ ИҶШС (СССР) ифода мекарданд. Ҳеҷ яке аз ин кишварҳо дар замони Шуравӣ наметавонистанд, ки бидуни иҷозати Кремл сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш баранд. Гарчанде, ки Конститутсияи собиқ ИҶШС (СССР) кафолати озодона баромадан аз ҳайати онро таъкид мекард, аммо ҳеҷ гоҳ ин ҳуқуқи давлатҳои ИҶШС (СССР) амалӣ намегардид ва ҳар гуна ҳаракати соҳибистиқлолӣ саркуб карда мешуд. Солҳои 80-уми асри XX занҷирҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо дахолати кишварҳои хориҷӣ ва проблемаҳои иқтисодии дохилӣ тадриҷан суст мегардад ва ин империяи абарқудратро, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқовимат менамуд, моҳи декабри соли 1991 расман аз байн рафт. Сабабҳои пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ба таври мухталиф маънидод карда мешуданд. Нерӯҳои демократии Россия, ки аз Қасри сафеди Амрико дастгирӣ ёфтанд. Иттиҳоди Шуравиро ҳамчун режими ғайридемократӣ, давлати тоталитарӣ ном бурда, арзишҳои онро пурра аз байн бурданд.Назарияи конспиролгии барҳамхурии он дар 10-кадами бо навбат баён шудааст:
Қадамия якум, тарҳрезӣ ва амалигардонии дастурҳои Хадамоти махсуси хоричӣ;
Қадами дуюм, ҷалби ходимони сиёсӣ ба арзишҳои бегона ва манфиатҳои геополитикии ин кишарҳо:
Қадами сеюм, чамъоварӣ ва коркарди иттилооти зарурӣ дар бораи ИҶШС;
Қадами чорум, хуҷумхои психлогӣ ба аҳолӣ;
Қадами панҷум,ҷалби васеи сиёсатмадорон,журналистон,хукуқшинсон барои бадномкунии сохтори ИҶШС;
Қадами шашум, ба вуҷуд овардани бабинии психологии мардум ва ҳокимияти сиёсӣ;
Қадами ҳафтум, ба вуҷуд овардани бӯҳрони иқтисодии дохилӣ ва вобастагӣ аз иқтисоди беруна;
Қадами ҳаштум, тахрибкорӣ дар ҷумҳуриҳо ва минақаҳои ИҶШС;
Қадами нуҳум, таксимбандӣ ва ҷудоиандозии элитаи сиёсӣ;
Қадами дахум, истифодаи «камонаки маҷозӣ» дар лаҳзаи зарурӣ барои ноором кардани вазъи ҷомеа.
Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар Федератсияи Россия ва собиқ давлатҳои Шуравӣ низоми демократӣ, бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ ҷорӣ гардид. Натиҷаи ин бархурдҳои сиёсӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ бетаъсир намонд. Масъалаи мазкур ҳоло аз ҷониби сиёсатшиносон тадқик карда мешавад.
Тартиботи ҷаҳонӣ аз меҳвари 2- қутба, ки ИҶШС дигар ИМА ба меҳвари якқутба табдил ёфт, ки мансуб ба ИМА буд, гарчанде ки солхои охир дар натичаи сиёсати хориҷии Россия ин раванд тағйир ёфт. Аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Федератсияи Россия аз ҳама зиёд чун меросхури асосӣ манфиат ба даст овард ва дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳибихтиёриро нигоҳ дошта, манфиати худро дар ин кишварҳо ба истиснои Гурҷистон ва Украина (минбаъд Гурҷистон ва Украина аз ҳайати ИДМ мебарояд) паҳн менамояд.
Давлатҳои соҳибихтиёри Осиёи Марказӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона амалӣ карда Туркманистон -ҳамчун давлати нейтралӣ, Узбекистон - дорои иқтисоди пӯшида, Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон– сиёсати дарҳои кушодаро пеша мегиранд. Бо бавуҷуд омадани самти мустақилияти сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Россия, ИМА, Чин, Туркия, Эрон, кишварҳои ҷаҳони Араб, Иттиҳоди Аврупо қарор мегиранд. Масоили мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври амиқу дақиқ омӯхта дар ин бора дар рузномаи «Независимая газета» соли 2000-ум навишта буданд:
« Мо ба ҳеҷ кас модели демократияи худро таҳмил намекунем, ки вай дар заминаи системаи ҷомеаи дунявӣ мо ба вуҷуд омадааст. Лекин, мо ин хуқуқи демократии худро истифода бурда, ҳамаи дигар моделҳои бегонаи сохтори давлати худро рад менамоем, ки вазъиятро дар кишвар бад мегардонад, ба ҷудоандозӣ ва буҳрони сиёсӣ ва оқибат аз даст додани истиқлолият оварда мерасонад» (Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI, «Независимая газета» соли 2000) .
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти равобити байналмилалӣ бо тамоми давлатҳои хоричӣ робитаро новобаста аз сохти сиёсии давлатҳо дар бахшҳои густурдаи иктисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ бунёд намудааст, ки яке аз ҷанбаҳои гуногунвектории сиёсати бурунмарзиро инъикос менамояд. Радиои бурунмарзии Тоҷикистон «Овози тоҷик» бо 8 забонҳои хориҷӣ барномаҳои худро пахш менамояд. Бахусус равобити Тоҷикистон бо Федератсияи Россия хусусияти шарикии стратегӣ касб намуда, дар доираи Шартномаи дастаҷамии бехатарӣ, Евразэс (Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Аврупо), Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ менамояд, дар Ҷумхурии Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Россия (201-двизияи мотории тирпарронӣ), ҳайати оперативии Раёсати сарҳадии ХАФ Россия амал менамоянд. Стансияи оптику электронии «Оина», ки моликияти Тоҷикистон аст, ба зиммаи нерӯҳҳои зиддиҳавоӣ ва кайҳонии Вазорати Мудофияи Россия вогузор шудааст. Ин аз лиҳози геополитикӣ ба он далолат менамояд, ки дар ҳақиқат баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи Россия дар Тоҷикистон хеле бонуфузтар гардидааст. Дар муқоиса бо Қирғизистон, ки робитаҳои хуб бо Россия, пойгоҳи ҳарбии Россия дар ин ҷо низ ҷойгир шудааст, ки аз аз ҳадафҳои геополитикии Россия дар Қирғизистон низ дарак медиҳад. Борҳо парлумони Қирғизистон зери таъсири Россия масъалаи аз байн бурдани пойгоҳи ҳарбии ИМА-ро гузошта буд ва охиран ин масъала амалӣ гардид. Стивен Янг собиқ сафири ИМА дар Қирғизистон дар соли 2005 навишта буд, ки ИМА ҳамавақт манофеи геополитики худро дар Қирғизистон нигоҳ медорад, чунки аз ин кишвар ИМА метавонад, воқеаҳои Чин, Афғонистон, Эрон ва худи кишварҳои Осиёи Марказиро назорат барад ва нагузорад, ки нуфузи Чин ба ин минтақа афзояд. (Доклад посла США в Бишкеке в госдепортамент США// Вечерний Душанбе, № 14, 2005 саҳ.8). Аз лиҳози иқтисодӣ бошад Россия ба Қирғизистон кумакҳои молиявӣ мерасонад ва ҳамеша кушишҳо ба харҷ медиҳад, ки Кирғизистон аъзои фаъоли Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё боқӣ монад ва бо ин боз ҳам мавқеи худро дар Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар намояд. Таҳрҳои энергетикии Қирғизистонро низ Россия дастгирӣ менамояд, маводи сӯзишвориро низ бе боҷ ворид намуда, муҳоҷирони меҳнатии қирғизро дар қаламрави Россия ҳифз менамояд, яъне лутфу марҳамати Россия ба Қирғизистон рӯз аз рӯз меафзояд. Ба ин ҳама бозиҳои геополитикӣ нигоҳ накарда, Чин нуфузи геоиқтисодии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад ва ба тарҳои иқтисодии ин кишварҳо маблағгузорӣ намуда, яке аз инвесторҳои асосии минтақа ба шумор меравад. Ба ақидаи собиқ Президенти ИМА Ҷ. Буш (2001-2009) Хитой бо иқтисоди инкишофёфтаи худ барои ИМА «дарди дандон» шудааст, ки вайро на канда метавонад ва барои табобаташ ҳам «дорувории самарабахш» пайдо накардааст. Аҷибаш ин, ки дар ин рақобат ба иқтисоди ҷаҳонӣ 30% истеҳсоли ҷаҳонӣ ба Хитой рост меояд. Аз лиҳози сиёсӣ Хитой давлати пӯшида буда, аз лиҳози иқтисодӣ- иқтисоди кушод ва гуногуншакли моликият, иқтисодӣ бозорӣ ва истеҳсоли технологияҳои муосирро роҳандозӣ намудааст. Ҷумҳурии Халқии Хитой кишваре мебошад, ки коррупсияро сахт маҳкум карда, мансабдорони олии давлат ва Ҳукуматро ба ҷазои қатл маҳкум менамояд. Ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон шарикии Хитойро бо мо афзоиш дода, дар рушди иқтисоди миллии мо саҳмгузори бузург ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамеша мавқеи геополитикӣ ба геоиқтисодии худро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ ҳимоя менамояд. Дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд муҳоҷирони меҳнатии Хитой фаъолият мебаранд, ки беш аз 2 ҳазору 360 нафарро ташкил дода, дар таҳрҳои иқтисодии Тоҷикистон, соҳаи меъморӣ, энергетика, сохтумон ва роҳсозӣ фаъолият мебаранд. Дар Донишгоҳ ва Донишкадаҳои Тоҷикистон забони хитоӣ омӯзонида шуда, сафарҳои тарафайн ривоҷ ёфтаанд. Беҳуда нест, ки СҲШ макони ҷаласаҳои худро маҳз шаҳри Душанбе қарор дод.
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, нерӯҳои НАТО бо ИМА Созишномаи амниятӣ имзо намуда, қисме аз нерӯҳои Амрикоӣ дар Афғонистон то то 50-соли охир низ инҷониб боқӣ хоҳанд монд, ки нерӯҳои интизомии Афғонистонро бозсозӣ хоҳанд намуд. Масоили Афғонистон хеле пурпечутоб ва мураккаб буда, дар он мавқеи геополитики ИМА хеле калон мебошад, ки «итифоқчиёни худ» Покистон ва Қирғизистонро бо фишангҳои ҳарбӣ дар дасти худ нигоҳ доштанӣ мешавад. Туркманистон низ бо Эрон робитаҳои қавии иқтисодӣ барқарор намудааст, ки дар масоили баҳри Каспий ҳамшарик мебошанд. Вазъи геополитики кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз ба рӯз, лаҳза ба лаҳза тағйир меёбанд ва кишварҳои абарқудрат мехоҳанд, ки нуфузи стратегии худро дар ин кишварҳо нигоҳ доранд, вале ин ҳадафҳои геополитики онҳо набояд ба соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ монеъаҳо бунёд намоянд ва боиси сар задании ихтилофҳои нав шаванд, балки онҳо бояд истиқлолияти давлатии ин кишварҳоро устувор гардонанд.
«Нерӯҳои ҳарбии ИМА ва Паймони НАТО дар Афғонистон аз ҳама зиёд дар тулии мавҷудияти ин паймон дарозмуддат, калонҳаҷм ва серхароҷоттарин ба ҳисоб меравад» - менависад, собиқ Сафири фавқуллода ва ваколатдори Федератсияи Россия, номзади илмҳои таърих М.Корнаровский, ки солҳои 2002-2004 ба ҳайси Сафир дар Кобул фаъолият намудааст. Аз триллион доллар ИМА дар ин амалиёт сарф намуд, беш 3,5 ҳазор афсару аскарон кушта шуданд. Зиёда аз 100 ҳазори дигар захмӣ гаштанд, вале ҳамоно амалиётҳои ҳарбӣ идома доранд. Амалиёти америкоиҳо дар Афғонистон номи «Озодии шикастнопазир» ном гирифта буд, ки ду ҳадаф дошт, яке торумори сохтори террористии «Ал-қоида» ва дигар шикасти режими толибон дар Афғонистон. Маҳз самти ҷидии террористии амалиёти ҳарбии ИМА аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Қувваҳои байналмилалӣ мусоидати амнияти Афғонистон зери мандати СММ таъсис ёфт, ки аз ҷониби ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва дигар давлатҳои аъзои НАТО дастгирӣ ёфт.
Барои ҳалли вазифаҳои стратегии худ Россия ва Хитой низ дар канор набуданд. Баъди ташкили ҳукумати марказӣ таҳти сарпарастии ИМА, НАТО, Иттиҳоди Аврупо бо ҳар роҳ ба робитаҳои Россия бо Афғонистон муқовимат менамуданд. Баъдан ба Россия муваффақ гашт, ки дар доираи Шӯрои Россия-НАТО ҳамкорӣ барқарор созад ва баъдан онро боз қатъ созад. Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ таҳти сарпарастии Россия бо ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш менамуд, ки бо мадади мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон пеши роҳи паҳншавии маводи мухаддир ва терроризму экстремизмро гиранд. Афғонистон чӣ гуна мешавад? Ин саволи доимие мебошад, ки сиёсатшиносони ин кишварҳо ба ҳамдигар медиҳанд.
Ба ҳар ҳол мавзӯи мазкур дар геополитикаи муосир яке аз мавзӯъҳои марказӣ ба шумор меравад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нимаи дуюми асри XIX сар карда маркази таваҷҷуҳи Британияи Кабир, Империяи Россия буданд. Баъдан дар саддаи XX ба ин майдони геополитикӣ ИМА ворид гашта, бо пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ мавқеи геополитикии худро соҳиб гашт. Бо назардошти таҳлилҳои боло ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар замони соҳибихтиёриашон як чанд таҳдидҳо вуҷуд доранд:
1. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
2. Авҷи терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм;
3. Бо роҳи ғайрилегалӣ паҳн намудани адабиёти дорои идеологияи ифротӣ ва бегона;
4. Кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз ҷониби қочоқбарони маводи мухаддир ва дигар созмонҳои терористию ифротгароӣ;
5. Истифодаи бархе аз муҳоҷирони хориҷӣ бо ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ;
6. Эҳтимолияти бозгашти пойгоҳҳои ҳарбии ИМА ба қаламрави баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ;
7. Истифодаи корти миллатчигӣ ва шовинизми миллӣ барои ноҷурии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ;
8. Истифодаи омӯзиши афкори омма ва гузарониданӣ мониторинг аз ҷониби созмонҳои байналмилаллӣ ва ғайриҳукуматӣ бо мақсади таҳлили ҳадафҳои сиёсӣ;
9. Суст намудан ва тадриҷан аз байн бурдани принсипи секуляризми ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ;
10. Таҳмили моделҳои идоракунӣ аз қабили «Озодии шикастнопазир», «Озодии матбуот ва дигар расонаҳои иттилоотӣ», «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», ҷанги иттилоотӣ ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, моделҳои иқтисодӣ, тарғиби ҳаёти «Озодии ғарбӣ» ва ғайраҳо;
11. Истифодаи усули коркарди идеологӣ ба воситаи расонаҳои тарғиботии хориҷӣ;
12. Изолятсияи иттилоотӣ, «Терроризми иттилоотӣ» ва ҷангҳои иттилоотию гибридӣ;
13. Суистифода аз оқибатҳои пандемияи коронавирус ва ноором намудани вазъи иҷтимоии ин кишвархо.
Вазъи геополитики кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз ба рӯз, лаҳза ба лаҳза метавонад тағйир ёбад ва кишварҳои абарқудрат мехоҳанд, ки нуфузи стратегии худро дар ин кишварҳо нигоҳ доранд, вале ин ҳадафҳои геополитикии онҳо набояд ба соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон монеъаҳо бунёд намоянд ва боиси сар задании ихтилоф шаванд, балки онҳо бояд собитқадамона ба пойдории истиқлолияти давлатии ин кишварҳоро равона гарданд.
Адабиёт:
1.Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2013с. Душанбе, 2013.
2.Эмомалӣ Рахмон. Тоҷикистон дар остонаи асри 21. «Независимая газета»,2000.
3. Доклад посла США в Бишкеке в госдепартамент США// Вечерний Душанбе, № 14, 2005 с.8.
4.Дергачев В.И.Геополитика. М,2004.
5.Сафаранчук И. Концепция «Новый шёлковый путь» и политика США в «Большой Центральной Азии». Международная жизнь, июл,2013.С.43-52.
Асламов Б.С.,
Сафарова С.Н.