Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули равандҳои муосири геополитикии Тоҷикистон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ:назари таҳлилӣ

2189-сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд. Пайдоиши давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ барои миллати тоҷик, ки таҷрибаи бои таърихии давлатдориро соҳиб буд ба эҳёи суннатҳои миллии давлатдорӣ такони бузург бахшид. Аммо воқеаҳои маълуми Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ба ин раванд халали ҷиддӣ ворид намуд ва бо талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарӣ расиданд.

Дар раванди муносибатҳои геополитикии ҷаҳон Тоҷикистон мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, дар СММ, Иттиҳооди Аврупо, САҲА, СҲШ., ИДМ, Конфронси Исломӣ СААД ва дигар созмонҳои бонуфуз ҷаҳонӣ ва минтақавӣ яке аз ҷойҳои ба худ хосро дар ҳалли масоили геополитикӣ ишғол намудааст. Бонуфузтарин аъзои ИДМ Россия Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ интихоб намуда, баҳри пойдории минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва умуман амнияти ҷаҳонӣ тадбир ва чораҳои мушаххасро дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ меандешад. Татбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар масоили амниятӣ ба Президенти Федератсияи Россия В. Путин пешниҳод мегарданд ,ҳамаҷониба дастгирии хешро меёбанд, маҳз фикру ақидаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наздик намудани ҷумҳурии Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Чин, Афғонистон, Покистон, татбирҳои густариши дуҷониба ва якчандҷонибаи ҳамеша аз ҷониби Россия дастгирии пурра меёбанд.
Муҳимтарин равандҳои геополитикии Тоҷикистони муосир дар асоси сиёсати «дарҳои боз» инҳо мебошанд:
1. Таъмини амният ва суботи минтақавӣ.
2. Муборриза бар зидди терроризму экстремизм ва гирдиши ғайриқонуниии маводи мухаддир.
3. Густариши сиёсати «Дарҳои кушод» дар равобити муносибатҳои иқтисодии беруна.
4. Сиёсати геополетикии гуногунҷабҳа бо ИМА, Чин, Россия, Япония, кишварҳои арабӣ ва Иттиҳоди Аврупо.
5. Ба вуҷуд овардани фазои дӯстона ба тамоми кишварҳои дунё, новобаста аз сохтори сиёсии онҳо.
6. Ҳамраъӣ дар барномаҳои зиддиядроии ҷаҳонӣ, энергетикӣ ва обу иқлим.
7. Бунёди системаи муосири гидроенергетикӣ бо назардошти манфиатҳои умумии кишварҳои минтақа.
8. Дастгирии инвеститсияи хориҷӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ.
9. Фаъолияти густурдаи Тоҷикистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ., барои нигоҳдории амният барои минақаи Осиёи Марказӣ.
Таҳлилгарон масоили геополитикӣ ба хулосае омаданд, ки сарзамини Осиёи Марказӣ баъд ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар маркази диққати давлатҳои абарқудрат қарор гирифтааст. Маълум аст, ки Ӯзбекистон узви СААД набуда, Туркманистон бошад мавқеи нейтралиро дар минтақа ишғол намудаант. Ҳолати ҳамсарҳадии ин давлатҳо бо Афғонистон ва ҷанги дохилии Афғонистон ин равандро дар минтақа тезу тунд боқӣ нигоҳ медорад. Хатарҳои мавҷуда ва зиёдшавии нуфузҳо дар минтақа ба назари эътибор гирифта, дар назди Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалли бисёр бисёр масъалаҳои стратегии минтақавӣ меистад, ки ташаббускори аксари онҳо Сарвари давлати Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин дар шароити мураккабшавии вазъи геополитикӣ ба Россия лозим меояд, ки тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд, ки ин оқибат боиси зиёд шудани нуфузи давлатҳои дигар ба рушди иҷтисодии Тоҷикистон мегардад. Абадқудратҳо чунин имкониятро доро мебошад, ки ба Россия роҳ диҳанд, ки ба масъалаи амнияти Осиёи Марказиро мустақилона машғул гардад. Муносибати Россия бо ақидаи таҳлилгарони америкоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мураккаб, зидиятнок ва пурпечу тоб мебошад. Россия кушиш дорад, ки давлатҳои ИДМ ба интегратсияи Авруосиё ҳамроҳ намуда нуфузи иқтисодии Чинро то андозае суст намуда, дар минтақа рақобатпазир гардад. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибихтиёр дар шароити мураккаб бо роҳҳои дипломатӣ таносуби қувваҳои геоиқтисодиро дар минтақа ба танзим медарорад ва манфиатҳои милли худро пурра хифз мнамояд. Аммо Чин ҳамчун як шарики боэътимоди иқтисодии Тоҷикистон барои инфрасохтори он солҳои охир кӯшишҳои хеле зиёд менамояд. Дар ҳамин асос раванди геополитикии Тоҷикистон бисёрҷониба ба манофеи милли Тоҷикистон ва кулли кишварҳои мададрасон равона гаштааст.
Стратегияи «Роҳи бузурги абрешим», ки тарроҳи он ИМА мебошад, пас аз соли 2014 мехоҳад, ки Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба минтақаи рушдкардаи Осиёи Ҷанубӣ ҳамроҳ намояд. Дар ин масоил муовини директории барномаҳои омӯзиши Россия ва Евразия Манкофф тадқиқотҳои зиёд мебарад. Ӯ хоҳони он мебошад, ки пас аз хуруҷи неруҳои НАТО аз хоки Афғонистон, ки агар ин имконпазир бошад, Россия бо НАТО ҳамкориро идома диҳад. Аммо воқеаҳои маълуми Украина муносибати Кремлро ва Вашингтонро сард гардонида, ҳамкориҳои самти ҳарбӣ қатъ гардиданд. Дар чунин шароит Россия ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳад монд ва аз ҳамчун шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон бо ҳамкориҳои чандҷониба бар зидди хатарҳои минтақавӣ мубориза хоҳад бурд.
Дар худи ИМА ҳоло ҳам аниқ карда нашудааст, ки стратегияи глобалии Афғонистон барои оянда аз чӣ иборат аст. Яъне ба ғайр аз муборизаи зидди терроризм боз кадом консепсияи сиёсӣ ва ҳарбӣ пешниҳод мегардад. Ҳеҷ кас бовар намекунад, ки ҷанг дар Афғонистон бомуваффақият ба анҷом мерасида бошад. Ин ҳолат баръакс вазъро боз ҳам муракабтар мегардонад. Албатта дар ҳалли қазияи Афғонистон Тоҷикистон низ чун кишвари ҳаммарз бетараф нест ва яке аз ташаббускорни сулҳи Афғонистон мебошад. Равандҳои геополитики Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои наздик низ зери таваҷҷуҳи махсус манфиатҳои миллии абрқудратҳо қарор хоҳанд гирифт, дар ин ҷабҳа абарқудратҳо манфиатҳои худро бидуни манфиатҳои Россия ба Чин амалӣ карданӣ мехоҳад, ки стратегияи классикии онҳо нисбати давлатҳои соҳибихтиёрро инъикос менамояд.
Ба ҳамаи ин бархурдҳои геополитикӣ нигоҳ накарда бозингари асосии минтақа ва бахусус нисбати Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Чин боқӣ мемонад.
Чин нисбати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос дорад. Тарҳои ояндаи геоиқтисодии Чин аз инҳо иборат мебошад:
1. Бунёди нави роҳи оҳан, ки минбаъд Чинро бо қитъаи Аврупо мепайвандад.
2. Бунёди системаи телекоммуникатсионӣ аз Шанхай то Франкфурт тавассути Осиёи Марказӣ.
3. Ҳамкориҳои интегратсионии марзии Чин бо Тоҷикистон дар қисмати Бадахшони Куҳӣ (гардиши мол дар 1-сол зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА).
4. Ба роҳ мондани тарҳҳои нави энергетикӣ бо Тоҷикистон, сохтумони нерӯгоҳи барқии обии Зарафшон.
5. Пайвасти хатти барқ ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон.
6. Ҳамкориҳои густурдаи иктисодӣ ва телекоммуникатсионӣ, таъмини техникӣ.
7. Дар роҳи бузурги Абрешим ҳамкорӣ намудан бо Тоҷикистони соҳибистиқлол.
8. Бунёди шабакаҳои тиҷоратӣ ва инфрасохтори нақлиётии байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин.

Хулоса,Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ зери сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона пеш рафта, дар равандҳои мураккаби геополитикии муосир манфиатҳои миллии худро сарбаландона ҳифз намуда, амнияти миллӣ ва зиндагии шоистаро барои шаҳрвандони он таъмин месозад.
Асламов Б.С.,
Сафарова С Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...