Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМА дар пасманзари тазодҳои дохилӣ: назари таҳлилии сиёсӣ ва демографии он

217

Вазъи кунунии дохилии ИМА аҳли прогрессивии ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад. мавҷи эътрозҳо, бетарибиҳои оммавӣ, вайрон намудани ёдгориҳои таърихӣ боиси харобшавии инфрасохтори иҷтимоӣ, ҳатто талафоти ҷонии шаҳрвадон ва полтисия гашта истодааст. Баъзе таҳилгарони сиёсӣ, аз ҷумла сиёсатшиноси машҳури Россия, профессор И.Н.Панарин онро чун «инқилоби ранга» маънидод менамояд, ки дар гумон аст, ки ба мақсад расад. 

Инқилобҳои ранга ин маҳсули тафаккури политехнологҳо мебошанд, ки боиси ошӯб, бетартибиҳои оммавӣ ва ниҳоят тағйири ҳокимияти сиёсӣ ва ҳатто ҷангҳои дохилӣ мегарданд.Дар роҳандозии онҳо нақши ВАО бахусус интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, алоқаи мобилӣ, телевизиони моҳворагӣ, овозаҳои воҳиманоки бардуруғ хеле калон аст. Дар пасманзари ин инқилобхо фондҳои бузурги молиявӣ, клубҳои глобалистии молиявӣ, дастгоҳҳои муқтадири истихборотӣ Пажуишгоҳҳои калони илмӣ, ҳатто Маҷмааи ҳарбӣ-саноатӣ меистад, ки чун лоббизими ҳарбӣ-сиёсӣ ва этникӣ таъсири амики худро мерасонад.
Нахустин инкилоби рангаи муосир ин инқилоби «булдозер»-и собиқ Югославия буд, ки соли 2000 –ум тазоҳургарон бо булдозер бинои телевизиони марказии шаҳри Белградро забт намуданд. Оқибат он ҳокимяти сиёсиро дигар намуд. Ба ин инқилоб политсия зид буд, 1-кас ҳалок , 100 нафар ярадор ва мутаасифона ягон кас ҳабс нашуд. Ташкилкунандагони он 10-хазор ҷонибдорони Мухолифини Демократии Сербия буданд, ки минбаъд дар натиҷаи он давлати иттифоқии Югославия пош хурд , меросхури он Ҷумҳурии Сербия гарид. Баъзе инқилобҳои ранга, аз қабили инқилоби қирмизӣ дар Ироқ режими Саддом Ҳусейнро суқут бахшид. Инқилобҳои садбарг ва нориниҷӣ ҳокимияти сиёсиро дар Гурҷистон ва Украина дигар намуданд вале сатҳи зиндагӣ чандон беҳтар нашуд. Бо роҳи инқилобӣ солхои 2005, 2010 дар Қирғизистон, соли 2018 дар Арманистон, соли 2019 дар Молдова вазъи ин кишварҳо ноором ва тағйиротҳои сиёсӣ ба амал омаданд.
Инкилобҳои ранга бо номи «Баҳори арабӣ» солҳои 2010-2012 дар 19-кишварҳои Осиё, Шарқи Наздик, Африқо фаро гирифта,тағйири ҳокимияти сиёсӣ намуда, боиси 650 ҳазор қурбонӣ, 614 миллиард доллари зарари иқтисодӣ гашт. Аксари ин кишварҳо ҳоло ҳам ором набуда , дар вазъи душвори иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва қашшоқӣ қарор доранд.
Воқеоти охири дохилии ИМА то ҳол расман ба рӯйхати инқилобҳои ранга дохил нашудааст. Аз 5-ҳизби сиёсии ИМА асосан системаи дуҳизбии ИМА ташаккул ёфта, боиси нофаҳмоиҳои ин нооромиҳои дохилӣ гардида, ҷумхурихоҳон ба он демократҳо ва баръакс демократҳо ҷумҳурихонро зери танқиди шадид қарор медиҳанд. Дар таҷрибаи сиёсии ИМА барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ин ду ҳизб чӣ дар Конресс ва чӣ дар умури идораи давлатӣ дар лаҳзаҳои душвор созиш менамуданд, аммо мутаасифона ин дафъа созиш байни онҳо ба вуҷуд наомад ва инро ба Пандемияи CОVID-19 сабаб медонанд, ки боиси сирояти беш аз 2 миллион шаҳрвандони ИМА, фавти беш аз 115 ҳазор ва 40 миллион бекорон гардида, истеҳсолот то 12 фоиз поён фуромада, боиси тангии иқтисодӣ ва нооромиҳо гардид.
Ба ақидаи тахлилгари Россия Руслан Горевой сенарияи эҳтимолии пошхурии ИМА ба монанди СССР мавҷуд аст, ки онро сиёсатшиноси машҳури америкоӣ Стивен Коэн баён доштааст, аммо ин ҷо сухан аз сепаратизми ҳиндуҳо, испанзабонҳо, лотиноамерикоиҳо, финҳо меравад, гарчанде, ки хиссаи сиёҳпустон дар хайати аҳолӣ 34,7 фоизро ташкил медиҳанд.Ҳиссаи нажодии аҳолии ИМА аз 308,7 миллион аҳолӣ (сеюмин чой аз ҳисоби аҳолӣ дар ҷаҳон) дар соли 2010 чунин буд: испанизабонҳо-16 фоиз, ғайрииспанзабонҳо-83 фоиз, сафедпустон-72 фоиз, сиёҳпустон-12,6 фоиз, ҳиндуёни америкоӣ- 0,9 фоиз, осиёгиҳо-4,8 фоиз, аҳолии муқими ҷазираҳои Гавай ва Уқёнуси Ором-0,2 фоиз, дунжаодӣ-2,9 фоиз, нажодҳои боқимона 6,1 фоиз, ташкил медиҳанд.
Дар як штати Мичиган 70 фоизро финҳо ташкил медиҳанд. Сенарияи С.Коэн ба чунин назар аст: бартарияти ҳиндуҳо дар штатҳои Небраска, Дакотаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Монтана, Вайоминг. афзалияти испаниҳо дар Техас, гурӯҳҳои сепаратистӣ дар Ню-Йорк, ланиноамерикоиҳо дар Ню-Мексико. америкоиҳо дар як вақт шаҳрванди давлати федералӣ ва штати худ мебошанд. Дар Калифрония низ бо таъсири Британияи Кабир норозигиҳо зиёд аст. Ду штат Вермонт ва Техас ҳамчун ҷумҳурӣ баромад мекунанд. Дар шароити кунунӣ тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ 25-майи соли 2020 аз сиёҳпустон дар Миннеаполис оғоз ёфт, ки баъди ду рӯз Лос-Анҷежелос, Ню-Йорк, Вашингтон, Чикаго ва 25–шаҳри ИМА паҳн гашт. Мушовири калони Президиенти ИМА Келлиэнн Конуэй дар Қасри Сафед иброз дошт, ки дар ИМА нажодпарастии системавӣ мавҷуд аст.
Ба ақидаи сиёсатшиноси америкоӣ С.Коэн ояндаи мутаҳидии ИМА дар шароити муосир аз ҳокимяти пурзӯри президентӣ ва ҳалли қазияи нажодӣ ва сепаратизм, танзими сиёсати берунӣ вобастагии зич дорад. Интихоботи нави президентӣ дар ИМА 3-ноябри соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар он ду ҳизби маъмулӣ ҷумҳурихоҳон ва демократҳо рақобат менамоянд.
Ба хар ҳол ба ҳокимиятдорони ИМА лозим аст, ки вазъро ба эътидол оварда, интихоботи нави президентро дар ҳолати суботи комили сиёсӣ баргузор намоянд.

Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.- шореҳони Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...