Химия ҳамчун фанни дақиқ ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ ва тиб
Имруз дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, ки ҳаёт ва фаъолияти солими инсон ба ҳолати муҳити зист вобаста аст. Ҳолати ногувори экологии табиат дар баъзе мавзеъҳо аз надонистани дастовардҳо ва риоя накарданиқонуниятҳои асосии химия аз тарафи одамон cap мезанад. Бинобар ин, ҳар як инсон, навобаста ба касбу кораш, бояд бо асосҳои химия шинос бошад, чунки нигоҳ доштан ва тараққӣ додани тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Химия илмест, ки сохт, хосият, таркиб ва ҳамдигартабдилёбиимоддаҳоро меомӯзад. Таърифи химияро бори аввал ҳамчун илм М.В. Ломоносов пешниҳод намудааст.
«Илми химия хосият, тағйирот ва таркиби моддаҳоро ҳангоми гузариши реякияҳо мефаҳмонад». Химия ҳамчун илм ба гурӯҳи фанҳои табиатшиносӣ дохил шуда, ба фанҳои физика, биология, математика, экология ва ғайра алоқамандии зич дорад. Химия ба монанди илмҳои дигар босуръати рӯшд намуда истодааст. Дар айни замон зиёда аз 32 млн моддаҳои органикӣ ва қариб 500 ҳазор моддаҳои ғайри органикӣ омӯхта шудааст, ки ин моддаҳо дар пешравии хоҷагии халқ ва тиб аҳамияти махсус зоҳир мекунанд.
Дар замони ҳозира инкишофи олами наботот, ҳайвонот ва инсонро бе дастовардҳои фанни химия, хусусан саноати химиятасаввур кардан ғайриимконаст. Қисми зиёди пайвастаҳои органикӣ дар хоҷагии кишлоқ аҳамияти калон доранд. Яке моддаҳои химиявӣ ки дар хоҷагии қишлоқ дар соҳаи кишоварзӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад, ин мочевина ба ҳисоб меравад. Мочевина (карбамид) маҳсулоти муҳими мубодилаи моддаҳо дар инсон ва ҳайвонот ба ҳисоб рафта, аз организми инсон (дар як шабонарӯз тавассути пешоб қариб 23-30г мочевина аз организм хориҷмегардад). Мочевина якумин моддаи органикие мебошад, ки соли 1828 аз тарафи олим Ф. Вёлер зимни синтези пайвастаҳои ғайри органикӣ ҳосил карда шудааст.
Мочевина ро бештар барои ҳосил хез гардонидани заминҳои корӣ, хусусан заминҳои пахта, пиёз, гандум, ҷуворимака, картошка, помидор, тарбӯз ва ғайра ба таври васеъ истифода мебаранд. Ин модда барои чандин маротиба серҳосил гардонидани маҳсулотҳои дар боло зикргардида, мусоидат мекунад.
Қисме аз пайвастаҳои химиявиро дар хоҷагии қишлоқ ҳамчун заҳр химикатҳо истифода менамоянд. Масалан: пеститсидҳо моддаҳои заҳрноке мебошанд, ки дар мубориза ба муқобили микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти зарарнок истифода мешаванд. Пеститсидҳо бо хусусияти таъсиррасониашон муайян карда мешаванд ва ба гурӯҳҳои зерин тақсим карда мешаванд:
Инсектитсидҳо моддаҳои заҳрноке мебошад, ки барои нест карда ниҳашарот ҳоизараро варистифода бурда мешавад.
Гербитсидҳо моддаҳое мебошанд, ки барои нест кардани растаниҳоизарарнок истифода бурда мешавад.
Фунгитсидҳо моддаҳое мебошанд, ки ба муқобили касалиҳои занбурӯғӣ истифода мешаванд.
Бактеритсидҳо моддаҳое мебошанд, ки ба муқобили ба рангезандагони касалиҳои бактериявӣ истифода бурда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 намуди гербитсидҳо (масалан, ателон, которан, котофор ва ғайра) мавҷуданд.
Меъёри сарфа намудани гербитсидҳо вобаста ба дараҷаи сералафии заминҳоикиштзор, хусусиятҳои хоси зироати кишткардашуда, шароити иқлиму хок, чорабиниҳои агротехникӣ ва ғайра вобаста мебошад. Масалан, барои нест кардани алафҳои бегонаи пахтазор аз монурин, диурон-1,2-1,6; которан-1,5-2,5 зироати лӯбиё, прометрин-1,5-2,5, линурон-2-3 динитроортокрезол-3-4; картошка 1-1,5-эфирҳо, 1-1,8 юнучқа соятрефлан 1-2кг\га кифоя аст. Дар натиҷаи истифодаи гербитсидҳо аз ҳар Га (гектар) ғалладона 2,5; шолӣ 4-5 ва ҷуворимакка 7 сентнер зиёдтар ҳосил гирифтан мумкин аст. Пайвастаҳои химиявиро натанҳо дар хоҷагии халқ инчунин дар рӯшди соҳаҳои экология, тиб ва фарматсевт(ҳамчун маводҳои доруворӣ ва дезинфексионӣ)ба таври васеъ истифода мебаранд. Масалан, сиклопропанро аз соли 1933 тоинҷонибҳамчун маводи беҳушкунандадарҷароҳӣ ба сифати наркоз, спирти этанолро ҳамчун маводиантисептикӣдарвақтигузаронидани сӯзандоруҳо, аминокислотаҳо (масалан, глитсин ва кислотаи глутаминат барои муолиҷаи бемориҳои асаб, систеин барои муолиҷаи бемориҳои чашм ва гистидин барои муолиҷаи захми меъда) мавриди истифода қарордорад. Ғайр аз ин ҳосилаҳои аминокислотаҳо дар соҳаҳои синтези нахҳои сунъӣ, ба монанди капрон, лавсан, нейлонистифода бурда мешаванд.
Муҳимтарин моддаҳои химиявӣ, ки организм бе он вуҷуддошта наметавонад, ин сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳороба ҳисоб меравад.Ин гурӯҳҳи моддаҳо ҳамчун маводҳои хӯрока ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад, ки барои мубодила ва метаболизми моддаҳо дар организм кумак мекунад.
Бо дар назардошти элон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандози намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати такмили дониш, азхудкунии навгониҳои илму техника, навоварию эҷодкорӣ ва усулҳои муосири таълим, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, роҳбарият ва омӯзгорони кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набуда, ин иқдоми хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, доимо дар ҷӯстуҷуи навоварию эҷодкорӣ, тартибдодани тестҳо, мақолаву дастурҳои таълимӣ, гузаронидани маҳфилу конфренсҳои илмӣ-назариявӣ саъю талош менамоянд.
Омӯзгорони кафедараи фанҳои
дақиқ ва техникии Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидшоҳи Сафархон ва Исозода М.М.