Саҳми Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ
Солҳо мегузаранд, вале бо наздик шудани 27-июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ саҳми барҷаста ва хизматҳои шоёни Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло пеши назар меояд.
Он солҳо (1992-1997) ҷомеаи Тоҷикистонро бо дасисаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҳисси маъюсӣ ва ноумедӣ фаро гирфта буд. Вазъият чунон мураккаб буд, ки зимомдории давлатро ҳеҷ кас ба уҳда намегирифт. Дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ сарваре лозим буд, ки аз бахри ҷони худ гузаша, худро барои давлату миллат бахшад.
Тақдири баланди тоҷикон чунин шахсияти барҷастаро ба миён овард, ки бо меҳнати софдилона, ҷасорату шуҷоати шахсӣ тавонист, ки миллат ва давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.
Олимон дар таҳлили воқеоти Тоҷикистон то соли 1997 ва баъди он назари мухталиф доштанд. Қисме ба он назар буданд ,ки Ҳокимияти конститутсионии барқарошуда дар Ичлосияи таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 гумон аст, ки ба ҳадафҳои сиёсии худ бирасад.Аммо фаромӯш набояд кард, ки нақши шахсият дар таърих басо бузург аст ва инро инкор кардан мумкин нест.Шасиятҳои таърихӣ маҳз дар лаҳзаҳои душвор зуҳур мекунанд, аз қабили Ҷорҷ Вашингтон, Т.Рузвелт , Шарл де Голл, Махатма Ганди, Мао-Тсзэдун ва дигарон, ки дар наҷоти давлату миллатҳои хеш саҳми арзанда гузошта, давлатҳои худро ба роҳи рушду эҳё раҳсипор кардаанд.
Сиёсати сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт ҳамагӣ 40-сол дошт ба сӯи сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдат равона шуда буд.Маҳз ҳамин идеяи сиёсӣ , ки шабонарӯзӣ роҳбари ҷавонро ором намегузошт, тавонист, ки ба як идеяи умуммиллӣ табдил ёфта, пеши роҳи хунрезии бемаънӣ ва бетартибиҳои дохилиро гирад.Мардум ташнаи сулҳу оромӣ, меҳнати осишта буданд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ваъда дод, ки ба халқ куҳи тиллоӣ намедиҳад, аммо то вақте, ки ҷон ба тан дорад, ба халку миллат хизмат намуда, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишварро таъмин хоҳад намуд.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии Истиқрои сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон бебозгашт ба сӯи тарақкиёт ва эъмори давлати демократӣ хуқуқбунёд ва дунявӣ пурра раҳсипор гардида, дастовардҳои бузургро марҳила ба марҳила дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гашьт.Аксари давлатҳои дунё истиклолияти давлатии Тоҷикстонро шинохта, робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд, имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар СММ, САҲА, Конфронси исломӣ, СҲШ, ИДМ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Парлумони Аврупо ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ афзуд.
Тадбирҳои Пешвои миллат дар роҳи бунёди сулҳ, масоили обу энергетика, рушди босуботи иқтисодӣ, мубориза алайхи терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ба назар гигирифта шуда, ба рӯзномаи кории СММ ва Донишадаҳои бузкурги ҷаҳонӣ ворид гашта, мавриди омӯзиш, тадқиқ, дастгирӣ ва тарғиб қарор гирифтанд.
Аммо дар баробари ин мухимтарини гавҳар ин ба даст овардани ваҳдати миллӣ мебошад. ки ба он Котиби вақти замони СММ Кофи Аннан чунин баҳогузорӣ намуд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.