Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 ~ 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад!
Албатта, пешаи омӯзгорӣ таъмингари шуои илму маърифати ҷомеа аст.
Ба ин мазмун, пешаи муаллимӣ ҳирфаест, ки таҷассумнамои ин гуфтаҳои мухтасар перомуни шахсиятанд. Муаллим шахси донишмандро гӯянд ва аз тавзеҳи классикии калимаи мазбур бармеояд, ки мазмун дар ҳарфҳои он нуҳуфтааст : ﻢﻠﻌﻤ - م -(мим)- маърифат, дониш, зеҳн…; ع -( айн) –ақл, хирад …; ل-( лом) – лафз; ﻢ -(мим) – маъно .
Акнун шарҳи ҳарфҳои “ муаллим’’- ро дар риштаи тавсиф агар пешниҳод намоем: муаллим қувватбахшандаи нерӯи зеҳнии инсон буда, ба василаи маърифат, ақлу хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзи саршор аз муҳаббату маънӣ шахсро ба камолот мерасонад.
Бояд гуфт, ки мақоми аҳли илм ва дониш дар таълимоти Исломӣ низ то ҷое баланд аст, ки Худованд онҳоро дар канори молик ва ё фариштагон зикр менамояд: (Куръон сураи 3; ояти 18).
Инчунин, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар ҳадиси Паёмбари ислом (с), ки дар китоби «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Ал-Бухорӣ оварда шудааст, доир ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа чунин зикр гардидааст, ки «Муаллимон беҳтарин одамонеанд, ки ба рӯи замин мераванд. Ба онҳо маош бидиҳед, зеро онҳо фарзандони Шуморо таълим медиҳанд ва бо ин восита Шуморо, падару модари Шуморо ва хешу ақрабоятонро аз оташи дӯзах раҳоӣ мебахшанд».
Муҳаммади Риҷоӣ бошад зикр менамояд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаи, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».
Нисбати табиат, сиришту ба чи шавқу ҳавас доштани толибилмон такя намуда, таълиму тарбия ва умуман низоми маорифи миллиро дар афкори педагогии чеҳраҳои мондагори миллат, классикони адабиёти форсу тоҷик низ бараъло зикр гардидаанд.
Алалхусус, илми тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб се ҳазор сол пеш, ҳамчунин дар китоби «Авасто» арзи вуҷуд мекунад – «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек». «Агар тамоми китобҳои Шарқу ғарбро варақ – варақ биҷӯед, волотаре, арзандатаре, гуворотаре аз ин се ибора пайдо намекунед» (Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам. Душанбе, 1997, саҳ. 45). Яъне метавон гуфт, ки дар таълимоти зардуштиён, хосатан дар китоби муқаддаси «Авасто» доктринаи мукаммали низоми маорифи миллӣ вуҷуд дорад. Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки мавқеи омӯзгор дар ин доктрина муайян гардида то ҳадде, ки номҳои чанде аз омӯзгорон хосатан зикр ёфтаанд.
Аз ҷумла олимон, файлосуфон, адибон, мутафаккирони классики тоҷику форс, ки аз муваффақтарин муаллимони даврони хеш ва саромади касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳисоб меёбанд, дар асарҳои илмӣ, назмию насрии худ масъалаҳои марбути илмӣ, таълиму тарбия хеле фикрҳои муфид гуфтаанд
Инчунин афкори педагогии Шоҳиди Балхӣ (879 – 937), Абӯшукури Балхӣ (915 – вафоташ номаълум), Дақиқӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан 977 – 79), Фирдавсӣ (934 – 1021), Ибни Сино (980 – 1037) ва дигарон нисбати тарбияи насли наврас аҳамияти худро ҳоло ҳам гум накардаанд.
Афкори педагогии халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле ғанӣ аст. Бештари асарҳои вакилони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, ҷавонмардӣ, донишу амал – ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Тадбири манзил», «Шифо», «Урҷуза фит – тиб», фаслҳои аввали «Ал – қонун» - и Ибни Сино, «Рӯшноинома» ва «Саодатнома» - и Носири Хисрави Қабодиёнӣ (1004 – 1088), «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ (1203/8 – 1292), «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) ва дигарон.
Ҳамчунин, дигар асарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус», «Ахлоқи Носирӣ» - и Насируддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ» - и Ҷалолиддини Давонӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и Ҳусайн Возизи Кошифӣ ва дигарон дар тарбияи наслҳои имрӯзу оянда, аҳамияти бузург доранд. Баъзе ин асарҳо дар давоми қарнҳо дар мактабу мадрасаҳо ҳамчун дастури таълимӣ ва дар хонаводаҳо, ба хусус барои волидайн, ҳамчун воситаи тарбияи кӯдакон истифода шуда омадаанд. Бояд гуфт ки классикони адабиёти тоҷику форс, ҳамеша ҷамъияти адолатпаноҳу беистисморро орзу мекарданд ва билохира итминон доштанд, ки оқибат дар ҷомеа ақлу хиради инсон ва адолат тантана мекунад.
Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино (980 – 1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия, фикрҳои муфид баён кардааст, ки имрӯз ба дарди касби педагогӣ низ даво аст. Аз онҳо фақат чанд лаҳзаи марбутро зикр кардан кифоя аст, ки бо гуфтаҳои боло ҳамоҳангӣ доранд:
а). Ибни Сино тарафдори таълими марбут ба қобилияти шогирдон буд. Дар рисолаи «Тадбири манзил» навиштааст: «Устод, бояд бидонад, кӣ наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад» (Абдӯалӣ Ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷилди дуюм.- «Ирфон», 1983, саҳ 25).
б). Мутафаккири бузург бар муқобили таълими инфиродӣ таълими гурӯҳиро, ки дар замони мо маълум ба таълими коллективист, ташвиқ мекард. Ибни Сино калимаи «синфро» ифода накардааст, вале ифодаи «таълими гурӯҳии» вай маънои «дарси синфии» баъди 700 сол дар Аврупои Fарбӣ арзи вуҷуд намуда мебошад (Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. Душабе, 2001, саҳ. 17).
Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (1218 – 1293) дар «Ахлоқи Носирӣ» фикри Ибни Синоро тақвият дода, «табиати кӯдак ва сиришти ӯро» ба назар гирифта менависад: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, назар ва тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чӣ навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд. Зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад» ( Афзалов Х. Раҳимов Б. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик –Душанбе: «Маориф» 1994, саҳ 79).
Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ асосан аз ду самт ё, ки ҷанбаҳои муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба якдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд.
Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бошад, метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти касби омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаст.
Барои мисол метавонем вохӯрии навбатии Пешвои муаззами миллатро бо олимони кишвар, ки санаи 18 марти соли 2020 сурат гирифт, махсус қайд намоем. Чунки, дар вохӯрии мазкур бори дигар ба таври мушаххас вазъи соҳаи илм ва маориф ба таври мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузориҳо қарор дода шуда, дурнамои соҳа муайян гардид.
Дар мулоқоти мазкур зикр карда шуд, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад. Аммо консепсияи мукаммал доир ба шакли идораи сохторҳои соҳаи маориф ва азнавсозии таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо то ҳанӯз таҳия нагардидааст. Дар ин замина масъулини соҳа, алалхусус Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифро вазифадор намуданд, ки «…вазъи амалишавии ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯӣ намоянд. Масъалаи дар сохтори Академияи илмҳо бунёди мактаби зеҳнӣ, ки аллакай оғоз гардидааст, ҳамчун омили асосии расидан ба ҳадафҳои мазкур арзёбӣ гардид.
Масъалаи эътибори ҷидди додан ба сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, таъсиси гурӯҳи мақсаднок дар литсейҳои Президентӣ, фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ, сифати омода намудани кадрҳои омӯзгории фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, норасоии соатҳои таълимӣ ва мавҷуд будани таносуби нобаробари соатҳо дар самти мазкур низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Масъалаи арзёбии рейтинги донишкадаву донишгоҳҳо низ мавриди таҳлил қарор гирифта, вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем».
Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳарчи бештари наврасон ва ҷавонони лаёқатманд, донишҷуёну аспирантон, роҳбарони илмии онҳо, омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон, масъалаи зиёд намудани музди маош, стипендияҳо ва зиёд намудани шумораи онҳоро ба миён гузошт, ки далели ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат ба соҳаи илм, алалхусус омода намудани кадрҳои илмии ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа мебошанд (Шарифзода Ф.Р. Пояи давлат набошад бе маориф устувор. Қонун ва ҷомеа. 2 апрели 2020. №13. 569).
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба соҳаи маориф як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумат, консепсияву низомнома, стандартҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва дастурамалҳо ба тасвиб расидаанд, ки метавонанд барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳа мусоидат намоянд.
Самиъзода Бахтиёр Салим
омӯзгори калони кафедраи фанҳои
ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, подполковни кимилитсия