Академияи ВКД – боргоҳи низому маърифат ва макони омодасозии кадрҳои миллӣ
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, хушбахтона муддати 28-сол аст, ки арзи ҳастӣ дорад. Академияи Вазорати корҳои дохилиро бидуни шубҳа метавон Боргоҳи низому маърифат ва ягона маркази омода намудани кадрҳои миллӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Қайд намудан лозим аст, ки сохта ва ба истифода дода шудани бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, далели эҳтироми баланди Ҳукумати кишвар ва пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Албатта, бо чунин сатҳу сифат ва муҷаҳҳаз бо муосиртарин шароити таълимӣ бунёд намудани Академия, дастоварди замони истиқлоли кишвар буда, мо омӯзгорону курсантон ва шунавандагонро ба сӯи комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.
Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус, роҳбарият, мо ҳайати омузгорон ва курсантону шунавандагон, ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Пешвои муаззамси миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш менамоем, ки ҳама он масъулиятеро, ки бар дӯш дорем сарбаландона иҷро намуда, дар раванди омодасозии кадрҳои дорои ҷаҳонбинии комил ва ҷавобгӯй ба талаботи муосир, мубориза баҳри ҷинояткорӣ ва умуман таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештаре гузорем.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолияти кишвар мебошад, дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ мушкилиҳои зиёдеро пушти сар намуда, роҳи пуршараферо тай карда, ба як маркази пурқуввати таълимӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин метавон гуфт, ки таърихи пурифтихори ин муассисаи олии таълимӣ, хусусан шахсиятҳои баруманде, ки дар саромади таъсисёбии ин даргоҳи низому маърифат буданд, дар ҳақиқат ифтихор намоем.
Ҳамзамон мехоҳам қайд намоям, ки 28 сол муқаддам, Карори девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон» таҳти № 372 қабул гардид, ки он маҳз барои таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони ин соҳа равона гардида буд. Аввалин шуда роҳбарии ин муассисаи мазкурро шодравон, полковники хизмати дохилӣ Ҷумаев Усмон Саломович бар уҳда доштанд.
Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза Истиқлолияти сиёсии хешро ба даст оварда буд, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда ва набудани базаи моддиву техникӣ талош меварзид, то масъулияти тайёр намудани кадрҳои миллиро бар уҳда бигирад. Ана ҳамин заминаву омилҳо буданд, ки роҳбарияти ҷумҳуриро водор намуданд, то ба таъсиси Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ва минбаъд дар таърихи 30 декабри соли 2000-ум табдил намудани он бо номи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намоянд. Албатта гузашти солҳо собит намуд, ки иқдоми мазкур, ки тасмими Ҳукумати кишвар мебошад, саривақтӣ ва дурандешона будааст.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бози таъсис то ба имрӯз шахсиятҳои кордону пуртаҷриба, дилсузу баландрутбаи мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарӣ намудаанд, ки албатта таҷрибаи андӯхтаи онҳо дар самти омода намудани мутахассисон, раҳнамои имрӯзу ояндаи касби пуршарафи мо омӯзгорон мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш соҳаи маорифро аз муҳимтарин самти афзалиятнок шуморида, дар баромадҳояш масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва худшиносу худогоҳро барои хоҷагии халқ, аз ҷумла, барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мунтазам таъкид менамоянд.
Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ меистад, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ниёзи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мебошад.
Самти асосии фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ин таъмини раванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ мебошад.
Айни замон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин нақшаву барномаҳои таълимии таҳсилоти касбиро бо номи маълумоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси «идораи давлатӣ ва маҳаллӣ», бо тахассуси «Менеҷер дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳуқуқшинос», «Бехатарӣ аз сӯхтор» бо тахассуси «Муҳандис», «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда», бо тахассуси «Муҳандис», маълумоти миёнаи касбӣ, аз рӯи ихтисоси «Ҳайати фармондеҳӣ», бо тахассуси «Командири взвод» ва азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандон, амалӣ менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академия дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сол ба сол хубтар гардида истодааст. Ҳамаи ин комёбиву муваффақият, дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ва рӯоварӣ ба корҳои илмӣ, ки омили асосии рушду тараққиёти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошанд, сол то сол дар ҳоли густариш аст. Аз ҷониби дигар, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Академияи ВКД ба пешрафту самаранок гардидани корҳои илмӣ, дар Академия мусоидат намуда истодааст.
Муҳимтарин дастовардҳое, ки таи панҷсолаи охир Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба даст овардааст ва боиси ифтихори кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус мо омӯзгорони Академия мебошанд, ду маротиба ташриф овардани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Албатта, ташрифи Пешвои муаззами миллат ба ҳар макон, бо худ дастовезу дастовард дорад. Яке аз чунин дастовардҳое, ки бо ташрифи Пешвои муаззами миллат алоқаманд мебошад, баргузор гардидани Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар ин даргоҳи низом ва маърифат мебошад, ки бо ифтитоҳи бинои наву замонавии Академия, дар санаи 30 августи соли 2017 ба вуқуъ пайваст. Инчунин ба доираи маҷаллаҳои илмии Низоми Россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНТ) ворид гардидани маҷалаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамзамон, фаъолияти босамари шуъбаи адъюнктура, таъсис дода шудани Шӯрои муштараки дифои рисолаҳои илмӣ, таъсиси факултети №6, барои омода намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ да дигар дастовардҳои назаррас мебошанд.
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки муассисаи олии таълимии нисбатан ҷавон ба шумор меравад, дар ҳама самтҳои фаъолият натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, махсусан потенсиали илмии худро баҳри амалӣ намудани он ҷалб намуда, кӯшиш менамоянд то, ки кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа ва содиқ ба миллату давлатро тарбия намоянд.
Хушбахтона, имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ олимони дараҷа ва унвонҳои илмидошта, докторони илм ва профессорҳо, номзадҳои илм, дотсентон, Ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, Кормандони шоистаи Тоҷикистон, аълочиёни маориф ва илми ҷумҳурӣ, кормандони фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин адюнкту докторантҳо ва унвонҷӯён фаъолият менамоянд.
Ғайр аз ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва таъмин намудани он бо кадрҳои илмӣ- амалӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин олимон, шахсони ботаҷриба ва роҳбарони сохторҳои амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба сифати ҳамкор ҷалб карда шудаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳои миллӣ мебошад. Фаъолияти омӯзгории чунин донишмандон, алалхусус муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки нигоҳи созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳа доранд, барои мо омӯзгорон мояи ифтихор буда, далели таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои имрӯзу ояндаи кишвар дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Имрӯз дар Академия барои курсантону шунавандагон толорҳои варзишӣ, маконҳои таълимии тирпарронӣ, толорҳои барҳавои лексионӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо васоити айёнии таълим, синфхонаҳои махсус, китобхонаҳои умумӣ, илмӣ электронӣ ва махсус, майдонҳои сафороӣ ва дигар маконҳои зарурӣ хизмат мерасонанд.
Курсантони Академия аз бози таъсисёбӣ то ба имрӯз дар олимпиадаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чандин маротиба иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Хушбахтона имрӯз колективи профессорону омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, тарзу усулҳои таълимдиҳиро такмил дода, дурнамои корҳои илмӣ ва навовариҳоро амалӣ менамоянд.
Тадқиқотҳои бузурги илмӣ, фаъолияти босамари илмӣ-методӣ, дастурҳо, пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, конференсияҳои илмии сатҳи байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар, нишасту ҳамоишҳои илмӣ ва умуман ҳамкориҳои байналмилалӣ аз шукӯҳу шаҳомат, мақоми баланд ва рушди босуботу эътибори ин муассисаи олии таълимӣ дарак медиҳад.
Инчунин Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин асос бо мақсади омода намудани чунин кадрҳо, имрӯз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо бонуфузтарин муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ, алалхусус Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия ҳамкориҳои худро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондааст. Далели гуфтаҳои боло бо унвони баланди доктор ва номзадҳои илм сазовор гардидани ҳайати омӯзгорони Академия буда метавонанд.
Хатмкунандагони имрӯзи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бошанд, аз усулҳои замонавии мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ истифода намуда, корҳои оперативӣ-хизматиро пеш мебаранд, аз истифодаи техника ва технологияҳои муосир низ бархӯрдор буда, ҷаҳонбинии комил доранд ва содиқу вафодор ба Пешвои миллат ва савганди касбии хеш мебошанд.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.