Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғалаба бар фашизм - натиҷаи ҳамбастагист

180Санаи 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи бисёр кишварҳои олам ва умуман башарият аст.

Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронид. Бинобар ин, рӯзи Ғалаба як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли моро дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд.
Имрӯз, баъди гузашти 75 сол, миқёс, арзиш ва шаҳомати корномаи беназири халқ дар қалбу хотираи мо боз ҳам равшантар мегардад. Башарият дар масири таърих ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузарондааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза низ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар он беш аз 72 давлатҳои хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40-давлат вусъат ёфтаанд. Дар набардҳои ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар набардҳо ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дода, бештар аз 55 миллион одамон қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба азоб гирифтор гардиданд.
Ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, вале дар дили ҳар як шахси ватандӯст нисбати душман нафрат пайдо гардида, онҳоро барои ихтиёран ба ҷабҳаҳои набард сафарбар гардидан водор мекарданд. Садои мудҳиши ҷанг зангулаи наҳси худро зада аз ҳар оила наздиктарин касонро ба ҳифзи Ватан сафарбар мекарданд.
Аскарон бо тиру туфанг ва зиёиёни ватанпарасту бедордили тоҷик бо қалам ва сухан дар ақибгоҳ ба муқобили душман мубориза мебурданд, ки номи даҳҳо фиристодагони ҷумҳуриямон: А.Абдуллоев, О.Раҳмонов, А.Маҳмудов, А.Ҳоҷибоев ва дигарон дар остонаи бисёр шаҳрҳои сарҳадии ИҶШС (СССР) бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Бояд гуфт, ки аввалин задухурди ҷангии тоҷикистониён дар қалъаи Брест ба амал омада аст, ки тоҷикписароне, ки ҳоло номи онҳо дар боло зикр карда шудаанд паҳлу ба паҳлу бо халқҳои дигар истода ба души худ зарбаи аввалини душманро қабул карданд.
Инчунин, Германияи фашистӣ бо мақсади дар зудтарин фурсат ишғол намудани тамоми хоки Шӯравӣ 2-юми октябр соли 1941 шаҳри Москваро муҳосира намуд.
Ҳамин тавр дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддасе истода буд, ки шаҳри Москва ҳимоя карда шавад. Дар чунин вазъияти душвор ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник А.Ставенков роҳбарӣ мекард. Ҳамин тавр то охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳо нишон дода, зиёда аз 150-нафарашон бо ордену медалҳо соҳиб гардиданд. Аввалин ордени Ленинро тоҷикписар М. Иброҳимов барои нест кардани 6-танку 16 БТР-и душман соҳиб гардид. Номи дигар фидоиёни Ватан: Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, И.Обидов, А.Очилов, инчунин зани тоҷикистонӣ Нина Лабковская дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд.
Муҳорибаи Сталинград бошад, калонтарин муҳорибаи тақдирсоз дар рафти Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ буд. Вай 200-шабонарӯз давом карда дар амалиётҳои он 237-дивизияи фашизм равона шуда буд. Даҳҳо ҳазор бомбаву мина ба сари ин шаҳр фаромада, аксари муассисаҳои мактабӣ ва хонаҳои истиқоматиро хароб намуданд.
Дивизияи 61-уми кӯҳгарди Тоҷикистон низ дар баробари дигар аскарони Шӯравӣ ба ҳимояи Сталинград рафт. Аз 19-уми ноябр ҳуҷуми марговари аскарони Шӯравӣ оғоз ёфт. Танҳо бо дасти ҷанговарони тоҷикистонӣ дар ин муҳориба 3500 нафар аскар, 8 самолёт зиёда аз 40 танк, 46 туп, 40 пулемёт, 300 автомашинаи душман нест гардиданд. Барои ҷасорат нишон додан дар ин муҳориба 527 нафар аскарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар қатори онҳо М.Холматов, Р.Анваров, А.Сулаймонов ва дигар ҷавонмардон буданд, ки дар саҳифаи таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақоми махсусро ишғол доранд.
Муҳорибаи дигар дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо номи муҳорибаи шаҳрҳои Курск ва Орёл буда, дар санаи 5-уми июни соли 1943 ба вуқӯъ пайваст, ки дар онҳо аз ҳарду тараф 2 млн. ҷанговарон иштирок намудаанд. Ҷанговарони тоҷик дар ин муҳориба қаҳрамонӣ нишон додаанд. Аз ҷумла, дастаи ҷангии Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев новобаста аз ҷароҳат бардоштан, шуҷоат нишон дода, унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро соҳиб гардидаанд.
Саҳифаи дигари мураккаби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин муҳорибаҳо барои гузаштан аз дарёи Днепр мебошад, ки тирамоҳи соли 1943 рӯй додааст. Дар ин набардҳо барои нишон додани ҷасорат ва мардонагӣ ба якчанд ҷанговарони тоҷикистонӣ Д.Азизов, Ҳ.Қосимов, К.Қаюмов, И.Ёқубов ва дигарон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро соҳиб гардиданд.
Инчунин, фарзандони баруманд ва меҳандӯсти тоҷикистонӣ: Г.Назаров, Ш.Исоев, Ш.Ибрагимов, Т.Одилов ва Туйчӣ Эйҷигитов, ки дар муҳорибаҳои назди Балтика, шаҳри Ленинград ва Волохов шуҷоат нишон доданд, сазовори қадршиносӣ гардидаанд.
Дар мубориза баҳри озодии Латвия, Полша, Чеховсловакия, Украина ва Берлин бошад, фиристодагони тоҷикистонӣ: Ч.Урозов, И.Шарипов, Ф.Аҳмадов, Н.Балакин, А.Гардеев барои корнамоиҳои бемислашон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сазовор гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари дигар табақаҳои ҷамъиятӣ ва касбу кори мухталиф 1492 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоxикистон низ ба ҳимояи Ватан бархостанд, ки чор нафари онҳо, аз ҷумла Недашивин Веньямин Григорьевич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзоев Магамет Ховаджи, Новосельцев Михаил Иванович унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сазовор гардидаанд. Ҳамзамон зикр намудан зарур аст, ки милитсияи Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ҳолати вазнини фаъолият рӯ ба рӯ гардид. Чунки вазъи сиёсии мураккаб, сафарбарнамоии наваскарон, назорати вазъи сиёсӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии унсурҳои гуногуни ҷинояткорӣ, аз ҷумла дастгир ва безарар гардонидани дастаҳои навзуҳури муташаккили ҷинояткорӣ, дуздии моликияти ҷамъиятиву давлатӣ ва дигар падидаҳои номатлуби хоси замони ҷангӣ барои милитсияи Тоҷикистон мураккабиҳои хосро ба вуҷуд оварда буданд. Аммо милитсияи Тоҷикистон тавонист, ки аз иҷрои чунин вазифаҳо бо сарбаландӣ баромада, барои насли имрӯзи мақомот таҷрибаи мактаби ҷавонмардиро боқӣ гузорад.

Хулоса, натиҷаи чунин шуҷоату мардонагии мардумони Шӯравӣ буд, ки урдуи мағлубнашавандаи гитлерӣ 8-уми майи соли 1945 мағлубияти худро қабул кард.
Ғалабаи инсоният дар Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, динӣ ва мансубияти қавмиву нажодӣ, миллатҳо ва халқҳои гуногуни олам бо иттиҳоду ягонагӣ тавонистанд, ваҳшонияти фашизмро дар миқёси сайёра аз байн баранд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон низ чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёд дод. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони он барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд, қариб 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар соҳиби пурраи ордени «Шараф» гардидаанд.
Вобаста ба шароит ва вазъияти иҷтимоӣ ҳар насл дар назди таърих бо кору рафтор ва фаъолияти худ нақш мегузорад. Насли гузаштаи мо, алалхусус собиқадорони ҷангу меҳнат, бунёдгузорони мактаби бузурги одамият буда, бо масъулияти маънавию ахлоқӣ ва ҷонфидоиҳои худ баҳри Ватан барои ҷавонон намунаи ибрат мебошанд. Аз ин хотир мо насли имрӯзи ҷомеа, қарзи худ мешуморем, ки хотираи неки чунин шахсиятҳои сарсупурдаи Ватанро пос дорем. Хизматҳои шарафмандонаву корнамоиҳои таърихии онҳо ҳаргиз аз ёдҳо нахоҳад рафт ва анъанаҳои қаҳрамониву фидокориҳояшон аз насл ба насл идома хоҳад ёфт.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...